Дар доираи иҷрои супоришҳои Президент дар вилояти Сурхондарё, донишҷӯёни болаёқати бахши меъморӣ ва сохтмон, пас аз вобаста гардидан ба 114 маҳаллаи ночор, бо кумаки мутахассисон барои рушди ҳамаҷонибаи қитъаҳо нақшаҳои маҳорат таҳия карданд.
Бо ин мақсад ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов дар маҳаллаи «Абдураҳмони Ҷомӣ»-и шаҳри Тирмиз қарор гирифта, бо муаррифии лоиҳаҳои маҳаллаҳои «Абдураҳмони Ҷомӣ» ва «Ҷӯйҷангал», ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва агротехнологияҳои Тирмиз бино ба роҳнамоии устодонашон дар асоси муҳокимаҳои қаблӣ таҳия кардаанд, шинос шуд.
Дар ҷараёни муаррифӣ ҳисобу пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани симои меъмории ҳудуд, навсозии роҳу нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ пешниҳод гардиданд.
Роҳбари вилоят барои марҳила ба марҳила татбиқ намудани корҳои дорои аҳамияти амалӣ дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамчунин дар доираи нақшаҳои маҳорат масъалаҳои беҳтарсозии роҳҳои дохилӣ, танзими низоми обҳои борону партов, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд алоҳида таъкид карда шуд.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.