Семинар оид ба истеҳсоли абрешим ва тутпарварӣ

Солҳои охир дар мамлакатамон ба масъалаи рушд додани соҳаи истеҳсоли абрешим, аз ҷумла кирмакпарварию тутпарварӣ эътибор афзудааст.

Дар ин бора Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 майи соли 2024 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ оиди вусъат додани механизмҳои бозор дар соҳаи истеҳсоли пилла ва абрешим” чун асос хидмат мекунад.

Боиси хурсандист, ки дар натиҷаи ғамхориҳо ва имтиёзҳои аз ҷониби давлат фароҳамовардашуда, тавассути ин соҳа дар маҳаллаҳои деҳот миқдори зиёди бекорон соҳиби шуғл, даромад ва собиқаи меҳнатӣ мегарданд.

Кирмакпарварони вилоят ният доранд, ки имсол 52 ҳазору 388 қуттӣ кирмак парварида, 3,2 ҳазор тонна пилла истеҳсол кунанд.

Семинаре, ки дар ноҳияи Бухоро бо иштироки кирмакпарварон ва алоқамандони соҳа ба амал омад, ба ҳамин масъала бахшида шуд. Ҷонишини ҳокими вилоят, сардори Садорати оила ва занону духтарон Ҳафиза Артикова ба тадбир ибтидо гузошта, дар бораи ислоҳоти соҳа, соҳиби кор шудани бонувон суханронӣ кард.

Роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Агропилла”-и вилоят Илёс Темиров дар бораи вазъи абрешимпарварӣ дар вилоят, вазифаҳои пешистода маълумот дод.

Сипас мутахассисон дар бораи усулҳои табъи дили тухмибарорӣ дар инкубатсия, озуқадиҳӣ тавсияҳо пешниҳод карданд.

Баромади профессори Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд Собир Наврӯзов дар бораи асосҳои илмии парвариши кирмак ва технологияҳои муосир, инчунин суханронии мудири лабораторияи Пажӯҳишгоҳи абрешимпарварӣ Сафаралӣ Ҳоҷиматов оид ба тадбирҳои агротехникии кирмакпарварӣ дар фасли баҳор ва мавсими такрорӣ, бемориҳо ва пешгирии онҳо барои иштироккунандагони семинар шавқовар буд.

Дар давоми чорабинӣ оиди усулҳои барпо намудани плантатсияҳои тут, кӯчатгирию пайванди онҳо низ дастуру тавсияҳо дода шуданд.

Амрулло Авезов,

мухбири «Овози тоҷик” дар вилояти Бухоро.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: