Шаҳри Қӯқанд дар рушди тамаддуни Шарқ ҷойгоҳи хосса дорад.
Ин шаҳр дар гузашта ба номи Хӯқанди латиф машҳур буд ва имрӯз саршор аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва фарҳангист. Яке аз чунин ёдгориҳои фарҳангӣ, ки чеҳраи бузурги фарҳангу адаб, шоир ва драматург, омӯзгори фидокор, оҳангсоз ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро бозтоб медиҳад, маҳз дар ҳамин шаҳристони куҳани вилояти Фарғона, дар мавзеи Хуҷанд, кӯчаи Тароқчилар ё Шонагарон воқеъ гаштааст.
Аз суҳбат бо директори осорхона Давронбек Эркинов бармеояд, ки ин макони хеле мубораки шаҳри Қӯқанд аст. Зеро Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ барин шахсияти бузургу маъруф дар он таваллуд ёфта ба воя расидааст ва қариб нисфи умри кӯтоҳи худро маҳз дар он сипарӣ намудааст.
– Ҳатто дар рӯзҳои охири умраш, дар арафаи он ҳодисаи фоҷиабори Шоҳимардон, ӯ дар хонаи азизи худ будааст ва бо хоҳари худ – Ачахон ва дӯсту ҳамсояи худ – Боронбой суҳбатҳои тӯлонӣ доштааст, – мегӯяд Давронбек Эркинов.
Тавре вай тазаккур медиҳад, соли 1959 бо қарори Ҳукумати Ӯзбекистон манзили зисти ӯ ба хона-музей табдил дода шуд. Соли 1989, ба муносибати 100-солагии таваллуди Ҳамза, баъдан дар арафаи «Фестивали байналмилалии ҳунарҳо»-и шаҳри Қӯқанд, дар ин хона-музей корҳои бузурги таъмир ва беҳбудӣ анҷом дода шудаанд. Дар натиҷа, имрӯз он тавонистааст муҳити оилавии Ҳамзаро бо тамоми нозукии давр инъикос намояд.
Дар воқеъ, замоне шумо ба ин ҳавлӣ қадам мегузоред, нахуст аз пеши рӯ муҷассамаи бовиқори Ҳамза пайдо мешавад. Ин муҷассама аз тарафи Мухторҷон Муйдинов ном шахс офарида шудааст. Дар паси он дарахти кайҳо хушкшудаи шоҳтут мавҷуд аст, ки гуфта мешавад, ҳамчун ёдгорӣ аз Ибни Ямин аст, ки мардумро табобат мекарду умри дубора мебахшид. Ҳангоми сайругашт дар нӯҳ ҳуҷраи калону хурди хона-музей, шумо эҳсос мекунед, ки гӯё ба муҳити як аср пештара афтодаед.
– Тавре ки мебинед, дохили ҳуҷраҳо ва ашёи нодири онҳо дар бораи ҳаёти волидон, хешовандони наздики шоир ва арбоби ҷамъиятӣ – Ҳамза нақл мекунанд. Ана ин меҳмонхона аст, ки ҳанӯз қисми ҷудонашавандаи ҳавлии мардуми маҳаллиро ташкил медиҳад. Он ҷойи асосии меҳмондорӣ аст, ки бо ашёи зарурӣ низ хеле муҷаҳҳаз гардонида шудааст, – иброз медорад директори хона-музей.
Яке аз ҳуҷраҳо ҳамчун ҷойи кори Ибни Ямин Ниёзӣ муаррифӣ мегардад. Гуфта мешавад, ки ба ин ҷо меҳмонони тоифаҳои гуногунтабақа ва беморони зиёд ташриф овардаанд.
Ногуфта намонад, ки падари шоир Ҳамза бо тахаллуси Ҳакимча-табиб яке аз одамони босаводи замонаш буда, хислатҳои накӯкориро низ доштааст ва бо дӯстони зиёди худ, ки иддае аз аҳли қаламу адаб буданд, муносибати хонаводагӣ дошт. Ҳатто меҳмонхонаи ҳавлии ӯ бисёре аз афроди муътабар ва машҳурро ба канор пазируфтааст ва бархе шабҳоро он ҷо рӯз мекардаанд.
Ҳуҷраро тамошо карда ба он нукта қоил хоҳед шуд, ки он тахту ҷиҳоз рӯҳияи ҳамон давраро дар худ таҷассум мекунад. Ҳуҷраи хурди дигар барои нигаҳдории доруҳои Ҳакимча ихтисос ёфтааст, ки бо истифода аз гиёҳҳои гуногуни шифобахш, сангҳои тоҷӣ, унсурҳои кимиёвӣ, асал, мумиё ва ғайра ҷӯшонда тайёр мекардааст.
– Ҳоло мо вориди ҳуҷрае шудем, ки он утоқи махсуси адиби барҷаста мебошад. Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ маҳз дар ҳамин ҳуҷра машғул ба эҷодкорӣ шудааст. Таҷҳизот ва ашёи зарурӣ барои эҷодкорӣ дар ҳамон шакли муқаддамотии худ нигоҳ дошта шудаанд. Мешавад гуфт, ки қисми асосии кори эҷодии Ҳамза, мисли навиштани роману шеърҳо, китобҳои дарсӣ, ҳикояву драмаҳо ва асарҳои мусиқӣ айнан дар ин ҳуҷра анҷом ёфтаанд. Асбобҳои мусиқӣ (фортепиано, танбур ва дутор) барои эҷоди асарҳои вай корбаст мегардиданд, – мегӯяд Давронҷон Эркинов.
Як қисми хонаҳои ҳавлиро ҳуҷрае ишғол намудааст, ки аъзоёни оила дар он ҷо ҷамъ мешуданд, суҳбат мекарданд ва хӯрок мехӯрданд. Қисми асосии таҷҳизоти ҳуҷраи мазкур аз ашё ва зарфҳои марбут ба хӯрокхӯрӣ иборатанд. Як ҳуҷраи ин ҳавлӣ барои анбор ҷудо шудааст. Дар ин анбор соҳибони ҳавлӣ дар қуттиҳои чӯбӣ ашёи хоми хӯрокворӣ, ғалла ва орд, дар як бочка равған, дар ҷойи дигар мошу лӯбиё ва маҳсулоти ғалладонаро нигоҳ медоштаанд. Аммо барои нигоҳ доштани сабзавот аз сабадҳо истифода мешудааст. Дар шифти анбор сӯрохи махсус сохтаанд, ки барои танзими гардиши ҳаво хидмат менамояд.
Расидем ба ҳуҷрае, ки манзили асосии оила ва ҷое мебошад, ки занони хонавода тамоми умри худро дар он мегузаронданд. Кадбонуи хона – Ҷаҳонбибӣ аз шавҳараш корҳои муолиҷаро омӯхтааст ва занони беморро низ дар ҳамин хона қабул мекардааст. Аз либоси овезони ҳуҷра дарёфтан мушкил набуд, ки он замон занҳо чи гуна либос ба бар менамуданд ва аз хона ба сар фаранҷӣ кашида берун мебаромаданд. Дар миёни ин ҳуҷра сандалӣ, ки ҳоло низ манбаъи асосии гармӣ дар фасли сармо маҳсуб меёбад, пеши назар ҳувайдо мегардад.
Мисли тамоми давру замон ҳавлии мардуми тоҷику ӯзбекро бидуни ошхона тасаввур наметавон кард. Дар осорхонаи Ҳамза низ ошхонаи иборат аз ду қисмро дидан мумкин буд, ки аввалӣ – барои тайёр кардани таомҳо ва дувумӣ – барои пухтани он, яъне – чанд оташдони хурду калон. Як тарафи ошхонаро танӯри нонпазӣ ишғол мекард ва шифташ дорои дудбаро низ буд.
Ҳуҷраи дигар ҷойи сукунати ҳамшираи Ҳамза – Ачахон будааст. Вай саводи кӯҳна ва навро пурра аз худ карда, инчунин ба фаъолияти парасторӣ машғул шудааст ва дар ин ҳуҷра ба духтарони маҳалла таълим медодааст. Вайро ҳамчун дӯзанда низ мешинохтаанд. Гуфта мешавад, Ачахон Ниёзова ва фарзандонаш дар табдил додани ин ҳавлӣ ба хона-музей нақши бузург бозидаанд.
Мирасрор Аҳроров, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Фарғона.