Нархҳои арзон ба муносибати Рамазон

Сарвари давлатамон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд, ки дар бозору дӯконҳои савдо нарху навои маҳсулоти озуқаворӣ боло наравад, шахсони камбизоат ва аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ дастгирӣ шаванд.

Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд дӯконҳои маводи озуқаворӣ бо нарху навои арзон ташкил ёфта, барои назорати  қатъӣ шахсони масъул ва идораҳои дахлдор вобаста шудаанд.

Хосатан аз таъмини устувории, нархи маводи ғизоӣ дар деҳқонбозори Сиёби шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои дурдасти Пахтачӣ, Қӯшработ ва Нуробод табъи аҳолӣ болида аст.

Яке аз соҳибкорони ноҳияи Ургут дар арафаи моҳи шарифи Рамазон тӯйи суннатии 25 оилаи камбизоатро ташкил карда, соҳиби ҳурмату эҳтиром ва дуои хайру неки мардум шуд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: