Дуои шумо маро ҳифз мекунад!

Модар… Ин калимаро ба забон овардан кифоя аст, то дар қалби инсон гармӣ ва меҳру муҳаббат бедор шавад.

Зеро модар рамзи меҳру шафқат, намунаи сабру матонат, мактаби фидокорӣ ва бахшандагист. Модар — аввалин муаллим, аввалин устод ва аввалин роҳнамои зиндагии мост. Инсон аз лаҳзаи нахустини ба дунё омадан бо меҳри модар бузург мешавад, бо дуои ӯ нерӯ мегирад ва бо боварии ӯ болу пар меёбад.
Модарҷон, шумо барои ман на танҳо шахсе ҳастед, ки ҳаёт бахшидаед, балки шахсияте ҳастед, ки тамоми тақдири маро шакл додаед. Ҳанӯз вақте ки қадамҳои нахустини худро мегузоштам, маро эҳтиёт кардаед, тарсу ҳаросамро бо гармии қалбатон таскин додаед, ба ҳар як нозу ниёзҳои ман сабр кардаед. Ҳамаи ин лаҳзаҳо дар хотираи ман нақш бастаанд.
Ман тасаввур мекунам, ки вақте бори аввал “модар” гуфта будам, чӣ қадар шод шуда будед ва аз қадамҳои аввалини ман чӣ гуна фахр мекардед. Аз ҳамон рӯзҳо шумо орзуву умедҳои худро бо бахти фарзандон пайвастед. Шумо пеш аз ҳама моро фикр кардед, оромии худро не, балки осудагии фарзандонро болотар гузоштед.
Агар имрӯз ман дар зиндагӣ ба чизе ноил шуда бошам, агар эътимоди мардумро ба даст оварда бошам, дар ҳамаи ин заҳмат, тарбия ва дуои шумо ҷой дорад. Ба шарофати тарбияи шумо ман ростқавлӣ, адолат ва меҳру инсондӯстро меъёри асосии зиндагии худ донистам.
Шумо ба ман омӯхтед, ки қадри инсонро баланд бидонам, ба бузургсолон эҳтиром гузорам ва ба хурдсолон меҳрубон бошам. Панди шумо — «некӣ кун, ҳатто агар барнагардад ҳам, пушаймон нашав» — ба шиори зиндагии ман табдил ёфтааст. Самимият, соддагӣ ва покдилии шумо барои ман бузургтарин намуна аст.
Модарҷон, инсон дар зиндагӣ бо озмоишҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Душвориҳо, ташвишҳо ва масъулиятҳо инсонро қавитар мегардонанд. Аммо ман дар ҳеҷ ҳолат худро танҳо эҳсос намекунам. Зеро медонам, ки пушти сарам дуои шумо, боварии шумо ва меҳри шумо қарор дорад. Дуои модар пурқувваттарин паноҳ ва мустаҳкамтарин сипар аст.
Модарҷон, ман наметавонам меҳри шуморо бо ягон сухан пурра баён кунам. Зеро меҳри модар беандоза, бемисл ва абадист. Ҳатто агар тамоми суханони зебои дунё ҷамъ оварда шаванд ҳам, барои тасвири меҳри модар басанда нахоҳанд буд.
Модарҷон, шумо на танҳо ифтихори ман, балки ифтихори тамоми оилаи мо ҳастед. Роҳи зиндагии шумо мактаби ибрат аст, ки аз фидокорӣ, сабр ва меҳр саршор мебошад. Мо аз шумо дуруст зиндагӣ карданро омӯхтем.
Идатон муборак бошад, модари азизам!

Малика Қодирхонова,
узви Кумитаи ҷавонон, занон, фарҳанг ва варзиши Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: