Наврӯз: чорабиниҳои бузург дар саросари кишвар баргузор мешаванд

Фармони Президент "Дар бораи омодагӣ ва баргузории Иди миллии Наврӯзи соли 2026" қабул карда шуд.

Мувофиқи қарор, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни умумимиллии Наврӯзи соли 2026 тасдиқ карда шуд.

Тибқи қарор, барномаи чорабиниҳои ташкилӣ, амалӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва таблиғотӣ барои таҷлили сазовори Наврӯз, ки ғояи наҷиби "Ҷашни Наврӯз ҷалоли инсон аст!"-ро дар бар мегирад, тасдиқ ва татбиқи он таъмин карда мешавад.

Бо дарназардошти он ки ҷашни Наврӯзи имсола ҳамоҳанг бо Иди Рамазон таҷлил мегардад ва ин ҳолат арзишҳои инсондӯстиро боз ҳам тақвият медиҳад, аз ҳолу аҳволи шахсоне, ки дар хонаҳои «Меҳрубонӣ», «Саховат» ва «Мурувват» зиндагӣ мекунанд, хабар гирифта мешавад.

Дар доираи лоиҳаи умумихалқии  "Фазои сабз" чорабиниҳои пешбинишуда амалӣ гардида, аксияҳои «Ман ҳам ниҳол мешинонам» ва ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил карда мешаванд.

Дар маҷмааи "Ӯзбекистони нав"-и Тошканд рӯзҳои ид тибқи барномаи махсус ташкил карда мешаванд.

ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: