Сурхондарё: қабули сайёр бо иштироки сенатор

Раиси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза бо коррупсия Абдулҳаким Эшмуродов дар ноҳияҳои Шӯрчӣ ва Деҳнави вилояти Сурхондарё қабули сайёр баргузор кард.

Дар рафти қабули шаҳрвандон масъалаҳои гуногуни аҳолӣ, талабу дархост ва фикру мулоҳизаҳои онҳо шунида шуданд.

Қисми асосии муроҷиатҳо ба масъалаҳои таъмини шуғл, оби нӯшокӣ, ҷудо намудани кредит, насби трансформатор, таъмири роҳҳо ва табобат вобаста буданд.

Бо дахолати сенатор 18 муроҷиати шаҳрвандон дар ҷойи худ мусбат ҳал гардид. Аз ҷумла, 10 нафар ба кор таъмин шуданд, 4 нафар роҳхати тиббӣ гирифтанд, 2 нафар барои табобат бистарӣ карда шуданд, инчунин тақдими кредит ва ҳуҷҷатҳои кадастрӣ ба расмият дароварда шуд.

Аз ҷониби сенатор ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони масъули маҳаллӣ дастур дода шуд, ки муроҷиатҳоро пурра омӯхта, аз рӯйи натиҷаҳо қарорҳои қонунӣ қабул намоянд ва мушкилотро дар маҳал ҳал кунанд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: