9 марти соли 2018. Ин рӯз дар таърихи муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар, ҳамсарҳаду ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон санаи муҳиме мебошад, ки дар робитаҳои байни кишварҳо саҳифаи навро боз намуда, ба унвони як рӯзи сарнавиштсоз сабт гардид. Онро метавонем чун оғози марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳо, эҳёи эътимоди сиёсӣ ва барқароршавии муколамаи созанда миёни ду халқ эътироф намоем.
Маҳз дар ҳамин рӯз Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсоякишвар сафари давлатӣ анҷом дод. Ин сафар, ки бо иродаи сиёсии роҳбарони ду мамлакат дар пояи эътимоду эҳтиром сурат гирифт, дари дӯстиро боз намуд ва равобити ҳамсоягии некро таҳким бахшид.
Дар доираи ташриф масъалаҳои муҳими вазъи муносибатҳо миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва мустаҳкамсозии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тарафайн дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Аз рӯйи натиҷаи ин мулоқоту музокирот бастаи муҳими санадҳо – тақрибан 30 созишнома имзо шуд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар ҳузури сарони ду давлат ба имзо расид, «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм» буд.
Маҳз дар пояи ин созишнома ҳамкориҳои ду мамлакат дар соҳаи таълим ва илм, аз ҷумла робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва академияҳои илмҳо роҳандозӣ шуданд ва тӯли чанд соли охир густариш ёфтанд. Инак, ҳоло тарафҳо дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, табодули сафарҳои пажӯҳишгарон, мутахассисон, кадрҳои профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён ҳамкорӣ менамоянд.
Шарикӣ ва ҳамкориҳои густурда миёни Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро метавон чун далели возеҳи рушди робитаҳои илмӣ ва таълимӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Мактаби мутахассисони рақобатпазир
Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ҳоло на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун муассисаи пешсафи таҳсилоти олӣ эътироф гардидааст. Дар ин маскани таълим аз рӯйи самтҳои иқтисодиёт, бонк ва молия, сиёсати андоз ва дигар соҳаҳои стратегии рушд мутахассисони баландихтисос, ботаҷриба ва боиқтидор омода мегарданд.
Донишгоҳ таърихи қариб садсола дошта, фаъолияти худро 31 августи соли 1931 ҳамчун Донишкадаи молияву иқтисодиёти Тошканд оғоз кардааст. Ва аз айёми таъсисёбӣ то кунун дар ташаккули афкор ва сиёсати миллии иқтисодӣ, инчунин дар равандҳои рушди минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳоло дар 14 факултаи донишгоҳ беш аз 47 ҳазор донишҷӯ бинобар 38 самти таълим таҳсил мегиранд. Ба онҳо тақрибан 2500 нафар профессорону омӯзгорон ва кормандони илмӣ, ки зиёда аз 60 фоизи онҳоро номзад ва докторони илм, профессорону дотсентон ташкил медиҳанд, асрори илм меомӯзанд.
Раванди таълим дар асоси технологияҳои муосири педагогӣ, методологияҳои пешрафта ва равишҳои рақамии инноватсионӣ роҳандозӣ шудааст. Маҳз чунин муҳити таълимӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишҳои назарӣ ва малакаҳои амалиро ба таври муштарак омӯзанд ва ба сифати кадрҳои дорои тафаккури мустақилу рақобатпазир ташаккул ёбанд.
Имрӯзҳо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд бо зиёда аз 250 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмию тадқиқотии ҷаҳон ҳамкории фаъол дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо лоиҳаҳои муштараки илмӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, Барномаҳои такмили ихтисос ва мубодилаи академию илмӣ амалӣ мешаванд. Донишгоҳ, бахусус, бо муассисаҳои бонуфузи Британияи Кабир, Австрия, Индонезия, Русия, Беларус ва Тоҷикистон барномаҳои муштараки таълимиро бомуваффақият татбиқ менамояд. Дар доираи чунин ҳамкориҳо, аз ҷумла, тавассути барномаҳои мубодилаи кредитӣ, чун «2+2» ва «3+1» донишҷӯён метавонанд дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва дар муҳити байналмилалии таълимӣ таҳсил гиранд, дипломи дуҷониба дарёфт кунанд ва бо фарҳангҳои гуногун, низомҳои таълимӣ ва равишҳои инноватсионӣ ошно шаванд.
Дар даҳгонаи беҳтаринҳо
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ аз муассисаҳои таълими олии бонуфузи мамлакати дӯст ба шумор меравад, ки моҳи августи соли 1993 таъсис ёфтааст. Дар ин давраи начандон тӯлонӣ ин муассисаи таълимӣ тавонистааст, ки дар даҳгонаи донишгоҳҳои беҳтарини Тоҷикистон қарор бигирад.
Бино ба маълумоти шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ ҳоло дар ин боргоҳи таълимӣ 7 факулта, 29 кафедра амал мекунанд ва омода намудани мутахассисон аз рӯйи 43 ихтисоси наву замонавӣ, вобаста ба самтҳои ҳуқуқшиносӣ, хадамоти гумрук, сиёсати дохиливу хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, соҳибкорӣ, молия, телекоммуникатсия, муҳосибот, омор, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, маркетинг ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Дар донишгоҳ қариб 8000 нафар донишҷӯ таҳсил мегиранд ва ба онҳо 341 омӯзгор, аз ҷумла 21 доктори илм, профессор, 150 номзади илм, дотсент таълим медиҳанд.
Имрӯз донишгоҳ фаъолияти байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш дода, дар ин раванд бо 86 муассисаи таълимиву марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намудааст.
Бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо – «Темпус», «Эразмус Мундус» ва «Эразмус+», Маркази Конфутсий, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудаанд.
Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, бахусус ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Русия, Беларус, Ӯзбекистон ва кишварҳои Аврупою Амрико роҳандозӣ гардидааст.
Саҳифаи умедбахши ҳамкорӣ
Имрӯз ин ду донишгоҳи бонуфузи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ҳар кадом дар соҳаи таълим ва дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро доранд, ҳамкории судманду натиҷабахшро татбиқ менамоянд.
– Солҳои охир муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, бахусус, дар соҳаи таҳсилоти олӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид, – гуфт ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодӣ Тӯлқин Тешабоев. – Ислоҳоти бонизом ва сиёсати оқилонаи роҳбарони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкории мустаҳкам ва дарозмуҳлати мамлакатҳо заминаи устувор фароҳам овард. Дар натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироёна ва талошҳои муштарак, дар байни донишгоҳи мо ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бобати татбиқсозии барномаи муштараки таълимӣ дар зинаи бакалавр созишномаи стратегӣ имзо шуд. Бояд гуфт, ки ин ҳамкорӣ пули илму фан ва фарҳанги байни ду боргоҳи таълимӣ буда, дар соҳаи таълими академӣ иқдоми умедбахш ба шумор меравад.
Маҳз дар пояи ин ҳамкориҳо нақшаи чорабиниҳо низ қабул гардида, он ба омодасозии мутахассисони баландихтисос, густариши фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва таъмин намудани мобилияти академии донишҷӯён равона шудааст.
Тибқи созишнома донишҷӯён метавонанд дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод ва идоракунии давлатӣ таҳсил гиранд, аз захираҳои пешқадами таълимии ду донишгоҳ истифода намоянд. Раванди таҳсил дар асоси моделҳои «2+2» ё «3+1» ташкил гардида, ба хатмкунандагон дипломҳои расмии ҳар ду давлат тақдим мегардад. Ин имкон медиҳад, ки онҳо дар бозори меҳнати ҳар ду кишвар, инчунин дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бартарии бештар дошта бошанд.
Ҳамчунин, дар доираи ҳамкорӣ баргузории конфронс, семинар ва вохӯриҳои илмии муштарак, роҳандозии мубодилаи таҷрибаи омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддат, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи аккредитатсияи байналмилалӣ ва оммавигардонии нақшаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст, ки аз дурнамои устувори робитаҳо гувоҳӣ медиҳад.
Татбиқсозии бомуваффақияти барнома
Шоёни таъкид аст, ки соли 2025 ин ҳамкории мутақобила нахустин натиҷаҳои худро дод. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими бошукӯҳи супоридани дипломҳо ба аввалин хатмкунандагони барномаи муштараки таълимии ду донишгоҳ доир гардид: дипломҳои ду давлат супурда шуданд.
Метавон гуфт, ки хатмкунандагон дар заминаи ду муассисаи таълими олӣ, дар муҳити муосир ва рақамии таълимӣ дониш ва малакаҳои пешқадамро аз худ намуданд. Ва ҳоло боз беш аз 300 нафар донишҷӯ дар чунин фазо таҳсил мегиранд.
– Бомуваффақият татбиқ кардани барномаи муштарак на танҳо ҳамгироии стратегӣ дар фазои таҳсилоти минтақавӣ, балки модели муассири институтсионалии омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар шароити иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад, – гуфт ректор Т.Тешабоев. – Ин шакли ҳамкорӣ синтези дуҷонибаи донишҳои назарӣ ва таҷрибаи байналмилалиро таъмин менамояд. Он на танҳо муносибатҳои академии байни ду донишгоҳ, балки сатҳи волои ҳамоҳангии низомҳои таҳсилоти олӣ ва шарикии стратегии ду давлатро равшан ифода мекунад. Маҳз чунин лоиҳаҳо дар ташаккули сармояи зеҳнӣ, ки рушди устувори минтақавиро таъмин менамоянд, аҳамияти ҳалкунанда доранд. Ҳамзамон ин иқдоми шоиста мояи эҷоди барномаҳои бештар, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва омодасозии мутахассисони ботаҷриба дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Бо як сухан, дар партави сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар, на танҳо барои равуои озоду бемамониати шаҳрвандон, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстӣ, афзуншавии гардиши маҳсулот, балки бобати таҳкими ҳамкориҳои таълимӣ ва табодули академӣ низ асосу заминаи боэътимод, шароит ва имконоти мусоид фароҳам омад. Инак, ин сиёсати дурандешона натиҷаҳои некро медиҳад: насли нави мутахассисони рақобатпазир ба камол мерасанд.
Дар доираи мавзӯъ
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии омор ҳоло 6 ҳазору 39 шаҳрванди кишвари мо дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон таҳсил мегиранд.
Аз рӯйи теъдод Тоҷикистон пас аз Русия (6 498 донишҷӯ) дар мақоми дувум қарор дорад, ки ҷавонони ӯзбекистонӣ барои таҳсил интихоб кардаанд.
Ҳамзамон, 2 ҳазору 904 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар мактабҳои олии мамлакатамон мехонанд. Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонаш бештар барои таҳсил ба Ӯзбекистон омадаанд, пас аз Ҳиндустон ва Туркманистон дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».