Муроҷиатномаи пурмазмун ва пурмӯҳтавои сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон Барномаи пешрафт ва бунёдкории кишвари азизу муқаддаси мо буда, тамоми мардуми мамлакат ҳар як нуктаи онро бо ҷону дил мепазирад ва аз пайи иҷрояш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти мамлакат ба таълиму тарбияи ҷавонон равона шудааст.
Чанде пеш муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар мулоқоти самимӣ бо ҷавонон барои боз ҳам боло бурдани фарҳангу маърифат, донишҳои замонавӣ маслиҳати муфид ироа намуд.
Воқеан Муроҷиатнома, маслиҳату машварати сарвари давлат, роҳнамои бебадалест барои давлату миллати мо, махсусан барои насли наврас.
Устодону шогирдони мактаби мо низ ҷавобан ба ғамхориҳо дар роҳи пиёдасозии дастуру ҳидоятҳо, супоришу ғамхориҳо саъю талош мекунанд, то дар ҳама соҳа пешқадам бошанд.
Фаромӯш набояд кард, ки омӯзгорони соҳибистеъдоду эҷодкор, хонандагони ғайратманду серҳаракат ва албатта таълиму тарбияи хушсифат калиди комёбиҳои назарраси муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Имрӯз дар мактаби мо 160 нафар омӯзгорони босалоҳият фаъолият доранд, ки аз онҳо 31 нафар соҳиби тоифаи олӣ, 29 нафар дорои тоифаи якум мебошанд. Онҳо ба 3 ҳазору 575 нафар донишомӯзон дар синфхонаҳои васеъ, хушҳаво, равшан, дорои тахтаи интерактивӣ ва асбобҳои айёнӣ сабақ медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки соли гузашта аз 143 хатмкунанда 76 фоиз ба мактабҳои олии ҷумҳуриамон ва хориҷӣ дохил шудаанд, ки ин дар ноҳияи Самарқанд яке аз нишондиҳандаҳои баланд ба ҳисоб меравад. Раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба шумор меравад. Шогирдони мактаби мо солҳои тӯлонӣ дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ шоҳсуфаи баландро ишғол карда, ройгон ба Бритониё азми сафар ва такмили донишу забономузӣ кардаанд. Зеро ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ба баланд бардоштани сифати таълим, густариши равишҳои инноватсионӣ мусоидат менамояд. Аз ҳама муҳимаш, усулҳои пешрафти педагогӣ тафаккури интиқодӣ, малакаҳои рақамӣ ва эҷодкориро ривоҷу равнақ медиҳанд.
Барои пурсамар омӯхтани забони англисӣ хидмати омӯзгори навовару пешқадам Манучеҳр Шокиров назаррас аст. Шогирдони номзади илмҳои филологӣ, муаллими забони русӣ Сабина Рустамова низ лоиқи таҳсину ситоиш мебошад. Соли гузашта синфи 11-уме, ки ӯ роҳбарӣ мекард, сад фоиз ба мактабҳои олии Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ дохил шуданд. Муаллими ҷуғрофия Ситорабону Ҳалимова на танҳо дар ноҳияи Самарқанд, ҳатто дар вилоят яке аз педагогҳои пешқадам ба ҳисоб меравад. Омӯзгори синфи ибтидоӣ Дилафрӯз Сатторова аз сабаби навовару пешқадам будан ғайр аз маош аз вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотпулӣ мегирад. Музди меҳнати омӯзгорони дар боло зикршуда 20-25 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки имсол дар мактаби мо 57 нафар хатмкунандагон сертификат гирифтаанд, ки аллакай чандин донишгоҳи на танҳо ҷумҳуриамон, балки олигоҳҳои хориҷӣ низ дар асоси грант ба таҳсил таклиф кардаанд.
Боз як навиди ҷолиби диққат он аст, ки дар соҳаи таълим ҳам истифодаи зеҳни сунъӣ хеле вусъат ёфт. Имрӯзҳо толибилмон метавонанд дар хона нишаста дарс омӯхта, мавзӯъҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои таълимӣ пайдо кунанд. Бо вуҷуди ин ҳама, нақши асосиро муаллим мебозад.
Хуллас, барои расидан ба рушду нумӯъи соҳаи маориф, пешрафту дастовардҳои рӯзафзун, илму дониш гирифтан дастгирии пайвастаи сарвари давлатамон ва ҳукумат мавҷуд. Агар имрӯзҳо мо ҳидоятҳои раҳбари давлатамонро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем, пас ояндаи Ӯзбекистони Нав дурахшон хоҳад шуд. Шоири ширинкаломи номдор Абулқосим Лоҳутӣ насиҳат кардаанд:
Гар зиндагӣ истиқлолу озодӣ бошад,
Илму санъат, кору роҳат ҳам шодӣ бошад!
Холида Шамсиддинова,
директори мактаби рақами 10-уми ноҳияи Самарқанд,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.