Дар дасторхони ифтор – нигоҳ дор меъёр!

Моҳи мубораки Рамазон барои аҳли мусалмон на танҳо айёми ибодат, балки давраи озмоиши ҷисм низ мебошад.

 Пас аз рӯзадорӣ ифтор фаро мерасад. Суоле бар миён меояд, ки оё мо ифторро танҳо барои ғизохӯрӣ мегузаронем ё барои беҳбудии саломатӣ?

Мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки пас аз гуруснагии тӯлонӣ якбора ва зиёд хӯрдан хатост. Ин амал метавонад ба кори дил, фишори хун таъсири манфӣ расонда, ҳатто бемориҳои ҳозимаро ба вуҷуд меорад.

– Ифторро бо хурмо ва об оғоз кардан на танҳо суннат, балки аз нигоҳи физиология низ дуруст аст. Хурмо дорои карбогидратҳои зудҳазм буда, сатҳи глюкозаро тадриҷан боло мебарад ва эҳсоси хастагиро кам мекунад. Об бошад, талафи моеъро ҷуброн намуда, гардиши хунро муътадил месозад, баъди хурмо ва об бояд чанд дақиқа танаффус гирифт. Ин фурсат ба меъда имконият медиҳад, ки ба қабули ғизои асосӣ омода гардад.

Таоми обакӣ ва гарм, ба мисли шӯрбои сабзавотӣ меъдаро фаъол месозад ва фаъолияти системаи ҳозимаро хуб мегардонад. Баръакс, таомҳои хеле равғанин ва бирён метавонанд боиси вазнинӣ, дарди меъда ва хастагӣ гарданд, – мегӯяд дар рафти суҳбат шифокори поликлиникаи оилавии рақами 48-уми ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд Ёрқиной Тошпӯлатова.

– Чаро меъёр муҳимтарин қоидаи ифтор ба ҳисоб меравад?

– Меъёр муҳимтарин қоидаи ифтор аст. Пас аз як рӯзи парҳез, организм ба ғизои аз ҳад зиёд омода нест. Пурхӯрӣ метавонад боиси баландшавии ногаҳонии фишори хун, вазнинӣ дар меъда, халал дар хоб, зиёдшавии вазн гардад.

– Дар вақти ифтор мо бояд чиро истеъмол кунем, то ки меъдаи моро азият надиҳад?

– Меваҳои тару тоза организмро бо витаминҳо таъмин мекунанд. Сабзавотҳо фаъолияти рӯдаву меъдаро беҳтар месозанд. Чормағз ва меваҳои хушк манбаи равғанҳои солим ва энергия мебошанд. Тавсия дода мешавад, ки ғизои солим низ бояд мувофиқи меъёр истифода шавад.

– Фосилаи беҳтарини байни ифтор ва хоб чанд соат бояд бошад?

– Тавсия мешавад, ки байни хӯроки асосӣ ва хоб ҳадди ақал 1,5-2 соат фосила бошад. Агар инсон баъди ифтор фавран бихобад, ҳалли он суст мешавад, эҳсоси вазнинӣ ва дард кардани меъда пайдо мешавад.

– Аломатҳои норасоии об дар организм кадомҳоянд?

– Яке аз мушкилоти маъмул дар моҳи Рамазон норасоии об аст, ки байни ифтор ва саҳар об ба миқдори кофӣ бояд кам-кам нӯшида шавад, на кам аз 1,5-2 литр. Аммо нӯшокиҳои хеле ширин ва газноки зиёд зарар дорад.

Аломатҳои норасоии об боиси дилбеҳузурӣ, асабонӣ, бехобӣ, пастшавии фишори хун мегардад.

Рӯза фурсати ислоҳи тарзи истеъмоли таом мебошад. Кам кардани шириниҳои зиёдатӣ, парҳез аз равғани зиёд ва босаброна ғизо хӯрдан ба тарзи ҳаёти солим асос мегузорад.

Баъзеҳо дасторхони ифторро аз ҳад зиёд бо нозу неъматҳо пур мекунанд, ин ғайр аз худнамоӣ дигар амале нест. Агар мо ба дасторхони ифтор риоя кунем, рӯҳ ва ҷисми мо покиза мегардад.

Суҳбаторо Ш. ТӮЙНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: