13-14 март дар саросари кишвар ҳашари васеи умумихалқӣ мувофиқи қарори Девони Вазирон роҳандозӣ шуда, таҳти шиори «Ободии Ватан, пеш аз ҳама, аз маҳалла оғоз меёбад!» баргузор мегардад.
Ҳашар танҳо як чорабинии оддии ободонӣ нест, балки рамзи ҳамбастагӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба муҳити зист ҳам ҳаст. Он ҳамчун суннати деринаи мардуми Осиёи Марказӣ аз қадимулайём воситаи ваҳдати мардум ва роҳе барои ҳаллу фасли масъалаҳои умумӣ будааст. Ин анъана дар шакли муосири худ низ як падидаи муҳими иҷтимоӣ аст.
Бояд гуфт, ки шиори ҳашар – «Ободии Ватан, пеш аз ҳама, аз маҳалла оғоз меёбад!» – худ як барномаи комили иҷтимоист. Маҳалла ҳамчун пояи ҷомеа ва макони ташаккули шахсият нақши калидӣ дорад. Агар ҳар як кӯча, ҳар кадом ҳавлӣ ва ҳар як маҳалла ободу озода бошанд, тамоми кишвар чеҳраи ободу зебо касб мекунад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар дар ҷараёни ҳашар гирду атрофи маҳаллаҳо, нуқтаҳои аҳолинишин, хонаҳои бисёрошёна, ҳавлӣ, гузаргоҳҳо, зиёратгоҳҳо, қабристонҳо, кӯчаву хиёбон ва роҳравҳо ба тартиб оварда мешаванд. Ин амалиёт танҳо як тозаву озода кардан нест, балки боз тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳар як сокини он мебошад.
Ободонӣ, бешубҳа фарҳанги зиндагист. Вақте деворҳои хонаҳо сафед карда, шохаҳои дарахтон бурида ва шакл дода мешаванд, кӯчаҳо тоза мегарданд, майдончаҳои кӯдакон ба тартиб меоянд, дар воқеъ муҳити равонии ҷомеа низ поку мусаффо мегардад.
Ниҳолшинонӣ амали рамзист. Он нишонаи умед, идомаи ҳаёт ва масъулият дар назди табиат мебошад. Ҳар як ниҳол, ки ҳангоми ҳашар шинонида мешавад, паёми неке барои фардост, яъне ояндаи сабзу зебои фарзандону пасовандони мост.
Бояд тазаккур дод, ки ҳашар амали муҳимтарини иҷтимоӣ буда чунин чорабиниҳо ҳисси масъулияти иҷтимоиро тақвият мебахшад. Вақте онҳо ихтиёран барои тоза кардани муҳити зист, обод намудани кӯчаҳо ва шинонидани ниҳолҳо ҷамъ меоянд, худро як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа эҳсос мекунад. Чунин иқдом дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати иҷтимоӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Зеро онҳо мардумро аз иллати бетафовутӣ мераҳонанд ва ба иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа даъват менамоянд.
Ҳашарро ҷашни ҳамбастагӣ номем ҳам, хато намекунем. Воқеъан ин маърака дар бисёр маҳаллаҳо ба як навъ ҷашни ҳамҷиҳативу ҳамраъйӣ табдил меёбад. Ҳамсояҳо якҷо кору суҳбат менамоянд, мушкилоти маҳаллиро баррасӣ мекунанд, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро меҷӯянд. Ин раванд боиси афзудани эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ мегардад. Дар шароите, ки баъзан суръати зиндагӣ мардумро аз ҳам дур месозад, чунин чорабиниҳо имкони дубора барқарор намудани робитаҳои гарму самимии инсонӣ мешаванд.
Ҳашар ҳамчунин баробари аҳамияти иҷтимоӣ, таъсири неки иқтисодиву экологӣ дорад. Тоза кардани гирду атроф, ҷӯйборҳо, нигоҳубини дарахтон ва шинонидани ниҳолҳо сатҳи олудашавии муҳитро коҳиш медиҳад. Муҳити тоза бошад, на фақат ба саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад, балки боз хароҷоти марбут ба бемориҳоро кам менамояд. Аз ҷониби дигар, зебо гардидани маҳаллаҳо ва шаҳру ноҳияҳо метавонад ба рушди сайёҳӣ низ мусоидат намояд. Маълум аст, ки шаҳри озода ва сарсабзу тоза меҳмононро бештар ҷалб мекунад.
Бояд гуфт, ки ҳашар боз масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд аст. Ҳар як сокин бояд хуб дарк намояд, ки ҳашар танҳо вазифаи ташкилот ва идораҳо нест. Ин кори ҳар кадоми мост. Зеро ободии кишвар аз қадамҳои хурд оғоз меёбад.
Ҳашар инъикоси иродаи ҳамбастагиву ҳамҷиҳатӣ ва нишонаи муҳаббат ба Ватан аст.
Ҳикмат Султонзода,
устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.