Мошинҳои хидматӣ супорида шуданд

Дар асоси сиёсати халқпарварона, принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият, ки аз ҷониби Президент пешбарӣ мегардад, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва расонидани иттилои фаврию боэътимод ба аҳолӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок муайян гардидааст.

Дар доираи тадбирҳо дар ин самт, бо ташаббуси ҳокими вилояти Сурхондарё ба роҳбарони хадамоти иттилоотии ҳокимиятҳои шаҳру но-ҳияҳо – мушовирон оид ба забони давлатӣ мошинҳои хидматӣ супорида шуд.

Ин иқдом барои боз ҳам самаранок ташкил намудани фаъолияти хадамоти иттилоотӣ дар минтақаҳо мусоидат мекунад. Он имконият фароҳам меорад, ки иттилооти саривақтӣ ва беғараз дар бораи ислоҳоти амалишаванда, лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва раванди баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон омода ва пешниҳод гардад.

Акнун намояндагони хадамоти иттилоотӣ метавонанд бештар ба маҳалҳо бароянд, муколамаи ошкоро бо ҷомеаро тақвият диҳанд ва вазифаҳоро дар самти таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ беш аз пеш амалӣ намоянд.

Сурайё НОРМАНӢ. Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: