Муроҷиатномаи пурмазмун ва пурмуҳтавои сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон барҳақ Барномаи пешрафт ва бунёдкории кишвари муқаддасу маҳбуби мост.
Бояд гуфт, ки дар Муроҷиатнома самту вазифаҳои мушаххаси суди нав низ алоҳида таъкид гардидааст.
«Мо барои ба роҳ мондани ҷараёни суди одил корро дар асоси консепсияи «суди рақамӣ» оғоз кардем. Минбаъд бо рақамӣ гардондани марҳилаҳои тафтишот ҳимояи ҳуқуқи инсонро боз ҳам тақвият мебахшем. Дар ин раванд бинобар тамоми марҳилаҳо аз қабули ариза дар бораи ҷиноят то фиристодани парванда ба суд технологияҳои зеҳни сунъӣ ҷорӣ мешаванд, нақши омили инсонӣ коҳиш меёбад», – иброз дошт Президент.
Ин қадами қатъӣ ва муътамад барои таҳкими адолат аст. Аз ҳама муҳимаш, дар фаъолияти судҳо барои навбатпоӣ низоми электронӣ ба роҳ монда шуд. Шаҳрвандон метавонанд аз хидмати дарёфти иттилоъ дар бораи ҷаласаҳои судӣ ба таври онлайн низ васеъ истифода баранд. Барои шаҳрвандон имконият фароҳам оварда шуд, ки шикоятҳои худро ба судҳои болоӣ ба таври электронӣ ирсол намоянд, марҳилаҳои баррасӣ ва натиҷаи парвандаро аз тариқи онлайн пайгирӣ кунанд.
Фармони сарвари давлат «Дар бораи баланд бардоштани сатҳи таъмини адолати судӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ба фаъолияти судҳо ва такмил додани таъминоти моддиву техникии низоми судӣ» корҳои рақамисозии соҳаи судро ба марҳилаи нав баровард. Дар ин поя бо мақсади даст кашидан аз тарзи хаттӣ, тибқи консепсияи «Суди рақамӣ» пешбурди парвандаҳо тадриҷан пурра ба шакли электронӣ гузаронида мешавад.
Боз як навид он аст, ки минбаъд бо ёрии зеҳни сунъӣ имконияти ҳисоб кардани хароҷоти судӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Яъне барои дар фаъолияти суд ҷорӣ намудани технологияи зеҳни сунъӣ инфрасохтори мувофиқи техникӣ офарида, оид ба такмил додани заминаи меъёриву ҳуқуқии ин самт чораҳо андешида мешаванд.
Бо эътимоди куллӣ метавон гуфт, ки дар кишвар бо ташаббуси Президент рақамикунонии фаъолияти судҳо, яъне ба таври ҷиддӣ ва қатъиян кам кардани омили инсониву таъмин намудани адолати судӣ ба роҳ монда мешавад. Зеро, суди одил, пойдевори тамоми иқдоми неки иҷтимоӣ аст. Президенти муҳтарам борҳо таъкид кардааст, ки суд бояд қалъаи адолат бошад, дар Ӯзбекистони Нав бояд ҷараёни суди нав ҳукмронӣ кунад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки соли гузашта дар суди шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ 1501 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ гардид. Нисбати 1281 нафар айбнома эълон шуд. Аз он ҷумла, ба 1233 нафар ҷазо таъин гардида, озодии 359 нафар қисман маҳдуд карда шуд, 39 нафар аз толори суд ба озодӣ баромаданд.
Аксар тафтишоти парвандаи ҷиноӣ дар судҳои сайёр ҷараён гирифтанд ва мардум возеҳу равшан дарк намуданд, ки дар кишвари мо барои ҷиноят ҷазо муқаррар аст.
Мо барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар гузару маҳаллаҳо бо аҳолӣ 289 маротиба суҳбат ва вохӯрӣ гузарондем.
Аз 1-уми март барои шаҳрвандон имконияти дарёфти маълумоти ибтидоии судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тавассути Портали ягонаи интерактивии хидматрасониҳои давлатӣ фароҳам оварда шуд.
Фармони сарвари давлат «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти судяҳо ва таҳкими минбаъдаи кафолатҳои мустақилияти суд» марҳилаи навбатӣ ва муҳими ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Аз соли равон ба зиммаи судяҳои тафтишотӣ ҳуқуқи тағйир додан ё бекор намудани санксияҳо ва чораҳои иҷборӣ дода шуд.
Орифҷон ПАРДАЕВ,
раиси суди шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ.