Вазъи роҳҳои дохилӣ дар мадди назар

Дар вилояти Сурхондарё бобати беҳтар намудани ҳолати роҳҳои дохилӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Дар маҳаллаи “Ҳулкар”-и ноҳияи Сариосиё зиёда аз 1 километр роҳи дохилӣ бо қабати асфалт пӯшонда мешавад.

 Ин корҳои сохтмонӣ бино ба муроҷиатҳои сокинони маҳалла ташкил гардида, ба беҳтар шудани сифати роҳ ва таъмини бехатарии ҳаракат хидмат мерасонад. 

Дар доираи барномаи “Макони рушд ва пешсафӣ”, ки бо қарори Президент тасдиқ гардидааст, дар панҷ маҳаллаи интихобшудаи ноҳияи Тирмиз: “Тирмиз”, “Қуёшли юрт”, “Шароф Рашидов”, “Амир Темур” ва  “Қорахон” корҳои ободонӣ ва беҳтарсозии инфрасохтор бо суръати баланд идома дорад.

Аз ҷумла, айни замон дар маҳаллаи “Амир Темур” таъмир ва асфалтпӯшкунии роҳҳои дохилӣ марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.

Дар ноҳияи Музработ дар доираи лоиҳаи “Рушди маҷмӯии деҳот”, ки бо иштироки Бонки рушди исломӣ амалӣ мегардад, ба 13,5 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи “Халқ йӯли” қабати асфалт гузошта мешавад.                                                                               

Ин корҳои амалӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ ва ташаккули инфрасохтори деҳа ва маҳаллаҳо мусоидат менамояд.

Сурайё НОРМАНӢ. Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: