Бонувони таърихсози тоҷик

  • Бонувони таърихсози тоҷик
  • Бонувони таърихсози тоҷик

Роҳбари давлат дар яке аз паёмҳои худ ба модарону бонувон чунин гуфта буд: «Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқила такя менамоем.

Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту худшинос, инчунин дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар талошҳои пайгирона намуда, саҳми босазо гузошта истодаанд».

Ин воқеияти раднопазир аст. Ва бинобар ин мо низ хостем бо истифода аз манбаъҳои таърихӣ хонандагонро бо ҳаёт ва фаъолияти бонувони таърихсози тоҷик ошно намоем.

Дар манбаъҳо маълумот дар бораи занони таърихсози тоҷик хеле кам ба назар мерасад. Барои шинохти бонувони фаъоли аҳди Сомониён дар адабиёти таърихӣ маълумот хеле ноқисанд. 

Дар асрҳои миёна, махсусан пас аз густариши дини ислом аз ҷониби афроди алоҳидаи гумроҳ, чунин талқин мешуд, ки гӯё вазифаи зан танҳо дар хона мондану чун манбаи ишрати мард қарор гирифтан, парвариши фарзандон ва кори рӯзгори хонаводагӣ буду халос. Бо вуҷуди ин, шариати асли ислом нисбати зан хеле нигоҳи инсондӯстона дорад.

Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки асрҳои IX-Х, ки замони ҳукмронии сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Зиёриён, Бувайҳиён дар ҳудудҳои тоҷикзамини таърихӣ мебошад, дар қиёс ба ҳукумати Аббосиҳо ва сулолаҳои минбаъда, зан то андозае аз ҳуқуқҳои худ бархурдор буд. Дар давлати Сомониён ҳатто зан то ба мақоми подшоҳӣ расида буд ва ҳамчун ходими сиёсию давлатӣ усули махсуси идораи давлатро роҳандозӣ намуд. Масалан, соли 976 ҳангоме, ки амири Сомониён Мансури I (961-976) вафот кард, давлатдорӣ ба ӯҳдаи валиаҳди ӯ – писари 13-солааш Нуҳи II расид. Аммо аз сабаби хурдсолӣ амалан идораи давлат дар дасти модари ӯ, яъне завҷаи амир Мансури I буд. Дар таърихи миллати мо то густариши ислом занони сиёсатмадор ба монанди Фаронак (модари шоҳ Фаридуни пешдодӣ), Гурдофарид (паҳлавондухтари ориёӣ), Заррина (маликаи сакоиҳо), Мондоно (модари Куруш), Спак (модархонди Куруш), Томарис (маликаи массагетҳо), Косондон (завҷаи Куруш), Отсо ё Отусо (духтари Куруш ва зани Дориюши Кабир), Сататира (Ситора, духтари Дорои III), Обона (Апама, духтари Спитамени диловар), Рухшона (духтари волии Бохтар Вахшуварт), Ютоба (муборизи зидди мақдуниҳо), модари Шопури II, Гурдия (хоҳари Баҳроми Чӯбина), Марям, Сирӣ — Ширин (занони Хусрави Парвиз), Бӯрондухт, Озардухт (маликаҳои Сосониён), Шаҳрбону (духтари Яздигурди III), Хуррама (завҷаи Маздак), Хутак (маликаи Бухоро) ва ғайра хеле зиёд буданд.

Бо таъсири сиёсати фарҳангпарварона ва инсондӯстонаи давлати Сомониён чанде аз занон дар ин қаламрав чун чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг падидор шуданд. Бархе аз занон дар муҳити хонаводагӣ соҳибмактаб буданд. Аз ин ҷост, ки бисёри бузургони мо нахуст устоди хеш модари худро медонанд. Дар аҳди Сомониён теъдоди чунин занони донишманд бе зикри номашон хеле зиёд буданд. Мутаассифона, зикри номи занонро бархе аз рӯҳониёни хурофотӣ ҷоиз намедонистанд ва ифшои онро ба бенангии мардони хонадон алоқаманд мекарданд. Аз ин рӯ, исми бисёре аз онҳо дар хотираи таърих намондааст. Дар ин миён ҳатто занони донишманде буданд, ки дар мавриди додани ҳар гуна фатвоҳои ҳуқуқӣ низ нақш доштанд. Ҳамин паҳлӯи мавзӯъро дар замони Сомониён донишманди эронӣ Муҳаммадризои Ноҷӣ таҳлил намуда, аз ҷумла чунин менависад: «… дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва дигар шаҳрҳо, вақте фатвое аз хонаи олиме содир мешуд, ҷуз хатти соҳибхона, хатти духтар ва ҳамсар, хоҳар ва дигар бастагони ӯ низ дар пои он буд». Ҳамин тавр, дар хонадони ҳар як нафар олиму мударрис зане соҳибдилу равшанфикр вуҷуд дошт, ки бо қалби худ чароғи хонадону ҷомеа буд. Дар шаҳрҳои марказӣ теъдоди занони соҳибмактаб бештар буд. Аслан онҳо духтарбачаҳо ва ё писарони хурдсолро таълим медоданд. Маҳз чунин модарони боиффату солеҳа буданд, ки дар домони поки эшон чеҳраҳое ба монанди Исмоили Сомонӣ, Наср ибни Аҳмад, Табарӣ, Балъамӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Абӯшакури Балхӣ, Наршахӣ, Ҷайҳонӣ, Утбӣ, Гардезӣ ва садҳо нафарони дигар парвариш ёфтанд.

Бо мақсади ошноии бештар метавон чанде аз онҳоро муаррифӣ намуд, ки дар адабиёти таърихӣ номашон ҳифз шудаанд.

Қозии Ҷузҷон Муҳаммад ибни Аҳмади Абириҷо духтаре дошт, бо исми Хадиҷа, ки ҳамчун фақеҳ, муҳаддис шӯҳрат ёфта буд. Хадиҷа забони арабӣ ва фиқҳро аз падар ва модари хеш меомӯзад. Ӯ муддати сад сол умр мебинад ва дар хонаи хеш мактаби духтаронаеро сарварӣ мекард.

Бонуи дигар бо номи Каримаи Кушмиҳании Марвазӣ (асрҳои Х-ХI) мебошад, ки аз сабаби истиқомат дар Макка бо лақаби «Муҷовира» (бошандаи назди ҷойҳои муқаддас) машҳур шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Марв буда, дар ҷавонӣ аз донишмандон Абӯалӣ Зоҳир ибни Аҳмади Сарахсӣ ва Муҳаммад ибни Маккӣ ибни Муҳаммади Марвазӣ ҳадис омӯхтааст. Дар донистани адабиёту ҳикмат ҳам ҳамто надошт. Бинобар навиштаи Муҳаммадризои Ноҷӣ ӯ зани фозилу донишманд буда, дар тӯли ҳаёт издивоҷ накардааст. Ҳамроҳи падараш Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳотам ба сафари Байтулмуқаддас ва Макка рафтааст. Ба навиштаи ин донишманд Карима борҳо «Саҳеҳ»-и Бухориро ривоят кардааст ва касоне чун Хатиби Бағдодӣ аз ӯ ривоят намудаанд.

Яке аз бузургтарин чеҳраҳои фарҳангӣ Робияи Балхӣ мебошад. Ӯ яке аз шоираҳои номвари аҳди Сомониён буд, ки дар эҷодиёташ ишқи поки инсониро тараннум намудааст. Роҳбари Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Забони миллат – ҳастии миллат» доир ба Робияи Балхӣ чунин менависад: «Робиа бинти Каъби Қаздории Балхӣ аз нахустин бонувони сухансарои аҳди сомонист, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ шеърҳои ошиқонаи ҷаззобу рангин сурудааст... Аз ашъори ӯ маҷмӯан то рӯзгори мо 55 байт боқӣ мондааст. Забони ашъораш аз лутфи табъ ва рангинии хаёлаш дарак медиҳад». Дар воқеъ, Робия яке аз занони озода ва озодандеш буд ва аз ишқи покаш бо нафаре бародараш огоҳ шуда, ӯро мекушад. Бо ин Робиа бадном мешавад. Умуман, дар ҳавзаҳои илмию адабии Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ҳисор, Ҳироту Балх, Марву Нишопур ва ғайра чунин занони соҳибмаърифат ва рӯшанфикр бо теъдоди ангуштшумор вуҷуд доштанд, ки ҳар яке мақоми муайянеро соҳиб буданд.

Зан – модар маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ мақоми бештар пайдо намуд. Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки дар воқеъ, нақши занон дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа сол то сол меафзояд.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».Бонувони таърихсози тоҷик

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: