Ту беҳамтоӣ модар...

Зи ҳарфат дар ҷаҳон хуш гавҳаре нест,

Чу қалбат боз, ай модар, даре нест.

Чи бисёранд модарҳои мушфиқ,

Вале мушфиқтар аз ту модаре нест.

Абдулло Субҳон.

Солҳои донишҷӯйӣ буд. Рӯзе як муҳаққиқ гуфт: «Ба пиндори ман нафаре асари бузурге дар бораи модар ва дар пояи модар эҷод накардааст. Ҳар он чӣ навиштанд, худ ҳам аз он қонеъ набуданд, чун аз ҳазор якеро аз меҳри модар, хидмати модар арза надоштанд. Ва аҷзи худро дар ин ҳол бештар дарёфтаанд».

Ман низ мақсад гузоштам, ки чизе бинависам, дар бораи модар, агарчӣ ҳеч арзише пайдо накунад, агарчӣ он шукӯҳ, обрӯ, матонат, меҳр, шафқат, зебоӣ, дилрабоии ӯро зоҳир насозад.

Модари пире дар гармои тобистон аз сари роҳ ба духтараш, ки дар пахтазор кор мекард, фарёд мезанад: «Биё, ҷон духтарам, худро барои кор насӯзон!». «Меоям» мегуфт духтар, аммо намеомад. Баъд модар фарзанди ӯро дар сари роҳ мегузорад ва боз бо овози шунаво мегӯяд:

«Мебинӣ, фарзандат дар зери офтоби сӯзон аст! То ту наоӣ, ӯро аз ин ҷо намебарам». Дигар зориҳои духтари ҷавон ба гӯши модари пираш намерасид. Ва модар пас аз он ки ӯ ба хотири фарзандаш омад, мегӯяд: «Дидӣ, духтарам, фарзанд барои модар чӣ қадар азиз аст?! Охир ман ҳам барои ту месӯзам. Ту ҳам барои ман азизӣ».

Марде, ки маълули ҷанг буд, мегуфт: «Шумо хушбахтед, ки медонед гӯри модаратон дар куҷост. Ман намедонам! Агар медонистам, ба зиёраташ мерафтам. Аз ин рӯ, худро бадбахт меҳисобам». Дар ҷавоби ӯ марде изҳор медошт: «Худро бадбахт машмор, барояш аз хона ҳам дуо бифирист, рӯҳаш шод мегардад. Аммо биандеш, тасаввур намо, ҳоли модаронеро, ки фарзандонашон аз ҷанг барнагаштанд ва намедонистанд гӯри онҳо дар куҷост, чӣ гуна?»

Ба хотир овардам, ки падари омӯзгорам зуд-зуд ба зиёрати гӯри модараш мерафту маро ҳамроҳ мегирифт, то бароям дарс бошад, дарси ибрат. Ашкҳои шашқатори ӯро медидаму дар тааҷҷуб меафтодам. Баъд дар бораи модараш мегуфт, ки донотарин, маҳбубтарин, меҳрубонтарин модари рӯйи олам модари ӯст. Чашмони падарам ҳамеша пур аз ғам буд ва овозаш низ: намедонам барои модари худ ё додари аз даст додааш. Қуръонро, бо овоз мехонду маро ҳам мегирёнд.

Дар ин рӯзи бонувон бо дуову ёди нек рӯҳи ӯро шод менамоем. Чунонки шоири шинохтаи тоҷик Паймон фармудааст:

Нагӯям ҷуз дуъои ту, нагӯям модари ҷонам,

Напӯям ғайри ройи ту, напӯям модари ҷонам.

Дарахти умрам арчи гашта ҳолӣ пиру баргафшон,

Ҳанӯз орои дастони ту ҷӯям, модари ҷонам.

 

Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: