Тирамоҳ. Ҳаво андак сард буд. Нурҳои заррини офтоб ба ҷисми инсон рӯҳи тоза мебахшид.
Модар дар паси миз нишаста чой менӯшид. Чашм аз тиреза наканда, ба фикр фурӯ рафт ва дар ҳамин лаҳза фарзандонаш як-як аз пеши назараш гузаштанд. «Худоро шукр» гуфт зери лаб ва нафаси сабуке кашид. Ба гирду атроф нигоҳ кард, касе набуд. Аҳли хонавода ҳама аз пайи кору бори худ рафта буданд. Баногоҳ, ҳамон шаби машъуми фаромӯшнопазир, ки 34 сол қабл рӯй дода буд, фикру хаёлҳои модарро парешон кард...
Моҳи феврал. Осмонро абрҳои сиёҳ фаро гирифта. Шаби сарди зимистонро гоҳ-гоҳ раъду барқ равшан менамуд. Дар хонае, ки чароғ хира месӯхт, модар парешонхотир фарзандонашро оббозӣ медаровард, то онҳоро саҳар ба аёдати падарашон, ки як ҳафта боз дар бемористони ноҳия бистарӣ буд, барад.
Пас аз анҷоми кор, хонаро ба тартиб меовард, ки чанд нафар аз хешовандон омаданд. Модар дасту по хӯрд. Аз ташрифи ғайричашмдошти ёру дӯстон ва нигоҳҳои ғамгину музтарибҳоли онҳо ҳайрон буд. Дар ин лаҳза аз берун нолаву фарёди чанди дигар ба гӯш расид. Модар худро аз байни хаёл раҳо карда, ба берун шитофт. Дилаш нохушиеро пай бурд. Гиря гулӯгираш кард. Фикрҳояш парешон буданд.
Борон чун сел меборид. Гӯё осмон низ ашк мерехту дилу ҷигарро об мекард. Доду фиғон торафт баландтар мешуд ва ҳама бо чашми пурашк ба фарзандони кӯчак ва модари ҷавон менигаристанд. Торафт шумораи одамон меафзуд ва пас аз чанде овози мошине ҳамаро андаке ба худ овард. Вақте ки ҷасади беҷони падарро аз мошин фароварданд, садои гиряву нола дубора ба само печид. Аммо... Модар гиря намекард. Гӯё дидагонаш ях баста буданд. Бо нигоҳҳои рамздоре гоҳ ба фарзандон, гоҳ ба ҷисми беҷони шавҳар менигарист. Бовар намекард, ки такягоҳи хонадон, соябони сараш аз олам гузаштааст, онҳоро ба як умр тарк кардааст. «Чаро? Барои чӣ? Наход...» ба худ суол мекард ӯ. Чунки чунин пешомадаро ба гӯшаи хотир наоварда буд. Ҳатто тасаввур намекард. Аммо марг ҳақ буду зиндагӣ идома меёфт...
Пас аз гузаронидани маъракаҳои падар, зиндагии сахту ҷонкоҳ, сангину пурғам барои модар оғоз гашт. Танҳо дар бораи ояндаи панҷ фарзанди норасидааш, ки калонӣ 16-солаву хурдӣ 2-сола, фикр мекард. Барояш дигар оламе вуҷуд надошт. Зеро ҳамон солҳо рӯзгор бисёр душвор буду ӯро ёвару мададкоре набуд.
Танҳо ӯ Худо дошту бас...
Парвардигори меҳрубон ба имдодаш расид. Модари мушфиқ фарзандонашро бо сахтиҳо, мушкилу азобҳо ба воя расонд. Модари дилсӯз ба тақдири носозгор ва пурдарди ғамбор сабр намуд, ба вазниниҳои ҳаёт таслим нашуд ва дилбандони худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, ба онҳо ғамхорӣ намуд...
Модар буду ДУО дошт. Дуояш бо Худо буд. Дуояш буд, ки навниҳолонаш дарахт гаштанд, кабӯтаронаш лона бастанд. Тамоми ҳастӣ, ҷавонӣ, ҳусну тароват, орзуву омолашро ба ҷигарбандонаш бахшид. Ӯро Худо мададгор буд ва чун фариштаи хонадон дуогӯи фарзандон гардид. Дар партави дуои модар фарзандон калон шуданд, соҳиби хонаву ҷой гаштанд ва ҳама дар ҷомеа мавқеъ пайдо карданд.
Худоё, тамоми модарони дунёро нигаҳ дор, ба фариштаҳои рӯйи олам умр ато кун!
Дилноза РАҲМАТОВА.