Маълум аст, ки кишти тирамоҳӣ ба деҳқон имкон медиҳад, ки дар фасли зимистон низ аз замин самаранок истифода бурда, маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ ба даст орад.
– Чунин тарзу усулҳои корбарӣ барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва ба даст овардани даромади иловагӣ айни муддаост, – гуфт мутахассиси Садорати хоҷагии қишлоқи вилояти Самарқанд Толибҷон Набиев, – дар фасли тирамоҳ аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ дар беш аз 30 ҳазор гектар замин кабудӣ, пиёз, сабзӣ, карам, сирпиёз ва ғайра кишт карда шудааст. Дар ин самт деҳқонони ноҳияҳои Самарқанд ва Ҷомбой пешқадам ҳастанд. Кишоварзон дар як сол аз замини корам 3-4 маротиба ҳосил мегиранд. Соли гузашта аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ба ин ду ноҳия ташриф оварда, таҷрибаомӯзӣ карданд.
Чанде пеш мутахассисон аз Туркия омада, бо фаъолияти деҳқонони самарқандӣ шинос шуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.