Ҳунари миллӣ манбаи даромад: 30 зан бо кор таъмин шуданд

Оилаи Абдураҳмоновҳо, ки дар маҳаллаи «Машад»-и шаҳри Марғилон зиндагӣ мекунанд, 10 сол боз тавассути тайёр кардани кӯрпаву кӯрпача тиҷорати оилавии худро ба роҳ мондаанд.

Дар натиҷа онҳо зиёда аз 30 нафар занону духтаронро низ бо шуғли хонагӣ таъмин намудаанд.
Кӯрпаву кӯрпачаҳо бо сифати баланд ва нақшу нигори миллӣ на танҳо таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро, балки диққати хориҷиёнро низ ба худ ҷалб кардаанд. Имрӯзҳо аз ҷониби оилаи Абдураҳмоновҳо дар як ҳафта ба ҳисоби миёна 150-200 дона кӯрпаву кӯрпача омода гардида, ба давлати Русия низ содирот карда мешаванд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: