Он рӯз аз рӯзҳои муқаррарӣ набуд. Ҳавои на он қадар сард ва на он қадар гарми зимистон – офтоби сармонахӯрдаи зимистонӣ бо нурҳои заррини худ курраи заминро бо меҳру саховати хос мунаввар мекард.
Ӯ аз болинаш баланд шуду аз тиреза берунро нигоҳ кард ва эҳсос кард, ки имрӯз рӯзи хуше хоҳад шуд.
– Баҳ-баҳ! – хитоб кард ӯ.
Ба назараш ҷаҳон пур аз хубиҳо намуд. Ӯ на ҳар сари субҳ аз хоб барвақт бедор мешуд, вале имрӯз зуд бедор шуд, субҳонаро низ худаш омода сохт: бо як финҷон қаҳва ва як буридаи торти дишаб пухтаи модараш субҳона карду ба кори худ равон шуд. Ҳангоми аз остона баромадан нигоҳаш ба чеҳраи модараш афтод, ки аз омода будани дасторхон мамнун ва хеле розӣ менамуд. Имрӯз модараш маҷбур нашуд, ки аз пушти ӯ дод занаду бигӯяд: «Калапӯшатро ба сарат каш! Шамол мехурӣ! Ҳаво сард аст!!»
Шаҳр акнун бедор мешуд, дар кӯчаву роҳҳо шумори одаму мошинҳо торафт меафзуданд. Ба истгоҳ рафт, пас аз чанд дақиқаи интизорӣ автобус омад, ба он савор шуд. Дохили автобус одам кам, ҷоҳо холӣ буданд. Ба ҷойи якнафара нишаст, азбаски дар ҳар истгоҳ ду-се нафарӣ савори автобус мешуданд, ҷойи нишаст низ оҳиста-оҳиста пур мешуд. Ӯ медонист, дар пеш ҳодисаи аҷибу ноодатӣ ӯро интизор аст, аммо ӯ дақиқан намедонист, ки ин ҳодиса чӣ ҳодисаест. Ба ҳамин андешаҳо андармон буд, ки ба автобус духтаре дар канор гули дар гулдон нишондашуда савор шуд. Ӯ, ки дер боз интизори даст додани чунин имконият, яъне ба касе кумак кардан нишаста буд, фавран ҷояшро барои духтарак холӣ кард. Аммо духтарак рад намуд, ӯ баргашта илтимос кард.
– Чӣ мешуд шумо худ нишинеду ҳамин гулдонро бо худ гиред, ман аз ин кумаки шумо сарам ба осмон мерасид?
Ӯ ин илтимоси духтаракро қабул кард ва хушҳол шуд, ки метавонад ба касе кумак кунад, шод шуд аз ин, ки ба касе некӣ мекунад. Автобус ба ҷойи кораш наздик меомад, ӯ дар истгоҳи навбатӣ бояд пиёда мешуд, барои ҳамин аз ҷой хесту гулдонро хост ба духтарак баргардонад. Ҳамин дам автобус аз гардиши роҳ бо шаст убур кард ва ӯ, ки мувозанати худро нигоҳ дошта натавонист, бо нишастҷойи худаш бархӯрду як шохаи овезони гул шикаст. Шохаи шикастаи гулро бо гули маҷрӯҳшуда ва гулдони сангинаш ба духтарак баргардонд. Духтарак чунон бо бечорагӣ менигарист, ки тамоми вуҷуди ӯ аз ин нигоҳи пурҳасрати духтар мисли бед ларзид. Дар чашмони духтар мехонд, ки на шохаи гул, балки шохаи гули умеди ӯ шикаста буд, ҳасрат мехӯрд, ки натавонист гулро беосеб ба соҳибаш бирасонад.
– Ҳадя мебурдам ин гулро... кош, бо таксӣ мебурдамаш...
Ӯ аз автобус шитобзада фуромад. Аз он ки зиёд мехост некӣ кунад, вале ба ҷойи он зарар расонд, хеле ғамгин шуд ва фаҳмид, ки танҳо некӣ хостан кофӣ набудааст. Бояд чӣ гуна некӣ карданро низ биомӯхт.
Зулайхо Осмон. Вилояти Сурхондарё.