Эко-халтаҳо аз Мингчинор: истеҳсолоте, ки ба ҳифзи табиат хизмат мекунад

Дар маҳаллаи Мингчинори ноҳияи Шофиркон корхонаи «Мингчинор чеварлари» фаъолият нишон медиҳад, ки имрӯз на танҳо бо ҳаҷми истеҳсолот, балки бо аҳамияти иҷтимоии худ низ ҷудо шуда меистад.

 Корхона соли 2022 таҳти муассисии ҶММ «Бухоро Зарҳал текс» ва аз ҷониби Дилшод Бобоҷонов ташкил гардида, ба он коргузори ҶММ «Голден Сектор» Алишер Сафаров роҳбарӣ мекунад.
Имрӯзҳо дар кишварҳои хориҷӣ бо мақсади ҳифзи муҳити зист аз халтаҳои селофанӣ марҳила ба марҳила даст мекашанд. Дар натиҷаи сиёсати коҳиш додани партовҳои пластикӣ талабот ба халтаҳои матоии эко, ки такроран истифода бурдан мумкин аст, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Бо назардошти ҳамин ниёз, корхонаи «Мингчинор чеварлари» истеҳсоли эко-халтаҳоро дар ҳаҷм ва тарҳҳои гуногун ба роҳ мондааст. Илова бар ин, барои тарабхонаҳо низ дастмол ва рӯймизиҳо омода карда мешаванд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: