«Машварати пирон» чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

Президент Ш. Мирзиёев дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон гуфта буд: «Маҳалла инкишоф ёбад, тамоми мамлакат инкишоф хоҳад ёфт».

Бо ҳамин мақсад соли 2026-ум «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон шуд.

«Мо мақсадҳои пешгузоштаамонро танҳо худамон, бо такя ба таҷрибаи бузурги ҳаётии раисон ва фаъолони маҳаллаҳо, пирони соҳибэҳтиром, хоҳарон, ҷавонони серғайрат, зиёиён, соҳибкорони пурдон, посбонҳои Ватан, хулоса, бо тамоми халқамон якҷо татбиқ менамоем», – таъкид кард сарвари давлат.

Мардуми мо беҳуда нагуфтаанд: «Бе пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ».

Имрӯз дар мамлакати мо куҳансолон мақому эътибори ҷудогона доранд, онҳо баҳри рӯйи об баромадани нақшу орзуҳоямон саҳм мегузоранд. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ба тарзи ҷамоатӣ амал кардани вазифаи мушовири раис оид ба кор бо куҳансолон ва собиқадорони меҳнат бесабаб нест. Он ба мақсади инкишоф додани фаъолияти иҷтимоии куҳансолон дар ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст. Суҳбати мо бо раиси шуъбаи Бунёди «Нуронӣ» дар вилояти Бухоро Самоиддин Ҳусейнов дар атрофи ҳамин масъалаҳо сурат гирифт.

– Муҳтарам Самоиддин Қосимович, алҳол, ки «Муроҷиатнома»-и сарвари давлат, ислоҳот-пешравиҳои ҳамаи соҳаҳои мамлакат халқи моро хеле рӯҳбаланд кардаанд, дар ин бобат чӣ метавонед гуфт?

– Дар паси ҳар як комёбӣ, ки ба даст меояду дар Муроҷиатнома низ таъкид шуд, ғамхорию эътибори давлату ҳукумат нисбати халқ ҳувайдост. Сарвари давлат «Аз ҳама муҳимаш, самараи ислоҳоти моро ҳар як маҳалла, ҳар як хонавода ва ҳар як инсон дар рӯзгори ҳамарӯзааш эҳсос менамояд» гуфт, ки ҳақ бар ҷониб аст. Инро дар ҳаёти куҳансолони вилояти мо низ метавон мушоҳида кард.

– Дар бораи сохтори шуъбаи вилоятии Бунёди «Нуронӣ» ва натиҷаҳои фаъолияти он чанд сухан мегуфтед.

– Ҳоло дар вилоят 245021 шаҳрвандони синни нафақа ҳастанд, ки 27 нафари онҳо пирони 100-сола ва аз он боло 4 собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон, 101 собиқадори меҳнати ақибгоҳ, 861 нафар пирони танҳо ва муҳтоҷи саробон мебошанд. Мо бобати ҳифзи манфиатҳои куҳансолон, барои ба онҳо фароҳам овардани шароити қулайи зиндагӣ, бартараф намудани муаммоҳояшон ба иқтидори 13 шуъбаи шаҳрию ноҳиявии Бунёди «Нуронӣ», инчунин ба аъзои гурӯҳи «Машварати пирон»-и назди 516 маҳалла такя мекунем. Вазифаҳои пешистодаро дар асоси нақша ва низом татбиқ намуда, соли 2025 ба комёбиҳо ноил гардидем.

– Фикр мекунам, нақши гурӯҳи «Машварати пирон» барои омӯхтан ва бартараф сохтани масъалаҳои куҳансолон, истифода аз таҷрибаи ғании онҳо бобати беҳбуди муҳити иҷтимоию маънавии оила, маҳалла, тарбияи ҷавонон, таъмини иштироки фаъолонаи эшон дар ҷараёни ислоҳот, ки асоси фаъолияти гурӯҳро ташкил мекунад, махсус аст?

– Бале, ғайр аз ҳамаи ин, гурӯҳ боз вазифаҳои зиёд дорад. Назорати ҷамоатӣ бобати иҷрои қарорҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои куҳансолон, барномаҳои давлатӣ, ҳалли мусбати масъалаҳо вобаста ба манфиатҳои аҳолӣ, назорати ҷараёни кор бино бар амалӣ гаштани талабу муроҷиатҳои онҳо, аз қабили расондани хидмати коммуналӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ аз болоравии сунъии нархҳои хӯрокворӣ, доруву дармон, давомоти донишомӯзон дар мактаб, фаъолияти соҳибкорӣ, таъминот бо кор, истифодабарӣ аз қитъаҳои наздиҳавлӣ, ободгардонии маҳалла, солимгардонии вазъи экологӣ, корҳо вобаста ба иҷрои лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», дар муассисаҳои таълимӣ татбиқ намудани тамоюли «Ду забон ва як касб», афзун гардидани шуурнокӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон, бо роҳи ба таълимгоҳҳои ҳудуд вобаста кардани аъзои гурӯҳ зиёд кардани масъулияти падару модарон бобати тарбияи фарзанд, амалӣ гардондани тадбирҳои тарғиботии «Маърифат – алайҳи ҷаҳолат» ва ғайра  аз ҷумлаи вазифаҳои аъзои гурӯҳи «Машварати пирон» мебошанд.

– Тавре гуфтед, соли гузашта барои куҳансолони вилоят низ соли комёбиҳо буд.

– Оре, мувофиқи тамоюли «Як нуронӣ ба даҳ ҷавон масъул» 8669 ҷавон ба 977 куҳансол вобаста гардида, бо онҳо мулоқоту суҳбатҳои пурмазмун ба амал омаданд. Баробари ин, собиқадорони меҳнат бобати ба касбу кор водор кардани ҷавонони муваққатан бекор, соҳиби шуғл шудани онҳо, муътадил гардондани муҳити ноороми оилаҳо, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонони ба ҷиноят майлдошта азму кӯшиш карда, аз ҷойи кор ва таълимгоҳи онон пайваста хабардор шуданд. Дар натиҷа 522 нафар писару духтарон бо шуғл фаро гирифта, 2647 нафар ба омӯхтани касб ҷалб шуданд, 924 ҷавоне, ки дар рӯйхати профилактика қарор доштанд, аз рӯйхат баромаданд ва ҷамъан 9271 нафар писару духтарон аз тоифаи ҷавонони муаммодор соқит гардиданд.

Бо саъю кӯшиши аъзои «Мактаби бибиҷонҳо» ба 428 муассисаи таълими томактабӣ 1284 модаркалон ҷалб гардиданд.

Ба 464 мактаби таълими умумӣ 1394 нафар, ба 47 омӯзишгоҳи касбу ҳунар 235, ба 11 муассисаи таълими олӣ 55 куҳансол вобаста шуда, корҳои самарабахш ба сомон расиданд. Ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе соати «Маърифати куҳансолон» гузаронида, дар онҳо суханронӣ ва панду ҳикмати пирони баобрӯйи ҳудуд шунида шуданд. Ҷавонон ба пурсишҳои худ ҷавобҳои боэътимод гирифтанд.

Мувофиқи барномаи «Аз камбағалӣ ба фаровонҳолӣ» дар нимаи дуюми соли гузашта 1548 нафар куҳансолонро ба 7272 оилаи нодор вобаста намудем. Ба 1530 нафар фаъол мувофиқи шартнома тӯли моҳҳои август, сентябр, октябр, ноябр, дар маҷмуъ 4 миллиарду 794 миллиону 64 ҳазор сӯм маблағ дода шуд.

Давоми соли гузашта 3869 «Вохӯрии се насл» ба амал омад ва дар он беш аз 66455 нафар иштирок карданд. Дар тадбир зиёиён, кормандони соҳаи маданият ва маънавият, куҳансолоне, ки соҳиби мукофоти давлатӣ шудаанд, ҷавонони фаъолу пешқадам иштирок карданд.

Ба масъалаҳои солимгардонӣ ва истироҳати куҳансолон эътибори ҷудогона дода мешавад. Моҳҳои май-декабри соли 2025 мувофиқи қарори Президент аз 11 марти соли 2023-юм 61 шаҳрванди бесаробон дар сиҳҳатгоҳҳои «Ҷӯизар» ва «Бухоро» саломатиашонро барқарор карданд. Ба ин мақсад, 152,5 млн. сӯм маблағи шуъбаи вилоятии Бунёди «Нуронӣ» харҷ гардид. Моҳи ноябр дар «Моҳонаи сайёҳии куҳансолон» садҳо шаҳрвандон ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Хива, Шаҳрисабз ва ба ҷойҳои ҷолиби диққати вилояти худамон сафар карданд.

Аз ҷумла, 100 нафар роҳбари фаъоли гурӯҳи «Машварати пирон» ва аъзои фаъоли «Мактаби бибиҷонҳо», 150 нафар нобино, маълӯл ва собиқадорони ҷанги афғон ба шаҳри Самарқанд саёҳат карданд. Ҳамин тариқ, тӯли сол беш аз 127 ҳазор нафар пирон дар доираи сайёҳии дохилӣ ва 103840 нафар куҳансол ба зиёратгоҳҳо ва ҷойҳои дидании ҷумҳурӣ сафар намуданд. Ба мақсади кӯмакрасонӣ ба куҳансолон аз ҳисоби ҷавонони ташаббускор гурӯҳҳо созмон дода шудаанд, ки дар ҷараёни ин корҳо мадад мерасонанд. Бо азму кӯшиши куҳансолони фаъол 2738 назорати ҷамоатӣ сурат гирифта, ба шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ 379 масъала ворид карда шуд.

Дар доираи Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» барои ободкунии қабристонҳо, кӯчаҳои маҳалла, сабзу хуррамгардондани ҳудуд дар қатори «Ҳафтгона»-и маҳалла аъзои гурӯҳи «Машварати пирон» низ иштироки фаъолона доранд.

Танҳо соли гузашта 60 нафар куҳансоли пешқадами вилоят соҳиби нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» гардиданд.

– Дар бораи моҳияти қарори муштараки Бунёди «Нуронӣ» ва Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон чанд сухан мегуфтед.

– Ин қарори муҳим, ки 30 январи соли ҷорӣ таҳти унвони «Дар бораи таъмин кардани фаъолияти бонизоми ҳамкориҳои раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла, мушовири вай оид ба корҳои куҳансолон ва собиқадорони меҳнат – «Ҳафтгонаи маҳалла», гурӯҳи «Машварати пирон» бобати боз ҳам самараноктар ташкил кардани фаъолияти маҳаллаҳо баррасӣ гардид, ҷиҳати болоравии сифати кор аҳамияти махсус дорад. Бояд таъкид намуд, ки моҳияти қарор дар номи он ифода ёфтааст. Он «Ҳафтгонаи маҳалла» ва куҳансолонро водор месозад, ки бобати рӯйи об баровардани орзуву умед, ниятҳои некамон ҳамкорӣ кунанд.

– Дар соли 2026 чӣ гуна нақшаҳо доред?

– Дар «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» ба мақсади пешбурди ҷараёни ин корҳо, амалӣ гардондани ислоҳот нақшаи тадбирҳои худро таҳия кардаем. Ба қарибӣ дар ҷамъомади васеъ бо иштироки роҳбарони гурӯҳи «Машварати пирон», «Мактаби бибиҷонҳо» ва куҳансолони фаъол ин нақшаҳоямонро муҳокима кардем. Бурду бохти фаъолиятамон дар соли 2025 таҳлил гардида, роҳҳои бартараф сохтани камбудиҳо муайян карда шуданд. Мақсад гузоштем, ки дар соли 2026 ҷараёни корҳои маънавию маърифатиро вусъат диҳем. Ният дорем, дар ҳамкорӣ бо ширкати телевизион ва радиои вилоят, воситаҳои ахбори оммавӣ таҳти унвонҳои «Асрори аҳлӣ», «Роҳ сӯйи пирии бадавлат», «Вохӯрии се насл» барномаҳо таҳия намуда, матолибу мақолаҳо интишор созем.

Баробари ин бо мақсади ба ҷавонон нишон додани рӯзгори ибратбахши шахсони обрӯманди вилоят китоби хотиравии «Ситорагони замини Бухоро»-ро ба нашр омода менамоем. Насиб бошад, ин китоб дар арафаи Иди истиқлол дастраси мардум мегардад.

Нақшаҳоямон зиёданд, барои амалӣ шудани онҳо куҳансолони вилоят донишу таҷриба, иқтидору ғайрати кофӣ доранд. Аз ин рӯ, бовар дорем, ки дар соли 2026 комёбиҳоямон боз бештару беҳтар мешаванд.

– Барои суҳбати муфассал ташаккур.

– Саломат бошед.

Суҳбаторо Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: