Аз он рӯзҳое, ки ҳанӯз кӯдак будам, дар гӯшаи хона садои ҷозибадори радио маро ба олами дигар мебурд.
Он овозҳо, он лаҳни самимии сухандонҳо маро мафтун мекарданд. Ҳар бор ба ин садоҳо гӯш медодам, дар дил як орзу мекардам: оё рӯзе мерасида бошад, ки овози ман ҳам аз радио танин андозад?
Солҳо гузаштанд. Орзуҳои кӯдакӣ низ ҳамчунин, вале як орзу орзуе, ки садоям дар радио пахш шавад, ҳамеша дар дилам зинда монд. Ман ба зиндагӣ қадам ба қадам ворид ва ба орзуҳои худ беш аз пеш наздиктар мешудам. Ва имрӯз он орзуи ширин, он орзуи кӯдакона, либоси амал пӯшид ва аз ин хеле сарфарозам!
Акнун ман на танҳо шунавандаи одӣ, балки касе ҳастам, ки барои дигарон барнома пешниҳод мекунад, дар паси микрофон менишинад ва ба ҳазорҳо шунаванда сухан мерасонад. Баромади радиоӣ на танҳо хондани матн, балки ба қалб роҳ кушодан, дар ҳар ҷумла нур рехтан, бо овози худ ҷаҳонро каме самимитар кардан аст.
Санъати сухандонӣ ё наттоқӣ ҳунарест, ки таппиши баланди дил мехоҳад, эҳсоси масъулият мехоҳад. Овози ширин онро зебу зиннат мебахшад.
Ҳар боре ки паси микрофон нишаста ба мухлисони гуфторҳои тоҷикӣ барномаи навбатиро пешкаш мекунам, эҳсос менамоям, он кӯдаке, ки солҳои пеш дар гӯшаи хона ба садои радио гӯш медод, ҳоло орзуҳояшро амалӣ менамояд ва ҳар рӯз дар соати муқарраршуда мардуми зиёд ба садои ӯ гӯш медиҳанд. Оё ин хушбахтӣ нест?
Вақте аввалин бор дар паси микрофон нишастам, дилам бо овози худ ҳамнафас шуд. Ҳис мекардам, ки ҳар сухан, ҳар калима ва ҳар нафаси маро шунавандагон эҳсос мекунанд. Он лаҳза фаҳмидам: радио танҳо садо нест, ин масъулият, муҳаббат, пайванди байни қалбҳо аст.
Дар ҷараёни кор омӯхтам, ки ҳар ҷумла бояд ҳаётӣ бошад, суханоне, ки аз замири дил баромадаанд, ҳатман ба қаъри дилҳо медароянд. Шояд ҳамин аст асрори радио.
Ҳар рӯз бо муҳаббат вориди студия мешавам. Лаҳзае, ки чароғи сурх фурӯзон мешавад, гӯё тамоми дунё хомӯш мемонаду фақат овози ман танин меандозад.
Ин роҳ осон набуд. Забон, нутқ, тарзи талаффуз, эҳсос, лаҳн – ҳама омӯзиш сабр ва меҳнат мехост. Аммо ҳар қадам, ҳар заҳмат, ҳар мушкил маро ба орзуи деринаам наздиктар мекард. Ман омӯхтам, ки овоз танҳо ҳунар нест, масъулияти ҳамарӯза аст: масъулияти эҳтироми шунавандагон, масъулияти дуруст интихоб ва талаффуз кардани вожаҳову ҷумлаҳо, масъулияти ба ҳар кас расонидани порае аз меҳр.
Аз хабарҳои ҷаҳон огоҳ гардонад туро,
Мекунад дил шод оҳангу ҳавои радио.
Радио ба ман омӯзонд, ки ҷаҳонро танҳо бо чашм не, балки бо гӯши дил ҳам бубинаму бишнавам. Садои одамон, қиссаҳои онҳо, хурсандиву ҳайронӣ, ғаму шодӣ – ҳама дар баҳри овоз ғӯта мезанаду дар дилҳо ҷой мегиранд. Ҳоло, ҳар боре, ки барнома пешкаш мекунам, дар дилам шукр мегӯям, ки дар пешаи интихобкардаам устувор мондаам, орзуҳоям дар ҳаёт ба воқеият табдил меёбанд.
Бесабаб орзу дар дили инсон пайдо намешавад – ҳар орзу паёми пинҳонии тақдир аст, ки ба ту мегӯяд: «Ту метавонӣ, онро амалӣ кунӣ, агар ба роҳи иҷрои орзуҳо ба сафар бароӣ».
Ман имсол гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғонаро хатм хоҳам кард. Соли чорум аст, ки дар радиои вилоят ба ҳайси муҷрии гуфторҳои тоҷикии он ифои вазифа менамоям. Ният дорам, ки таҳсилро дар магистратура низ давом диҳам.
Шукр, ки аз донишҷӯёни пешсафи факулта мебошам ва борҳо бо «Ифтихорнома»-и ректорат ва деканат сазовор гаштаам. Соли 2025 мукофоти Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро, ки барои ҷавонони боистеъдод таъсис додааст, ба даст овардам.
Дар чандин чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ровигӣ кардам, маҳфилҳоро сарварӣ намудам.
То марҳилаи ҷумҳуриявии озмун барои Мукофоти давлатии Зулфия расидам, вале толеъ мадад накард, ки дар миёни 10 нафари дигар барандаи ин ҷоиза шавам. Аммо ҳаргиз рӯҳафтода нестам, чунки то марҳилаи вилоятӣ расидану баъдан дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ ширкат намудан – ин худ ҳам бахт ва ҳам муваффақияти бузургест. Маъмурияти донишгоҳе, ки он ҷо таҳсил мекунам, маҳз мани тоҷикдухтари деҳотиро барои ширкат дар ин озмун тавсия намуд, ки то марҳилаи ҷумҳуриявӣ расидам.
Дарвоқеъ, ман зодаи деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх ҳастам. Мактаби деҳаро бо медали тилло тамом кардам ва бо гранти давлатӣ ба донишгоҳ дохил шудам. Насиб бошад, онро бо дипломи сурх хатм хоҳам кард.
Падару модарам одамони одӣ, вале равшанфикранд. Як ҳамшираву ду бародар низ дорам, ки яке имсол донишгоҳро хатм мекунад ва дуи дигар барои ишғоли курсии донишҷӯӣ талош ба харҷ медиҳанд.
Ҳофизи Шерозӣ барҳақ фармудааст: «Қадам бурун неҳ, агар майли ҷустуҷӯ дорӣ»
Фархунда РАВШАНЗОДА,
наттоқи гуфторҳои тоҷикии Ширкати садо ва симои
вилояти Фарғона.