Барои табобати бемории Паркинсон аввалин дору дар ҷаҳон тасдиқ шуд

Доруи Amshepuri бар асоси ҳуҷайраҳои асабие таҳия шудааст, ки аз ҳуҷайраҳои пояи индуксияшуда (iPS-ҳуҷайраҳо) парвариш ёфтаанд ва барои пайванд (трансплантатсия) ба беморони гирифтори бемории Паркинсон пешбинӣ гардидааст.

Дар Ҷопон доруе, ки барои табобати бемории Паркинсон бар асоси ҳуҷайраҳои пояи индуксияшуда (iPS-ҳуҷайраҳо) таҳия шудааст, иҷозаи истифода гирифт. Дар ин бора вазири тандурустӣ, меҳнат ва некуаҳволии Ҷопон Кэнъитиро Уэно ба рӯзноманигорон хабар дод.
«Истеҳсол ва фурӯши ду дору тасдиқ гардид», — таъкид кард ӯ.
Доруи Amshepuri бо истифода аз ҳуҷайраҳои асабие, ки аз iPS-ҳуҷайраҳо парвариш шудаанд, таҳия гардида, барои трансплантатсия ба беморони гирифтори бемории Паркинсон пешбинӣ шудааст. Ин дору аз ҷониби Институти тадқиқ ва татбиқи iPS-ҳуҷайраҳои назди Донишгоҳи Киото дар ҳамкорӣ бо ширкати фармасевтии Sumitomo Pharma таҳия шудааст.
Моҳи апрели соли 2025 Донишгоҳи Киото натиҷаҳои озмоишҳои клиникиро нашр кард, ки нишон медоданд баъд аз трансплантатсияи ин ҳуҷайраҳо дар баъзе беморон тағйироти мусбат ба назар расидааст. Моҳи августи соли 2025 ширкати Sumitomo Pharma барои гирифтани иҷозати истифодаи ин дору бо номи тиҷоратии Amshepuri дархост пешниҳод намуд ва он аз раванди махсуси баррасии босуръат гузашт.
Ҳамчунин доруи Reheart, ки бар асоси iPS-ҳуҷайраҳо барои табобати кардиомиопатияи ишемикӣ таҳия шудааст, низ тасдиқ гардид. Барои ҳар ду дору дар ҷаҳон ҳоло ҳеҷ гуна монанд (аналог) вуҷуд надорад.
Пас аз он ки олими ҷопонӣ Синъя Яманака барои таҳқиқотҳои худ дар бораи ҳуҷайраҳои поя соли 2012 ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тибро гирифт, таваҷҷуҳ ба ин самт ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар ҳукумати Ҷопон чандин маротиба афзуд. Тибби барқарорсозанда ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди илм эълон гардидааст.
iPS-ҳуҷайраҳо ҳангоми таъсири баъзе моддаҳои кимиёвӣ метавонанд ба ҳар гуна навъи ҳуҷайра табдил ёбанд. Аз ҷиҳати назариявӣ ин имкон медиҳад, ки барои узвҳои гуногун бофтаҳо парвариш карда шаванд. Дар ин бора tass.ru хабар медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: