Дар бинои маъмурии ҳокимияти ноҳияи Бағдод барои пурмазмун ва самаранок гузаронидани вақти холии кормандон ва таблиғи васеъи фарҳанги мутолиа «Гӯшаи маънавӣ» таъсис дода шуд.
Ин макон ба гуфтаи масъулон ҳамчун манбаи маънавӣ хидмат карда, тафаккур ва маърифати кормандони ҳокимиятро боло мебарад.
Ҳокими ноҳия Ғаниҷон Солиев ин ташаббусро як қадами муҳим дар тарғиби китобу китобхонӣ, мутолиаи маҷаллаву рӯзнома ва бедор намудани шавқу завқи кормандон дар шароити муосир меҳисобад.
Ба гуфтаи ӯ намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳонӣ ва миллии мо, рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар ин гӯша ҷойгиранд, барои кормандони фарҳангдӯст як туҳфаи арзишманданд. Ин макон, ки шоҳасарҳои адабиёти ӯзбек ва ҷаҳонро низ дар бар мегирад, ҳар кормандро ба мутолиа даъват мекунад. Албатта, ҳар як китоб як ҷаҳони нав, як андешаи нав, як хулосаи нав аст. Зеро ҷаҳонбинии шахсе, ки китоб мехонад, васеъ мешавад, тафаккури ӯ амиқтар мегардад ва ҷаҳони маънавии ӯ ташаккул меёбад.
Ин маркази хурди маънавӣ, ки мувофиқи талаботи замон бо завқи хосу диди баланд муҷаҳҳаз шудааст, на танҳо аз ҷиҳати ташкил, балки аз ҷиҳати мундариҷа низ бой аст.
Маблағе, ки барои гӯшаи маънавӣ харҷ шудааст, аз ҷониби кормандон ҳамчун сармоягузории шоиста дар роҳи дониш ва маърифат қабул гардидааст. Зеро таваҷҷуҳ ба маънавият заминаи рушди устувори оянда мебошад.
– Дар ҷомеае, ки китобхонӣ рушд мекунад, тафаккур баланд мешавад, расидан ба ҳадафҳо осон мегардад ва натиҷаҳо бештар баракат меоранд, – мегӯяд роҳбари ноҳия.
Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.