Дар маркази ноҳияи Қизилтепа бинои нави стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ба истифода дода шуд.
Бинои нав бо услуби замонавӣ бунёд гардида, мушкили мардум осон ва хидматрасонӣ ба беморон қулай имконпазир гардид. Бунёд ва ба истифода супоридани бинои нав имкон медиҳад, ки ба 166 ҳазор нафар шаҳрвандон зуд ва босифат ёрии тиббии таъҷилӣ расонида шавад.
Бино аз ду ошёна иборат буда, ба ҳисоби 1 миллиарду 396 миллион сӯм маблағи «Буҷаи ташаббус», ки шаҳрвандон зимни овоздиҳӣ ба даст овардаанд, бунёд гардид. Ин ҷо барои кормандони тиббӣ ва беморон шароит ва имкониятҳои мусоиди қабули беморон ва расонидани ёрии аввалин муҳайё гардидааст.
Стансия бо маҷмааи телекоммуникатсионӣ ва интернет, инчунин таҷҳизоти шабакаҳои алоқаи доимӣ ва техникӣ таҷҳизонида шудааст. Барои воситаҳои нақлиёти тиббӣ истгоҳи алоҳидаи майдони мошинҳо сохта шудааст.
Бригадаҳои ёрии фаврӣ бо компутер ва планшетҳо пурра таъмин шудааст. Бо ҷорӣ гардидани маҷмааҳои автоматикӣ вақти расидан ба ҷойи ҳодиса барои бригадаҳои ёрии тиббии таъҷилӣ аз 25-30 дақиқа то 10-15 дақиқа коҳиш ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки дар давоми 8 соли охир дар ноҳия шумораи марказҳои хидмати ёрии таъҷилии тиббӣ аз 818-то ба 1 680 ва бригадаҳои ёрии тиббии фаврӣ аз 1 648 ба 2 865-то афзудааст. Ин навсозӣ қадами муҳим барои беҳтар кардани хидматрасонии тиббии фаврӣ дар минтақа мебошад. Ҳар як ислоҳот ва навсозию бунёдкорӣ дар кишвар ба манфиати халқ, барои осудагиву осоиштагӣ ва фаровонии мардум нигаронида шудааст.
Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.