Ҳиҷоб рамзи иффат аст

  • Ҳиҷоб рамзи иффат аст
  • Ҳиҷоб рамзи иффат аст

Имрӯз масъалаи ҳиҷоб ва ҳиҷобпӯшӣ танҳо як мавзӯи динӣ нест, он ба баҳси виҷдон, фарҳанг, ахлоқ ва масъулияти шахсӣ табдил ёфтааст.

 Мо дар ҷомеаи муосир  як падидаи ҷолибро мушоҳида мекунем: шумораи ҳиҷобпӯшон меафзояд, аммо ҳамзамон дарки маънои аслии ҳиҷоб каму коста  мегардад. Саволе ба миён меояд: ҳиҷоб танҳо сарпӯш аст ё тарзи зиндагист?Дар таълимоти исломӣ ҳиҷоб пеш аз ҳама мафҳуми сатрро дорад, яъне ҳифз ва нигоҳдории шарафу иффати шахс, ба хусус зан  мебошад. Ҳадафи он маҳдуд не, балки муҳофизат кардани зан аст. Аммо воқеияти имрӯз нишон медиҳад, ки  ҳиҷоб баъзан танҳо ба як унсури зоҳирӣ мубаддал мегардад.

Дар кӯчаву хиёбон, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра духтаронеро мушоҳида мекунем, ки ҳиҷоб доранд, вале либоси танг, рафтору гуфтори номуносиби эшон бо маънои ин арзиши муқаддас ҳамоҳанг нест. Ин ҳолат ҷомеаро ногузир ба андеша мебарад:

Оё мо мазмунро қурбони зоҳир намекунем?

Ҳиҷоб, агар танҳо сарбанд бошаду ахлоқ онро ҳамроҳӣ накунад, арзиши худро аз даст медиҳад. Чун рафтор, гуфтор ва одоби инсон бо либосаш мувофиқат намекунад, ҳатто ҳиҷоб ҳам аз рамзи иффат ба намоиши бурду бемаънӣ табдил меёбад. Дар ин ҳолат айб дар ҳиҷоб нест, балки мушкил дар идроки  нодурусти он аст.

Барои равшан намудани мавқеи шариат дар ин масъала мо бо Имом-хатиби деҳаи Лангари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Мулло Эронқул ҳамсуҳбат шудем.

Ба гуфтаи ӯ, ҳиҷоб танҳо рӯйпӯш нест, балки як низоми ахлоқист:

«Ҳиҷоб, пеш аз ҳама, ҳифзи иффат ва каромати зан аст. Сатр ҳам барои мард ва ҳам барои зан фарз мебошад».

Дар таълимоти исломӣ талаботи ҳиҷоб танҳо ба либос маҳдуд намешавад. Ҳаё, одоб, гуфтори нарм ва рафтори шоиста ҷузвҳои ҷудонопазири онанд. Тавре Сӯфӣ Аллоҳёр фармудааст:

Сурхии рӯйи зан зи пинҳонист,
Сарфарозии ӯ мусалмонист.

Яъне ҳусни ҳақиқӣ на дар намоиши зоҳирӣ, балки дар ҳифзи арзишҳост.

Имрӯз мутаассифона,  бархе аз ҷавонон ҳиҷобро ҳамчун мӯд ё нишони зоҳирӣ қабул кардаанд, ки он на танҳо маънои динӣ, балки арзиши фарҳангиро низ заиф месозад. Зеро ҳиҷоб интихоби маънавист, на тамоюли иҷтимоӣ.

Бояд дарк кард, ки  ахлоқ танҳо масъулияти занону духтарон нест. Ҷомеа, муҳити тарбия, рафтори мардон ва фарҳанги умум низ дар посдошти арзишҳои шарму ҳаё нақши калидӣ доранд. Ҳиҷоб вақте маънӣ пайдо мекунад, ки ба он муҳит низ эҳтиром гузорад.

– Ҳиҷобдорӣ бояд тавъам бо идрок ва имон бошад. Имони иҷборӣ устувор намемонад, – мегӯяд имом-хатиб.

Воқеъан, интихоби огоҳона арзишмандтар аст аз итоати иҷборӣ.

Дар Ӯзбекистон озодии виҷдон кафолат дода шудааст. Аммо озодӣ ҳамеша бо масъулият ҳамқадам аст. Интихоби ҳиҷоб маънои бар дӯш гирифтани рамзи ахлоқ ва фарҳанг мебошад.

Ҳамзамон ҷомеа низ бояд одил бошад. Танқид метавонад созанда бошад, аммо таҳқир ё тамасхур танҳо ҷудоӣ меофарад. Зеро ҳиҷоби воқеӣ пеш аз ҳама аз қалб оғоз мешавад.

Хулоса, мо бояд ҳиҷобро ҳамчун арзиши ахлоқӣ ҳифз бикунем ва ба нишони зоҳирӣ табдил надиҳем.

Д. ДОНИЁР.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: