Миёни Тошканд ва Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият оғоз кард.
Ин масир ҳафтае ду маротиба аз ҳар ду самт мусофиркашонӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои расонаҳои кишвар, ҳаракати автобусҳо аз 25-уми феврал оғоз шуда, аз Тошканд рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 17:00 ва аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 13:00 ба роҳ мебароянд.
Давомнокии сафар дар ин масир тақрибан 15–17 соатро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни роҳ автобус дар шаҳраки Сариосиё таваққуф мекунад.
Гуфта мешавад, автобус бо ҷойҳои хоб муҷаҳҳаз буда, барои мусофирон шароити бароҳати сафар фароҳам меорад.
Нархи чипта 300 ҳазор сӯм (тақрибан 235 сомонӣ) муқаррар шудааст. Барои убури марз аз мусофирон шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад.
Интизор меравад, бо роҳандозии ин хатсайр равуои мардум миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон осонтар гардида, имкониятҳои сафар барои сокинон ва сайёҳон беҳтар шавад. Дар оянда вобаста ба талабот эҳтимоли зиёд шудани шумораи хатсайрҳо низ вуҷуд дорад.