«Нонро хор макун, вагарна кӯр мешавӣ...»

Рӯзе ба дӯкони нон, ки дар ҳамон ҷо пухта ба фурӯш мебароранд, даромадам.

– Додар, ду дона нон диҳед, – гуфтам ба нонпаз ва пули нонро дароз кардам.

– Холаҷон, пулатон лозим не, мо ҳар рӯзи ҷумъа ба мардум дутоӣ нон хайр мекунем. Ба роҳи Худо эҳсон намоем, баракаи корамонро медиҳад. Як дуо кунед кифоя, – гуфт нонпаз. 

– Ташаккур, эҳсони шумо қабул гардад, – гуфтам ва ҳангоми баромадан шунидам, ки онҳо ба якдигар тоҷикӣ ҳарф мезананд. 

Бо онҳо суҳбат оростам. Нонпаз, ки худро Баҳромҷон Йӯлдошев муаррифӣ намуд, аз ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон будааст.

– Ин касб аз падару бобоҳоямон мерос. Аз паси ҳамин касби ҳалол оилаамонро таъмин менамоем. Ба ягон чиз муҳтоҷ нестем, ҳавлӣ, боғ, автомобил ва дигар каму кости зиндагиро муҳайё месозем. Фарзандонро мехононем, тӯю ид ва дигар маросимҳоро мегузаронем. Рӯзе якуним ҳазор ва баъзан зиёдтар нон мепазем. Фармоиши аҳолиро ба тӯй, чорабинӣ ва тантанаҳои оилавиашон иҷро мекунем, – гуфт Баҳромҷон.  

Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ фармудааст:

То ранҷ таҳаммул накунӣ, ганҷ набинӣ,
То шаб наравад, рӯз падидор набошад.

Дар хусуси муқаддас ва гиромидошти нон бисёр гуфтаему навиштаем. Аммо ҳастанд ҷавононе, ки ба ин неъмати азиз беҳурматона муносибат мекунанд.  

Муҳимтарин чизе, ки дар зиндагӣ ва ҳаёт барои ҳар инсон зарур аст, ин нон мебошад. Нон нури чашму қуввати дили инсон аст. Нон неъмати нодирест, ки бе вай ҳаёт нест. Аҷдоди мо ҳазорсолаҳо инҷониб нонро аз ҳамаи неъматҳо болотар мегузоштанд, ҳар як резаи онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарданд, азизу муътабар медонистанд. Ҳар як резаи онро аз замин бардошта, бӯсакунон ба чашм мемолиданд, ки ин урфу одати ниёгонамон аз насл ба насл то ба имрӯз омадааст. Дар гузаштаи дур қимати нон ончунон баланд буд, ки ҳатто барои собит кардани ҳақиқат «нон занад», «нон кӯр кунад» гуфта қасам мехӯрданд. Касе, ки нонро хор кунад, огоҳ мекарданд, ки «нонро хор макун, вагарна кӯр мешавӣ». Занон агар ба меҳмонӣ раванд, пеш аз ҳама нон мегирифтанд, зеро ягон туҳфаро аз нон бештар азиз намедонистанд. Мизбон меҳмони олиқадрро бо нон пешвоз мегирифт. Мардум нонро ҳифзкунанда аз бало медонистанд, ба ҷое рафтанӣ шаванд, албатта, ҳамроҳ нон мегирифтанд. Дар гаҳвора модарон зери болини кӯдакашон нон мегузоранд. Мардум аз рӯйи дасторхон нонрезаҳоро чида мехӯрданд – ҳамаи ин ҳисси эҳтиром нисбати нон аст. Дар ҳадисе омадааст «Ҳар касе, ки хӯрад резаи нон аз дасторхон, ризқаш фарох гардида, ҷаҳл ва нодонӣ аз ӯ ва фарзандонаш дур мегардад».

– Ривоят мекунанд, ки шахсе шутурсавор аз як шаҳр ба шаҳри дигар мерафт. Дар роҳ ҳангоми нон хӯрдан, ба замин як резаи онро афтонд. Он шахс аз шутур фаромада нонрезаро кофт, аммо ёфта натавонист. Ниҳоят гирди онро девор кард, то ки нонреза ба зери пойи касе намонад. Аз ҳамон вақт мақоли «Нон ҳам нону нонреза ҳам нон» боқӣ мондааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи мо дар қатори дигар халқҳо азоби гуруснагиро кашидаанд. Як бурида нон намеёфтанд, ки хӯранд. Одамон ба ҷойи нон решаҳои гиёҳро ҷӯшонида хӯрдаанд. Садҳо одамон аз гуруснагӣ ҷон додаанд. Хушбахтона, мо ин рӯзҳоро надидаем. Дар даврони мо нон фаровон аст.

