Донишҷӯи курси 3-юми факултаи биологияи Институти давлатии педагогии Тирмиз Феруза Тӯхтамуродова дастгоҳи инноватсиониро ихтироъ намуд.
Ин ихтироъ имкон медиҳад, ки заҳри каждум бидуни нобуд кардани ҷонвар гирифта шавад.
Дар солҳои охир, дар ҳоле ки ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории саратон зиёд шуда истодаанд, заҳри каждум дар тиб аҳамияти калон пайдо кардааст. Тибқи манбаъҳои илмӣ, моддаи хлоротоксин, ки дар таркиби заҳр мавҷуд аст, метавонад афзоиши ҳуҷайраҳои саратонро суст намояд, инчунин нейротоксинҳо дар табобати бемориҳои асаб истифода мешаванд.
Ҳамзамон, каждумҳо дар нигоҳ доштани мувозинати экологӣ низ нақши муҳим доранд.
Пештар баъди гирифтани заҳр каждумҳо одатан нобуд мешуданд. Дастгоҳи Феруза бошад, дар асоси усули электростимулятсия кор карда, имкон медиҳад аз як каждум чанд маротиба заҳр гирифта шавад.
Ин ихтироъ ба кам кардани норасоии биоматериалҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав дар саноати дорусозӣ мусоидат мекунад.
Тибқи маълумотҳо, нархи заҳри каждум дар хориҷа то 12 ҳазор доллар ва дар Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна тақрибан 5 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад.