«Соктаре» ба мавзеи «Ӯзбекистони Нав» табдил меёбад

  • «Соктаре» ба мавзеи «Ӯзбекистони Нав» табдил меёбад
  • «Соктаре» ба мавзеи «Ӯзбекистони Нав» табдил меёбад
  • «Соктаре» ба мавзеи «Ӯзбекистони Нав» табдил меёбад

Мувофиқи қарори Президент аз 8 октябри соли 2025 «Дар бораи чораю тадбирҳои ба намунавитарин ҳудуди зиндагӣ ва фаъолияти соҳибкории аҳолӣ табдил додани ноҳия (шаҳр) ва маҳаллаҳои ҷудогона» дар вилояти Бухоро 35-то маҳалла мақомоти маҳаллаи қиёфаи «Ӯзбекистони Нав»-ро гирифта барои ҳар яки онҳо 5 миллиард сӯмӣ пул ҷудо карда мешавад.

 Ин маблағ бобати беҳтаршавии тарзи зиндагии аҳолӣ ва фаъолияти соҳибкории вай, инчунин ҳамчун маскани обод ташаккул ёфта ба маҳаллаи намунавӣ табдил ёфтани ҳудуд хидмат мекунад.

Ҷамоати шаҳрвандони «Соктаре» низ аз ҷумлаи мавзеъҳои дорои симои «Ӯзбекистони Нав» интихобшудаи ноҳияи Ғиждувон ба шумор меравад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин маҳалла ҳамчун маркази бо ҳам васлшавии маҳаллаҳои ҳамсоя аҳамиятнок буда, аҳолиаш зиёд ва зич ҷойгир шудааст. Аз ин рӯ, баҳри рушдёбии соҳибкорӣ инфрасохтори ҳудуд ниёзманди дастгирӣ ва имконияту шароитҳои иловагӣ мебошад.

Ба қарибӣ ҳокими вилоят ба маҳалла ташриф оварда, бо ҷараёни иҷрои қарори сарвари давлат дар ҳудуд шинос шуд. Дар айни замон нақшаҳои пешистода ба аҳолӣ маънидод гардида, таклифу мулоҳизаҳои эшон шунида шуд. Ҳоким моҳияти ташаббусҳои Президентро фаҳмонда, зарур будани ҳамҷиҳатию ташаббусҳои аҳолиро таъкид кард.

Инчунин, бо лоиҳаи таъмири Хона-музейи С.Айнӣ шинос шуда, ба мутасаддиён маслиҳатҳо дод. Хидматҳои Устод Айнӣ, саҳми ӯ ба адабиёти ҷадидӣ таъкид ёфт.

Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: