Дар кишвари мо соҳаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, касбӣ ва таҳсилоти олӣ босуръат рушд мекунад.
Дар 2 соли охир якчанд қарори роҳбари давлат ва ҳукумат дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, оммавӣ кардани онҳо ва ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои дохил шудан ба таҳсилоти олӣ қабул гардиданд.
Имрӯзҳо дар шароити болоравии талабот ба сифати таҳсилот, нақши сохторҳои мустақили арзёбӣ бештар мегардад. Агентии арзёбии дониш ва тахассус ҳамчун ниҳоди калидӣ дар самти санҷишу баҳогузорӣ ва таъмини шаффофияти низоми қабул ба муассисаҳои таълимӣ фаъолият мебарад.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки Агентии арзёбии дониш ва тахассус нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини директорӣ Агентӣ Фарҳод Мирзоев дар бораи натиҷаҳои соли 2025 ва навовариҳои соҳа маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар соли 2025 Агентӣ тақрибан 50 намуди имтиҳонҳоро баргузор кард. Дар ин равандҳо беш аз 1 миллиону 800 ҳазор довталаб иштирок карданд. Ин нишондиҳандаҳо сатҳи баланди эътимод ва талаботро ба система нишон медиҳад. Ҳамчунин соли гузашта 111,057 нафар довталаб бо шаҳодатнома аз фанҳои таҳсилоти умумӣ ва 62,179 довталаб бо шаҳодатнома аз фанҳои забони хориҷӣ ҳуҷҷат пешниҳод карданд, ки нисбат ба соли 2024 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Барои арзёбии сатҳи дониши забонҳои хориҷӣ аз 15 фанни забони хориҷӣ имтиҳонҳои тахассусӣ гузаронида шуданд. Соли таҳсили гузашта дар 65 бино дар муддати 10 рӯз барои гузаронидани имтиҳонҳо шароити мусоид муҳайё гардид.
Тақрибан 45 000 супориши тестӣ аз 15 фанни таълими умумӣ, зиёда аз 4 000 тест ба забонҳои шарқ, инчунин забонҳои испанӣ ва итолиёвӣ, зиёда аз 17000 супориши тестӣ аз 35 фанни махсус таҳия ва санҷида шуданд. Таҳлили омории тақрибан 150 варианти санҷишӣ дар асоси назарияҳои санҷиши классикӣ ва муосири тестгузорӣ анҷом дода шуд.
Аз ҷониби Агентӣ намудҳои зерини имтиҳонҳои эътирофшудаи байналмилалӣ – Cambridge Engelsh Qualifications, Cambridge Teaching Qualifications, TOEFL, iBT, iTEP Akademie, O[ford Test of English, SAT, DELTA, CELTA гузаронида мешавад
Агентӣ дар тӯли фаъолияти худ бо як қатор созмонҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, аз ҷумла, «Press and Assessment University Cambridge», «Oxford AQA international Qualifications», Маркази миллии STEM дар донишгоҳи Йорк, Маркази имтиҳони Озорбойҷон, Маркази миллии тести Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар созмонҳои бонуфуз ҳамкорӣ мекунад.
– Конфронси байналмилалие, ки аз ҷониби Ангентӣ бо шарикони байналмилалӣ баргузор гардид, як марҳилаи муҳим барои рушди фаъолият буд. Чорабинӣ дар мавзӯи «Усулҳои назариявӣ ва амалӣ барои арзёбии дониш ва малакаҳо» ташкил шуда, тақрибан 30 намояндаи созмонҳои бонуфуз иштирок карданд. Дар ин чорабинӣ мо бо таҷрибаҳои байналмилалие, ки барои мо муҳиманд, шинос шудем, ҳамкорӣ ва вазифаҳои ояндаро муайян кардем, – гуфт ҳангоми суханронӣ роҳбари Депертаменти Агентӣ Ҷ. Нурматов
Дар чорабинӣ мутахассисони соҳа оиди навоварӣ ва тағйиротҳое, ки дар соли 2026 анҷом дода мешаванд, маълумот доданд. Аз рӯйи маълумотҳо баргузории имтиҳонҳои зиёде, аз ҷумла гузаронидани имтиҳонҳои миллии сертификатсия барои тақрибан 500 ҳазор довталаб барои арзёбии сатҳи дониш аз 9 фанни таҳсилоти умумӣ (биология, кимиё, математика, физика, таърих, ҷуғрофия, забони модарӣ, забони русӣ ва қароқалпоқӣ) дар назар аст.
Ташкил ва баргузории имтиҳонҳои қабули тақрибан 650 ҳазор нафар довталаб барои гирифтани дараҷаи бакалавр ба роҳ монда мешавад.
Ҷорӣ намудани формати бисёрсатҳаи (Мулти-левел) арзёбии дониши забонҳои хориҷӣ барои ҳамаи забонҳо, чинӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, урду, ҳиндӣ, уйғурӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, испанӣ ва итолиёвӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин таъкид гардид, ки бо ҷорӣ намудани имтиҳонҳои марказонидашуда ва технологияҳои рақамӣ, имконияти дахолати инсонӣ коҳиш ёфта, натиҷаҳо дақиқ ва одилона мегарданд.
Тағйироту навовариҳои пешниҳодшуда барои тақвияти минбаъдаи низоми шаффоф, одилона ва муосири баҳодиҳӣ заминаи боэътимод фароҳам меоваранд.
М. Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».