Дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Тирмиз бо ташаббуси шуъбаҳои вилоятии Маркази таҳлилии ҷараёнҳои демократӣ ва Фонди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳузури Олий Маҷлис таҳти мавзӯи «Фаъолияти марказҳои милливу фарҳангӣ ва нақши онҳо дар рушди таҳаммулпазирии байни миллатҳо» суҳбати мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар чорабинӣ мутасаддиён, намояндагони марказҳои милливу фарҳангии тоҷикони вилоят ва навоҳии Бойсун, Деҳнав, Сариосиё, Узун, марказҳои милливу мадании рус, туркман ва мултонӣ-лӯлӣ, инчунин устоду шогирдони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ, намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Суҳбати мизи мудавварро роҳбари шуъбаи вилоятии Маркази таҳлилии ҷараёнҳои демократӣ Зебунисо Алимардонова ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон баҳри бунёди ҷамъияти ҳуқуқбунёду демократӣ беқиёс аст ва дар ин самт фаъолияти босамари марказҳои миллӣ-маданӣ низ шоистаи таҳсин мебошад. Таъкид кард, ки Ӯзбекистон давлати сермиллат буда, имрӯз ҳамаи халқу миллатҳои сокуни он аҳлона, дӯстона, бо ҳамгироиву ҳамбастагӣ зери ливои дӯстӣ осуда зиндагӣ доранд.
Раиси шуъбаи вилоятии Фонди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ Нуриддин Ҷумъаев дар мавзӯи «Дастгирӣ намудани марказҳои милливу фарҳангӣ – омили таҳкими ҳурмати байниҳамдигарӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар ҷамъият» баромад кард ва таъкид намуд, ки имрӯзҳо фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла, марказҳои милливу фарҳангӣ хеле босамар буда, дар баргузории ҳар як чорабиниву ҷашнҳои миллӣ саҳм мегузоранд. Фаъолияти марказҳо ҳоло хеле беҳтар шуда, аъзо ва фаъолон барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ пайваста талош менамоянд. Дастгирии ҳукумат ва Фонди ҷамоатӣ низ дар фаъолияти босамари онҳо қобили қайд буда, ҳар сол барои фаъолияти босамари онҳо чандин грантҳо ҷудо карда мешавад.
Раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё, профессори кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи донишгоҳ Рамазон Абдуллоев зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҳама халқу миллатҳои маскуни Ӯзбекистон дар фазои озоду ором чун дӯсту бародар, баробарҳуқуқу таҳаммулпазирона умр ба сар мебаранд. Ин ҳама дар партави сиёсати оқилона ва одилонаи Сарвари кишвар сурат мегирад. Вале мутаассифона, бо айби бархе ашхос баъзе ҳолатҳои нохуш ҳам ба чашм мерасанд, ки дилхиракунандаанд.
Муовини раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони ноҳияи Бойсун Кароматулло Каримов зимни баромад таъкид кард, ки дар деҳаи Дарбанд саросар тоҷикон умр ба сар мебаранд ва аз байни онҳо маорифпарварону маърифатдӯстони зиёд ба камол расидаанд, ки дар рушди соҳаи илму маърифати вилоят саҳми шоиста гузоштаанд. Пештар дар мактаби деҳа забони таълим тоҷикӣ буд, вале мутассифона, солҳои охир чунин мактабҳо кам мешаванд.
Инҷониб низ ба сухан баромада изҳори қаноатмандӣ намудам, ки сари масъалаи мактабу маориф бояд амиқтар андеша кард, чора ҷуст.
Дар идома дар бораи як қатор мушкилоти соҳа, чун кам гардидани теъдоди мактабҳои тоҷикӣ, мавҷуд набудани баъзе самтҳои тоҷикӣ дар муассисаҳои таълими олӣ ва боиси эътирози падару модарон гардидани он, аҳамияти донишандӯзӣ бо забони модарӣ ҷиҳати азхуд кардани дарсҳо, норасоии китобҳои дарсиву бадеӣ мулоҳизаҳои хешро баён кардам ва таъкид намудам, ки вақте сухан дар бораи тақдири фарзандонамон – ояндаи Ӯзбекистони Нав меравад, бояд аз ин камбудиҳо чашм напӯшем, рӯшод баён созем, роҳи ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ намоем.
– Набудани кӯдакистонҳои бачагона дар деҳаҳои тоҷикнишин масъалаи мубрам аст, – иброз дошт муовини Маркази милливу фарҳангии тоҷикони ноҳияи Деҳнав Саъдулло Зиёев. – Ман дар деҳаи тоҷикнишини Синаи ноҳия зиндагӣ мекунам. Барои фарзандони мо дар деҳа кӯдакистонҳо бо забони таълими тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Кӯдакон таҳсили томактабиро ба забони давлатӣ фаро гирифта, сипас таҳсилро дар мактабҳои тоҷикӣ идома медиҳанд. Ва ин ҳолат дар раванди омӯзиш барои онҳо мушкилоти муайян ба миён меорад. Хуб мешуд, ки мутасаддиён ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ҳалли он чораҳои амалӣ андешанд.
Раиси Марказҳои миллӣ-мадании рус Н.Фёдорова, раиси Маркази миллӣ-мадании мултонӣ-лӯлӣ Ф.Тӯраев низ дар мавриди масъалаҳои матраҳшуда ва мушкилоти мавҷудбудаи худ ибрози назар карданд.
Дар анҷом роҷеъ ба мизону меъёрҳои демократия аз ҷониби нотиқону музокирачиён андешаҳои ҷолиб ва таҳлилҳои мушаххас иброз гардиданд. Суҳбати мизи мудаввар дар фазои ошкорбаёнӣ ва шаффофият баргузор шуда, иштирокдорон масъалаҳоро озодона баррасӣ намуданд. З.Алимардонова низ вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда андешаҳои худро баён намуда, таъкид кард, ки барои расонидани пешниҳодҳо ба мутасаддиён ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳо кӯмак хоҳанд кард.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.