Намангон: истеҳсоли неруи барқ аз партов

  • Намангон: истеҳсоли неруи барқ аз партов
  • Намангон: истеҳсоли неруи барқ аз партов

Дар мамлакатамон татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026, ба сатҳи нав баровардани равандҳои ислоҳоти бунёдӣ, баланд бардоштани ҳуқуқу манфиат ва қадри инсон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.

Бо ташаббуси Президенти давлатамон ба соҳаи соҳибкорӣ дар минтақаҳо барномаҳои нави сармоягузорӣ амалӣ мегарданд. Дар самти фароҳам овардани фазои мусоид ва рушди босуръати соҳибкорӣ як қатор дигаргуниҳои мусбат ба амал бароварда мешавад.

Дар вилояти Намангон, ки саноаташ торафт вусъат меёбад, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ислоҳот ба ҳаёт татбиқ мегарданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда оид ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии  ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ мутасаддиёни намангонӣ якчанд маротиба ба давлатҳои хориҷӣ сафар карда, дар ин хусус бо роҳбарони ширкатҳои номдор вохӯрданд ва шартномаҳо имзо карданд.

Соли гузашта мутахассисон бо роҳбарии ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов якчанд маротиба ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, моҳи охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин низ сафар карда буданд. Сафар бо мақсади дар вилоят ривоҷ додани соҳаи саноат, содирот ва ба ҳудуд ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ ташкил карда шуд.

Яке аз сафарҳои корӣ дар шаҳри Шэнҷен бо Президенти ширкат «China Everbright Environment», ки яке аз бузургтарин ширкати байналмилалӣ дар соҳаи коркарди партовҳо ба шумор меравад, мулоқоти расмӣ  анҷом дод.

Ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов дар сухани худ натиҷаҳои муҳимеро, ки дар Ӯзбекистони Нав таҳти роҳбарии Президенти  давлатамон Шавкат Мирзиёев дар самти ислоҳоти бузурги иқтисодӣ беҳтар кардани сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити кушода ва шаффоф барои сармоягузории хориҷӣ ба даст омадаанд, қайд кард.

Мудири шуъбаи корҳои байналмилалии Ҳукумати халқии шаҳри Шэнҷен Сай Сайсян хонум қайд кард, ки ҷомеаи тиҷоратии Шэнҷен ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, инноватсия, технологияҳои баланд ва иқтисоди «сабз» майл дорад.

Барои маълумот гуфтан лозим, пештар дар 10 гектар қитъаи замини минтақаи экологӣ-саноатии ҳудуди маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Чуст барои сохтмони корхонаи «Everbringht Environ-mental Energy Namangan» – лоиҳаи «Истеҳсоли нерӯи барқ бо роҳи сӯзондани партов» бо арзиши 150 миллион доллар санги асос гузошта шуда буд.  

Дар рафти мулоқот масъалаҳои суръат бахшидан ба лоиҳаҳои минбаъдаи коркарди партовҳо дар ин минтақа баррасӣ шуданд. Бо Президенти ширкат дар бораи анҷоми ин лоиҳаи сармоягузорӣ дар давоми 14-16 моҳ ва ба истифода додани он дар семоҳаи аввали соли 2027 ба нақша гирифта шуд.

Ба муносабати «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшон, 15 гектар замин барои таъсиси минтақаи экосаноат ҷудо карда шуд.  Аз ин масоҳат, 10 гектар майдон аз ҷониби корхонаи хусусии «Everbringht Environmental Energy Namangan» бо ҳамкории сармоягузорони чинӣ барои татбиқи лоиҳаи 150 миллион долларии «Истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзондани партовҳо» истифода мегардад.  Қайд намудан ҷоиз, ки ин лоиҳаи бузург дар оянда ба иқтисодиёт ва экологияи минтақа саҳми назаррас мегузорад.

Пас аз ба истифода додани ин лоиҳа 547,5 ҳазор тонна партов коркард шуда, 310 миллион кВт соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад ва дар давоми сол 300 ҳазор нафар истеъмолгаронро бо неруи барқ таъмин мекунад.

Барои маълумот гуфтан лозим, ки дар вилоят дар як рӯз ба ҳисоби миёна 1450 тонна, дар як сол 529,3 ҳазор тонна партов ҷамъ шуда, имкони коркарди пурра фароҳам оварда мешавад. Дар рафти ҷараёни кор партовҳои аз 6 ноҳияи вилоят ҷамъовардашуда ба истгоҳи коркарди такрорӣ, ки дар ноҳияи Тӯрақӯрғон воқеъ аст, оварда ба хелҳо ҷудо карда мешавад ва онҳоро ба корхонаи мазкур меоваранд.

Дар натиҷаи амалисозии ин лоиҳа вазъи экологӣ дар минтақа беҳтар мешавад, «технологияҳои сабз»-и муосир ҷорӣ шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад ва 180 нафар чустиён бо кори доимӣ банд хоҳанд шуд.

Ҳоло, сохтмони корхона бо суръати тез меафзояд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: