Ҷопон харбузаи насли навро муаррифӣ кард

Маркази миллии тадқиқоти кишоварзии Ҷопон ва Донишгоҳи Цукуба навъи нави харбузаро офариданд, ки вақти пухтарасии онро метавон назорат кард, хабар медиҳад Kyodo.

Навъи нав барои ҳал намудани мушкилоти нигоҳдории кӯтоҳмуддат ва содироти маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Олимон генеро, ки барои истеҳсоли этилен — гормоне, ки раванди пухтарасиро оғоз мекунад — масъул аст, ғайрифаъол гардонданд. Дар натиҷа, мева то ду моҳ сахт ва сабз боқӣ мемонад.
Муҳаққиқон ният доранд навъи навро ба қайд гирифта, онро дар се соли наздик ба бозор бароранд.
Одатан харбуза аз баҳор то миёнаи тобистон ҷамъоварӣ мешавад. Пас аз ҷамъоварӣ, бо сабаби ҷудо шудани этилен он зуд мепазад, ки интиқоли онро ба масофаҳои дур мушкил мегардонад ва ҳангоми ҳамлу нақли баҳрӣ хавфи вайроншавиро зиёд мекунад.
Технологияи нав имкон медиҳад, ки меваҳои ҳанӯз напухта ба хориҷ фиристода шуда, баъдан бо этилен коркард гарданд, то ҳангоми ба дасти истеъмолкунанда расидан пурра пухта шаванд. Ин усул солҳои зиёд ҳангоми интиқоли банан истифода мешавад.
Ба харбузаҳои ҷопонӣ дар бозори хориҷӣ талабот зиёд аст. Тибқи маълумоти вазорати дахлдор, ҳаҷми содирот соли 2025 ба 1089 тонна расид, дар ҳоле ки соли 2015 ин нишондиҳанда 309 тонна буд.
Маҳсулот асосан ба Ҳонконг ва Сингапур фурӯхта мешавад ва интиқол ба ИМА ва Австралия аллакай оғоз ёфтааст, хабар медиҳад oz.inform.kz.

Муҳлати дарозтари нигоҳдорӣ логистикаро осон намуда, ба кам шудани партовҳои ғизоӣ мусоидат мекунад. Истеҳсолкунандагон ин технологияро қадами муҳим барои афзоиши талаботи дохилӣ ва густариши содирот мешуморанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: