Бо фарорасии баҳор табиати диёрамон сарсабзу гулпӯш шуда, дастурхони мардум низ аз неъматҳои тару тозаи табиат ғанӣ мегардад.
Яке аз аввалин ва серистеъмолтарин гиёҳҳои баҳорӣ пудина (ҳулбӯ) мебошад. Кадбонуҳо аз он самбӯса, манту, мастоба ва дигар таомҳои болаззат омода мекунанд. Пудина дорои витаминҳои C, D ва A, инчунин калтсий, магний, калий ва оҳан буда, барои беҳтар шудани ҳозима, паст кардани стресс ва тароват бахшидани организм мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, барои нафароне, ки аллергия ё бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ доранд, истеъмоли зиёди он тавсия дода намешавад.
Гиёҳи дигари маъмул исфаноҷ (исмалок) аст. Он аз витаминҳои A, C, E ва K, инчунин антиоксидантҳо, калтсий ва нахи парҳезӣ бой буда, ба саломатии дил, устухонҳо ва масуният таъсири мусбат мерасонад.
Шулха низ аз гиёҳҳои дастраси баҳорӣ буда, дорои витаминҳои гурӯҳи B, витамини C, каротиноидҳо ва минералҳои гуногун мебошад. Ин гиёҳ ба беҳтар шудани кори узвҳои ҳозима, коҳиши илтиҳоб ва мубориза бо гиповитаминози мавсимӣ мусоидат мекунад.
Аз таомҳои маъмули баҳорӣ шӯлаи сиёҳалаф ба ҳисоб меравад. Ин хӯроки сабук аз биринҷ ва сиёҳалаф омода шуда, одатан бо чакка ё ҷурғот истеъмол мешавад. Сиёҳалаф дорои моддаҳои минералӣ ва витаминҳо буда, ба организм неру мебахшад.
Бинобар ин, фурсати баҳорро ғанимат шумурда, аз неъматҳои табиии ин фасли зебо баҳра гирифтан ба саломатӣ фоидаи зиёд мерасонад.