Тирмиз ба майдони бунёдкорӣ табдил меёбад

  • Тирмиз ба майдони бунёдкорӣ табдил меёбад
  • Тирмиз ба майдони бунёдкорӣ табдил меёбад

Дар шаҳри Тирмиз, ки ба майдони васеи бунёдкорӣ табдил ёфтааст, баробари бунёди манзилҳои истиқоматӣ, лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ, савдо ва хидматрасонӣ, ки ба таъмини шуғли аҳолӣ равона карда шудаанд, амалӣ мегарданд.

Назорати қатъӣ аз болои ҷараёни сохтмон дар ин иншоот ба он мусоидат мекунад, ки онҳо дар оянда солҳои дароз бехатар ва устувор фаъолият намоянд.         
Дар маҳаллаи «Сурхон соҳили»-и шаҳри Тирмиз «кластери оҳангарӣ» сохта мешавад. Дар ин ҷараён ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардид, ки корҳои сохтмон аз ҷадвали лоиҳа ақиб монда, таъсиси ҷойҳои нави кориро ба таъхир мегузорад.
Сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, иншооти тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ дар маҷмааи «Янги Термиз сити» амалӣ мегарданд.       
Дар баробари корҳои густурдаи бунёдкорӣ дар шаҳр гоҳе талаботу меъёрҳо риоя намешаванд. Аз ҷумла, дар иншооти саноатӣ ва сохтмон ҳаракати мошинҳои гаронвазни боркаш ба ҳолати роҳҳо таъсири манфӣ мерасонад ва масъулон ба ин масъала таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намекунанд.
Бинобар бо сифати паст амалӣ гардидани барномаҳои хусусӣ бархе аз иншоот то ҳол холӣ мондаанд, ӯҳдадориҳои сармоягузорӣ иҷро нашудаанд, дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ ташкил нашуда, ба буҷети маҳаллӣ маблағ ворид намешавад.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: