Мероси ғании таърихиву фарҳангии кишвар, анъана ва расму оинҳои беназири миллии мардумӣ имрӯз Ӯзбекистонро ба яке аз самтҳои ҷолибтарини сайёҳӣ дар минтақа табдил додааст.
Дар солҳои охир боз гардидани кишвари мо ба ҷаҳон, демократикунонии ҷомеа, дурнамои нави рушди соҳаҳои гуногун ва сиёсати равшанбинонаи давлат ба рушди босуръати сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Тибқи маълумоти Кумитаи сайёҳӣ, соли 2025 дар бахши сайёҳӣ ҳамчун соли афзоиши устувор ба қайд гирифта шудааст.
Сӯҳбати мо бо котиби матбуоти Кумитаи сайёҳӣ Муниса Асалхоҷаева аз масъалаи муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ оғоз ёфт.
– Ӯзбекистон бо мероси бойи таърихӣ ва фарҳангӣ, мардуми меҳмоннавоз ва табиати зебояш дар бахши сайёҳӣ имкониятҳои бузург дорад, – мегӯяд М.Асалхоҷаева. – Маркази миллии PR-и назди Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон мақоми ваколатдор оид ба таблиғи иқтидори сайёҳии кишвари мо дар хориҷа мебошад. Марказ ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналхалқии сайёҳӣ ва чорабиниҳои таблиғотие, ки дар хориҷа таҳти номи “Бренди миллии сайёҳии Ӯзбекистон” ташкил карда мешавад, иштирок мекунад. Аз ҷумла, дар тӯли соли 2025, имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон дар 27 намоишгоҳ ва ярмаркаҳои бонуфузи сайёҳӣ, ки дар 22 кишвари хориҷӣ (Чин, Русия, ИМА, Фаронса, Испания, Маҷористон, Олмон, Ҷопон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра) баргузор шуданд, муаррифӣ карда шуданд.
Солҳои 2024-2025 дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин «Соли сайёҳии Ӯзбекистон» эълон шуданд. Бо ин муносибат дар ин кишварҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва таблиғотӣ, инчунин платформаҳои анъанавиву рақамӣ баргузор гардиданд, ки дар натиҷаи он шумораи сайёҳон то охири соли 2025 дар муқоиса ба соли 2024 аз Чин 3,7 ва аз Русия 15,2 фоиз афзоиш ёфт. Моҳи июни соли 2025 дар боғи “Potters Fields”-и Британияи Кабир ҷашнвораи дуюми сайёҳӣ, фарҳанг ва гастрономияи Ӯзбекистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Барои намояндагони ВАО ва блогерҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба ИМА, Уммон, Индонезия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия, Русия, Британияи Кабир, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кувайт, Қатар, Ҳиндустон, Олмон, Италия, Полша, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, Баҳрайн, Чин ва дигар давлатҳо бисту ҳашт сафари матбуотӣ ташкил карда шуд. Нашрияи пешбари Амрико, “The New York Times” шаҳри Бухороро ба рӯйихати 52 макони беҳтарин барои боздид дар соли 2025, маҷаллаи “Time Out” бошад, майдони Регистони Самарқандро ба рӯйхати “44 макони зеботарини ҷаҳон” ворид намудааст.
– Муниса Асалхоҷаева, қисми зиёди ёдгориҳои таърихии кишвари мо ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд ва айни замон дар чандин чунин иншоотҳо корҳои таҷдиду барқарорсозӣ идома доранд. Дар бораи ҷараён ва назорати сифати чунин корҳо чанд сухан мегуфтед.
– Дар кишвари мо зиёда аз 8200 ёдгориҳои мероси фарҳангӣ мавҷуд буда, бисёре аз онҳо ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд ва тибқи қарори дахлдор таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Назорат ва ҳамоҳангсозии корҳои таъмиру таҷдидро Оҷонсии мероси фарҳангӣ ба ӯҳда дорад.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 январи соли 2023, Оҷонсии мероси фарҳангӣ ҳамчун мақомоти иҷроияи мустақили ҷумҳуриявӣ бо мақоми махсус таъсис дода шуд. Оҷонсии мероси фарҳангӣ рӯйихати суроғавии объектҳои мероси фарҳангӣ ва осорхонаҳои давлатиро, ки дар соли 2025 бояд барқарор ва таъмир карда шаванд, тасдиқ намуда буд. Мисолан метавон гуфт, танҳо барои вилояти Бухоро, ки таъмиру таҷдиди 38 иншооти таърихии вилоят ба он дохил шудааст, аз буҷаи ҷумҳурӣ 21 миллиард сӯм ҷудо шудааст. Таъмиру таҷдиди объектҳои мероси фарҳангӣ барои нигоҳ доштани намуди аслии онҳо равиши махсусро талаб мекунад.
Ҳамчунин, мувофиқи Қарори Девони Вазирон аз 7 апрели соли 2022, Низомномаи маъмурӣ оид ба пешниҳоди хидматрасонии давлатӣ барои такмили малакаи устодони таъмиргар дар соҳаи объектҳои амволи ғайриманқули мероси фарҳангии моддӣ, инчунин тартиби додани шаҳодатномаҳои тахассусӣ ба онҳо тасдиқ карда шудааст.
Бар асоси ин ҳуҷҷат, тахассуси устодони таъмиргар дар ҳар се сол такмил дода мешавад ва ин ба баланд бардоштани малакаи кадрҳои болаёқати соҳа мусоидат менамояд.
– Сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, ба кадом намуди сайёҳӣ бештар таваҷҷӯҳ доранд? Натиҷаи мониторинги кишварҳои ташрифоваранда чӣ гунаанд?
– Тавре ки маълум аст, дар Ӯзбекистон асосан сайёҳии фарҳангӣ, зиёратӣ, гастрономӣ ва экотуризм рушд ёфтааст. Сайёҳони аврупоӣ, амрикоӣ, Русия ва Чин ба обидаҳои беназири мероси фарҳангӣ, маконҳои таърихӣ ва табиати зебои кишварамон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Сайёҳони кишвар мусалмон, аз қабили Малайзия, Индонезия, Бангладеш, Покистон, Ҳиндустон, Миср ва давлатҳои араб, барои дидани зиёратгоҳҳо меоянд. Сайёҳони ҳамсоякишварҳо, инчунин Туркия ва Мажористон арзишҳои мардуми мо, расму оинҳо, фолклор ва анъанаҳои халқиро муҳим мешуморанд.
Дар натиҷаи корҳои амалии анҷомдодашуда, бори аввал дар моҳҳои апрел-ноябри соли гузашта ҳар моҳ беш аз 1 миллион нафар сайёҳи хориҷӣ аз кишвари мо боздид намуд. Дар соли 2025 шумораи умумии меҳмонони хориҷӣ ба 11,6 миллион нафар расид, ки нисбат ба соли 2024 116, 1 дарсад зиёд мебошад.
Шумораи сайёҳон аз кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои ИДМ нисбат ба соли 2024 1,1 маротиба ва аз хориҷи дур 1,5 маротиба афзоиш ёфт. Дар муқоиса бо соли 2024, шумораи сайёҳон аз Чин 3,7 маротиба, аз Австралия ва Ҷопон 1,5, аз Фаронса, Канада ва Малайзия 1,3, аз ИМА, Испания, Туркия, Полша ва Нидерланд 1,2 ва аз Олмон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон 1,1 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар доираи барномаи рушди сайёҳии дохилӣ “Саёҳат ба саросари Ӯзбекистон” 23,7 миллион сафари дохилии аҳолӣ ба минтақаҳо анҷом дода шуд, ки 103 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафтаи дуюми ҳар моҳ ҳамчун «Рӯзҳои сафари оилавӣ ва гурӯҳӣ» муайян шудаанд.
– Бо мақсади пешниҳоди хидматрасонии муосири босифат ба сайёҳон чӣ гуна корҳо анҷом дода мешаванд?
– Инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷиҳати хизматрасонӣ ба сайёҳон мунтазам рушд мекунад. Дар соли гузаштаи 2025 дар минтақаҳо фаъолияти 1022 иншооти ҷойгиркунӣ, аз ҷумла, 136 меҳмонхона, 528 меҳмонхонаи оилавӣ, 298 хостел ва 60 иншооти дигари ҷойгиркунӣ ба роҳ монда шуд.
Дар маҷмӯъ шумораи иншооти ҷойгиркунӣ ба 6 921-то расид. Шумораи ташкилот ва агентиҳои нави сайёҳӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, ба 4 406 адад баробар шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ фаъолияти қариб 4, 500 нафар роҳбалад ба роҳ монда шудааст. Омодасозии чунин мутахассисони соҳа низ зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Сайёҳон натанҳо ба ҷойҳои таърихӣ, балки ба абрешим, атлас ва адрас барин матоъҳо, қолину сӯзанӣ, зарфҳои сафоливу кандакорӣ, даспонаву гӯшвораҳои миллӣ ва меваҳои хушки ватанамон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
– Саҳми бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва таъмини шуғли аҳолӣ чӣ гуна аст?
– Сайёҳӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати содироти мол ва хизматрасонӣ дар ҷои чорум ва аз ҷиҳати даромад дар ҷои сеюм қарор дорад. Саҳми сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ба 10 фоиз (7,7 триллион доллар) расидааст. Аз соли 2017 дар соҳаи сайёҳии кишварамон тағйироти назаррас ба амал омад ва ҳоло ба манбаи пешбарандаи иқтисодиёти кишвар табдил ёфтааст.
Сайёҳон ҳангоми сафарҳои худ аз хидмати меҳмонхона, тарабхона, нақлиёт, роҳбалад, осорхонаҳо, нуқтаҳои савдо, фурудгоҳ ва қатораҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа, ҳазорҳо нафар дар бисёр бахшҳои хидматрасонӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Дар соли 2025, дар бахши сайёҳӣ 519 лоиҳа ба маблағи 2,1 миллиард доллар амалӣ гардида, аз ин ҳисоб 10 223 то ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Агар дар соли 2019 сафари сайёҳон ба кишвари мо то се рӯз давом карда бошад, ҳоло 4-5 рӯзро ташкил медиҳад ва хароҷоти онҳо низ мутаносибан афзоиш ёфтааст.
Дар Тошканд меҳмонхонаи замонавии панҷситорадор “JW Marriott”, ки ширкати олмонии “Hyper Partners GmbH” 172 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, кушода шуд. Дар ноҳияи Бӯстонлиқ, аз ҳисоби сармоягузории 85,5 млн доллар макони лижаронии “Beldersoy resort” ва роҳи муосири канатӣ, дар системаи кӯлҳои Айдар-Арнасойи вилояти Ҷиззах макони сайёҳии соҳилӣ бо арзиши умумии 35 миллион доллар ва маркази сайёҳии Arda Khiva дар шаҳри Хива ба истифода дода шуданд.
Бо назардошти он ки 80 фоизи меҳмонон аз кишварҳои мусалмон мебошанд ва ҳамватанони мо низ сайёҳии зиёратро афзалтар мешуморанд, корҳоеро ҷиҳати мутобиқ кардани инфрасохтор ба сайёҳии зиёратӣ оғоз намудем. Дар натиҷа Ӯзбекистон дар индекси сайёҳии ҷаҳонии мусулмонон GMTI аз мақоми 32-юми соли 2017 ба мақоми 9-уми соли 2022 баромад.
Бо дарназардошти имкониятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, ва табиии кишвари мо, иқтидори сайёҳии онро 2-3 маротиба афзоиш додан мумкин аст. Аз ин рӯ, дар 5 соли оянда ду баробар зиёд кардани шумораи сайёҳони хориҷӣ ва ҷалби 20 миллион нафар сайёҳ дар як сол ба нақша гирифта шудааст.
Набия Нодирова, хабарнигори “Овози тоҷик”.