Бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи мубораки Рамазон барои ҳамватанони бурунмарзӣ ифторҳои васеъмиқёс ташкил карда мешаванд.
Имсол ин ташаббус 10 кишвар ва зиёда аз 50 шаҳрро фаро гирифта, ҳамватанонеро, ки дар хориҷ кору таҳсил ва доимӣ зиндагӣ мекунанд, гирди ҳам меорад.
Ифторҳо дар шаҳрҳои бузурги Макка, Мадина, Сеул, Истанбул, Анқара, Қоҳира, Умон, Куала-Лумпур, Вашингтон, Нью-Йорк, Торонто дар сатҳи баланд ташкил мешаванд. Ҷуғрофияи тадбирҳо васеъ буда, хусусан, дар 20 шаҳри Федератсияи Русия ва 10 шаҳри ИМА барои ҳамватанон барномаҳои махсус таҳия шудаанд.
Ин амалҳои васеъ ба низоми равшани арзишҳо такя мекунанд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми табрикотии худ ба мардуми мо таъкид кард, ки моҳи Рамазон рамзи некӣ, шафқат ва саховатмандии маънавӣ аст. Сарвари давлат зикр намуд, ки дар солҳои охир гиромидошти қадри инсон, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ӯ ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шудааст. Бар ҳамин асос ба ҳаёт татбиқ шудани ислоҳоти васеъмиқёс ҳаёти мардумро куллан тағйир медиҳад.
Ифодаи амалии ин ташаббус дар мисолҳои мушаххас равшан ба мушоҳида мерасанд. Имоми масҷиди “Саид Ҷалолхон тӯра”-и шаҳри Марғилон Юнусхон Мамарасулов ба шаҳрҳои Новосибирск ва Кемеровои Сибир рафта, бо ҳамватаноне, ки дар корхонаҳо ва иншооти сохтмонии Русия кор мекунанд, вохӯриҳо анҷом дод. Дар мулоқотҳо имом ба аҳамияти маънавии моҳи Рамазон, анҷоми амалҳои хайр, ҳифзи сулҳ, аҳамияти ҳамзистии миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ эътибор дод. Хусусан, зарурати ҳифзи ҷавонон аз таъсири ҷараёнҳои бегонае, ки ба арзишҳои анъанавии ислом иртибот надоранд, таъкид гардид. Чунин мулоқотҳо ба ҳамватанони бурунмарзӣ дар эҳсос намудани дастгирӣ ва ғамхории давлат кумак мерасонанд.
Ваколатхонаҳои дипломатӣ низ дар ин раванд фаъоланд. Дар сафорати Ӯзбекистон дар Боку барои ҳамватанон ифтор ташкил шуд, ки дар он оиди самтҳои асосии стратегияи “Ӯзбекистон – 2030”, имкониятҳои барои зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар Ӯзбекистон фароҳамшуда, ташаккули иқтисоди рақобатпазир ва таъмини волоияти қонун маълумот дода шуд.
Моҳи Рамазон ҳамчунин ба майдони муҳими рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар Тошканд сафири Амороти Муттаҳидаи Араб бо иштироки намояндагони Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, Кумитаи корҳои дин, донишгоҳҳои пешсаф ва вазорати корҳои хориҷӣ ифтор баргузор намуд. Дар рафти мулоқот сафир меҳмононро бо анъанаҳои ҷашнгирии моҳи Рамазон дар Аморатҳо шинос кард ва иштирокчиён шабоҳатҳо ва хусусиятҳои ба худ хоси анъанаҳои динии Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Арабро баррасӣ карданд. Ҳамзамон, дар пойтахти маъмурии Малайзия — шаҳри Путражая иқдоми хайрия бахшида ба моҳи мубораки Рамазон баргузор шуд. Дар он бо мақсади тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар, фарҳанги ғанӣ ва маҳсулоти ҳунармандӣ стенди миллӣ ташкил гардид. Дар ҷараёни тадбир оид ба рушди туризми зиёратӣ, лоиҳаҳои муосири туристӣ ва шароити барои сайёҳон фароҳам овардашуда маълумот дода шуд. Ба пешбурди барномаҳои «Туризми зиёратӣ», «Туризми таърихӣ-фарҳангӣ», «Туризми гастрономӣ» ва «Умра Плюс» таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Дар чаҳорчӯби ярмарка бо иштироки Иттиҳоди “Ҳунарманд” намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, намунаҳои санъати амалии мардумӣ, маҳсулоти саноати сабук ва абрешим ташкил карда шуд. Барои шинос кардани ҷомеаи Малайзия бо мероси гастрономии Ӯзбекистон ба ифтор таоми миллӣ — палав пешкаш гардид. Ҷойҳои таърихӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва ошхонаи миллӣ дар меҳмонон таассуроти амиқ гузошта, ба таҳкими равобити фарҳангӣ мусоидат карданд.
Ҳамин тавр, моҳи мубораки Рамазон дар Ӯзбекистон на танҳо вақти покизагии маънавӣ ва саховат, балки омили муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа — ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар гардид. Аз Кореяи Ҷанубӣ то ИМА, аз Русия то Малайзия, ифторҳо ҳамватанонро муттаҳид намуда, робитаҳои онҳоро бо Ватан таҳким мебахшанд ва нишон медиҳанд, ки ғамхории давлат ҳадду канор надорад.
АИ “Дунё”.