Аммо сад дареғ, ки баъзе бачаҳои имрӯза нонро чун пешиниён эҳтиёт намекунанд, буридаи онро то охир намехӯранд. Нони дурӯзаю серӯзаро як тараф тела медиҳанд. Ҳар доим нони гарму нарм мехоҳанд. Дар партовҷойҳо халта-халта нонҳои қоқу бурида мехобанд, ки ин ниҳоят убол аст, – мегӯяд дар суҳбат Дилороммомои пурдида аз деҳаи Заркенти ноҳияи Паркент.

Дар ҳамин ҷо лозим донистам, ки лаҳзаеро аз айёми бачагӣ ба ёд биёрам. Рӯзе бо аҳли оила – падару модар ва бародару хоҳарон субҳона мехӯрдем. Дар рӯйи дасторхон чормағзу мавиз, мураббоҳои мухталиф, ки модарам аз меваҳои боғ омода мекард, равғану қаймоқ муҳайё буд. Модарам дар косаҳо шир овард ва гуфт, ки нон пора карда хӯрем. Ҳама ба косаҳо нон пора кардем. Бародарам бошад, ширро ҳӯрт-ҳӯрт карда меошомид.

– Барои чӣ нон пора намекунӣ, – гуфт падарам.

– Нонҳо сахт, нони мулойим мехоҳам, – ҷавоб дод бародарам.

– Писарам, хамир ҷӯлидам, ҳамин замон нони гарм мепазам. Нони сахтро ҳам пора кунӣ, нарм мешавад, – ҳозирҷавобӣ кард модарам.

Падарам хомӯш буд. Баъди тановули субҳона аз сари дасторхон хестанӣ шудем. Падарам гуфт:

– Андаке шинед.

Ва андешамандона, бо табъи хира воқеаеро, ки солҳои донишҷӯйӣ аз сар гузаронда буд, ҳикоя кард.

– Аз соли 1948 то соли 1952 дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии Самарқанд хондам. Модари танҳоям барои писари ягонаашро саводнок кардан худро ба боғу роғ, кӯҳу дашт мезад. Дар дарҳои мардум мардикорӣ мекард, то писараш хонаду «одам» шавад. Он рӯзгор мошинҳо ба ағбаҳои кӯҳӣ аҳён-аҳён рафтуо доштанд. Рӯзе бо рафиқам барои хабаргирии модаронамон ба деҳа равон шудем. Барои сарфа кардани харҷи роҳ, бо роҳи ағба гоҳ пиёдаву гоҳ харсавор роҳ паймудем. То деҳа бояд 4-5 рӯз вақт сарф мешуд. Шабҳоро дар таги шаху сояи дарахтон рӯз мекардем. Ғизои захираамон тамом шуд. Аз як тараф гармӣ, аз тарафи дигар гуруснагӣ таъсир кард магар, сарам чарх зада дилам беҳузур шуд ва аз ҳуш рафтаам. Баъди каме ба худ омадам, рафиқам дар сарам гиря мекард. Чашм кушодани маро дида, ба оғӯш кашид ва ҳар ду ба ночорию ҳоли тангамон бо овози баланд гиря кардем. Оҳиста атрофро аз назар гузарондам. Чӣ бояд кард? Бо ин гуруснагӣ то деҳа рафта наметавонем. Аз дил гузарондам: «Наход тӯъмаи ҳайвонҳои ваҳшӣ шавем?». Марҳамати Худоро бинед, ногоҳ чашмам ба як чизи лӯндаяки заб-зард афтид. Ба пойҳои бемадорам қувват даромад, давида рафта дидам, он чизи зард нони «буханка» будааст. Он солҳо геологҳо дар кӯҳҳо корҳои таҳқиқотӣ мебурданд, шояд аз онҳо монда бошад. Нон дар офтоб қоқ шуда буд. Хурсандии ману рафиқам ҳадду канор надошт. Нонро миёни ду санг монда, пора кардем ва кам-кам ба даҳон андохта, то деҳа расидем...             

Оре, нон неъмати ҳаётбахш, ризқу рӯзӣ, рӯйи сурху қуввату дармони инсон. Набояд онро хор кунем. Шукри беадад, ки имрӯз дар растаҳои бозору дӯкон нон фаровон аст, ки ин фаровонӣ ба ивази меҳнати сангини деҳқон ва нонпазҳои моҳири мо ба даст меояд. 

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: