Аввалин журналистзани ӯзбек

Чанде пеш дар назди бинои Маркази эҷоди контентҳои миллӣ пайкараи аввалин журналистзани ӯзбек – Собира Холдорова гузошта шуд, ки ин иқдоми нек гиромидошти хотираи бонуи соҳибқалам мебошад.

Собира Холдорова соли 1907 дар шаҳри Чусти вилояти Намангон дар оилаи деҳқони камбағал дида ба дунё кушодааст. Соли 1923 ба Тошканд омада, дар Институти муаллимтайёркунии занону духтарон ду сол таҳсил мегирад. Дертар дар Институти журналистикаи олии Маскав хондааст. Тӯли солҳо дар  таҳририятҳои газетаву маҷаллаҳои гуногуни Тошканд фаъолият бурдааст. Соли 1937 таҳти айбномаи «роҳ додан ба унсурҳои буржуазӣ ва риоя накардан ба огоҳӣ»  ҳабс шудааст. 5 декабри соли 1940 ба муҳлати даҳ сол ба Якутия бадарға гардидааст.

Шавҳари Собира Холдорова Мӯъмин Усмоновро  4 октябри соли 1938 паррондаанд.

Солҳое, ки модар бадарға буд, фарзандони онҳо Пӯлод ва Манзураро ба хонаи бачаҳо супурдаанд. Соли 1955 Собира Холдорова аз ҳабс баргашта, соли 1984 вафот кардааст. Писараш Пӯлод Усмонов пас аз ҷароҳат гирифтан дар Ҷанги дуюми ҷаҳон  ба ватан бармегардад. Духтараш Манзура Усмонова доктори фанҳои физика-математика.

 Б. Саодат.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: