«Суҳбати ёрони содиқ маҳфили шоҳона аст...»

Қариб як сол пеш дар Хуҷанди бостонӣ воқеаи таърихие рӯй дода буд, ки аз шарофаташ на фақат мардуми ин шаҳру вилояти Суғд, балки кулли мардумони се кишвар – Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон хушҳол гашта, дар дил боз як тухми умеди созандаи сулҳу истиқрорро парварид. 31-уми марти соли гузашта дар айёми Наврӯзу Иди Рамазони шариф сарварони давлатҳои ҳамсояю бародар як рисолати муҳими таърихиро анҷом доданд:

Эъломияи Хуҷандро оид ба дӯстии абадӣ  имзо карданд, дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои се давлат манораи рамзиро чун таҷассуми дӯстии ҷовидонаи ҳамсояҳо рост карданд. Сайри қалъаи Хуҷанд, иштирок дар консерти дӯстӣ ба аҳли минтақа, ки хотирмон буд, як олам таассуроти нек бахшид. Пас аз ин воқеаи сурурбахш дар олами сиёсат таъбири «Рӯҳи Хуҷанд» пайдо шуд. Аз он дам равобити ҳамсоягон дар ҳама соҳа неруи тоза касб намуд, ки алҳол натиҷааш дар зиндагии тамоми мардумони минтақа ба назар мерасад.

Хуҷанд аслан дар мурури таърих ҳамеша шаҳрест, ки ба рушди дӯстию ҳамсоягии нек мусоидат мекунад. Аз файзи ин мароми неки мардумаш шаҳри бостонӣ рӯз аз рӯз дилрабо ва ободтар мегардад.

Чанд рӯз пеш, дар остонаи моҳи шарифи Рамазон, ба ин шаҳр сафар карда, бо як зумра инсонҳои равшанзамир, эҷодгар ва пурмеҳр ҳамсуҳбат шудем. Яке аз онҳо адабиётшинос ва рӯзноманигори маъруф, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидзода буд. Мавсуф ҳамчун раҳбари маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» бисёр тадбирҳои судмандро бо иштироки устодони сухан ва санъаткорони номии вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ созмон додааст. Моҳи феврали соли сипаришуда аъзои ин маҳфил бо роҳнамоии ӯ дар анҷумани «То тавонӣ дӯстиро гум макун», ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, аз сарчашмаҳои адабию мусиқии халқҳои тоҷику ӯзбек нақлҳои хеле пурмуҳтаво карда буданд. Ӯро дар донишгоҳҳои Фарғонаву Сирдарё, Самарқанду вилояти Тошканд дар байни аҳли илму талабагон борҳо дидаем. Саидзода айни ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо лоиҳаи «Қиссаҳои пандомӯз» низ миёни ҳаводорони каломи бадеъ шуҳрат дорад. Зиёда аз ин ношир ҳам ҳаст. Муаллифи рисолаи илмӣ ва китобҳои илмию таълимӣ ва услуби мебошад. Фаъолияташ дар телевизион ва радио низ хеле назаррас буда, ҳаводорони зиёд дорад.

Бо кӯшиши номбурда чандин бор бо иштироки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, профессор Султоналӣ Худойбердиев, адабиётшинос ва шореҳи сиёсӣ Бахтиёр Ҳамдамов маҳфил ороста, як олам завқ бардоштаем. Боре дар чунин як ҳамоиш дар иҷрои собиқадори маориф, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, бародари камина Тошбой Муҳаббатов  таронаи дилчаспе, ки ифодагари рӯҳияти ҳамон ҳолат буд: бо матлаъи «Суҳбати ёрони содиқ маҳфили шоҳона аст», садо дод.

Шеъру суруд хеле бо ҳам мувофиқ омада буданд. Ҳозирини суҳбат ба ҳофиз ва муаллифи шеър тасанноҳо гуфтанд. Пурсидам, ки муаллифи шеър кист? Гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода аст.

Саидумрон Саидзода хоҳиш кард, ки бо ин шахси донишманду шоири сермаҳсул суҳбате биороем. Аммо он гоҳ фурсат даст надод, тавре ки мегӯянд. «Ҳарчи Худо хост ҳамон мешавад». Хушбахтона, дар ин сафари навбатӣ ба дидори ӯ расидем. Қароргоҳашон масҷиди таърихии Шайх Муслиҳуддини Хуҷандӣ, дар бинои намунаи барҷастаи меъмории асрҳои миёна, рӯ ба рӯи бозори машҳури Панҷшанбе будааст. Баробари ворид шудан  Ҳоҷӣ Ҳусайн аз ҷой бархеста, моро бо тавозуъ пазироӣ карданд. Чун шуниданд, ки  аз Тошканд омадаам, баъди пурсупос аз ғалладонаи мизи корӣ сурати бо мурури вақт зардшудаеро бароварданду маро наздашон хонда гуфтанд:

– Қадри ин сурат барои ман хеле баланд аст. Он айёми таҳсил дар мадрасаи Мири Араби шаҳри Бухоро миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта бардошта шудааст. Инҳо собиқ муфтии Ӯзбекистон марҳум Шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф, Акбар Тӯраҷонзода, Фозилқорӣ ва як нафар аз Туркманистонанд...

Сипас Ҳоҷӣ китоберо зери унвони «Ҷавҳари назму насри Мӯсозода» бо соядасташон ба камина туҳфа намуданд. Ман дар бораи китоб ва рисолаҳои ин марди донишманд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доштам. Зиёда аз ин эшон дар мавзӯи «Усули истифодаи оёт ва қиссаҳои қуръонӣ дар достони «Маснавии маънавӣ»-и  Ҷалолуддини Румӣ» кори илмиро ба сомон расонда, номзади илми филология ҳам шудаанд. Яъне баробари илми динӣ улуми дунявиро ҳам амиқ омӯхта, дар мавзӯъҳои мухталифи ҷомеашиносию адабиёт, ахлоқ даҳҳо рисолаи арзишманд навишта шоистаи эътирофи арбобони илму ҷамъият гардидаанд. Забони ӯзбекӣ ва русиро ҳам чун забонҳои арабию форсӣ хуб медонанд. Дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Либиё таҳсил кардаанд ва солҳои охир ба чандин кишвари Шарқу Ғарб сафарҳои хидматиро анҷом додаанд. Солҳои зиёд аст, ки дар вазифаи раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, сархатиби масҷиди ҷомеъи Шайх Муслиҳиддин кор мекунанд.

Азбаски китоби ҳадяшуда аз олами эҷодиашон ҳикоя мекунад, беҳтар аст онро варақ занему дурри маънӣ бардорем. Дар шиносномаи китоб зикр шудааст.  «Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода аз соли 2016 ба эҷоди шеър низ пардохтаанд». «Гавҳари имон мафурӯш», «Бунёди оила дар ислом», «Об дар «Маснавии маънавӣ», «Мифтоҳи асрорнома», «Меъроҷи маърифат», «Даҳ чашмаи анбар», «Гулчини ашъор» (иборат аз ду китоб), «Сиву се суҳбати судманд»  ин аст номгӯйи мухтасари осори Мӯсозода.

Китоби «Ҷавҳари назму насри Мӯсозода» (420 саҳифа) аз ду қисм иборат аст. Қисми якум «Ҷавҳари наср» ном дошта, мақолаҳои олимон ва адибони шаҳири тоҷик, аз зумраи академик Фарҳод Раҳимӣ, У. Ғаффоров, С.Саидов, Гулназар, Абдулманнони Насриддин, Н.Салимӣ, Н.Нурзод ва дигаронро оид ба эшон дар бар гирифтааст. Мақолаҳо аз муҳтавои баланди тафаккур ва эҷоди ин марди майдони сухан далолат менамоянд: Мо аз хондани мақолаҳо, ки мазмуну муҳтавои хуб доранд, лаззат бурдем.

Қисмати дуюми китоб дар мавриди назми шоир баҳс мекунад. Шоирони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод, Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Назри Яздонӣ, Озарахш, олимон Фарҳод Раҳимӣ, Мирзо Муллоаҳмадов, Абдуҳаким Шарифов, Умеда Ғаффорова, Саидумрон Саидов, Тоҷибой Султонзода ва дигарон назари хоссаи худро доир ба ҷаҳони шеъру ҳикмати Мӯсозода баён намудаанд. Аз ҷумла Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар мақолааш «Қосиди муждаҳои миноӣ» менависад: «Ҳазрати домуллоҳ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ки бо чароғи ислом, бо партави илму ирфони маърифати фитративу шарофати ҷибилии худ роҳу рӯҳи ҳазор андар ҳазор мардуми хосу омро афрӯзгорӣ мекунанд, дар ҷодаи шеър худро ҷавони бечароғ медонанд ва аз муршидони сухан башорати нур мехоҳанд:

Ман ҷавони бечароғам, раҳнамои ман туӣ,

Гар ғаше пайдо шавад дар дил, сафои ман туӣ».

Хеле орифона!

Ҳадафи худро аз гуфтани шеър Мӯсозода дар охири китоби мазкур чунин маънидод кардааст:

Дар тариқи назми ғайре  ман накардам пайравӣ,

Дар роҳи назму наво як нақши нав пайдо кунам.

Ман намехоҳам, ки фардо ранҷише ояд зи ман,

Ҳам ба бозори ривоят қимате боло кунам.

Гавҳари навсуфтаи ман арзише дорад ба худ,

Гарчи бошам дар ҳарам инкори истиғно кунам.

Хулоса, ходими намоёни диниву ҷамъиятӣ ва шоиру олими варзида Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода роҳи боло бурдани сатҳи маърифати мардум, тарбияи инсон, ҳифзи афкори динӣ аз хурофот заҳмат кашида, вирди забони аҳли хирад гардидааст. Дар ин роҳ ба ӯ аз даргоҳи Худованд барору комёбиҳо таманно мекунем.

Шоқаҳҳори Муҳаббатзод,

узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: