Бо қарори Ҳукумат (№88, 02.03.2026) тартиби ҷудо намудани қарзи имтиёзноки таълимӣ барои ҷавонон ва омӯзгороне, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои хориҷии шомили ТОП-300 таҳсил намоянд, тасдиқ гардид.
Қарз ба шаҳрвандони Ӯзбекистон то 30-сола (ҳамчунин омӯзгорон) барои таҳсил дар барномаҳои бакалавриат ва магистратура дода мешавад.
Маблағи қарз барои як соли таҳсил то 20 ҳазор доллари ИМА буда, бозпардохти он аз 7 моҳ пас аз хатми таҳсил оғоз шуда, дар давоми 7 сол анҷом дода мешавад.
Фоизи қарз дар ҳаҷми меъёри асосии Бонки марказӣ муайян шудааст.