Баҳори Мавлоно

Ҳеч орифе, ҳеч шоире чу Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баҳорро бад-он зебоӣ, тароват, шукуфоие, ки дорад, васф накарда ва асрори онро дарнаёфта, ҳам ба миқдор, ҳам ба маънӣ.

 Ӯст, ки ҳам ин фаслро ба ҷон дӯст дошта ва бо омадаш шодиҳо намуда. Хуш буда ҳолу ҷони онҳое, ки бо ин ошиқи содиқ омадани баҳорро, яъне он расули ёрро, дида ва аз забонаш таровидаҳои эҳсосу андешаҳоро дар сари ваҷд шунида.
Фаҳму дарки баҳори Мавлоно ҳаргиз осон нест ва шарҳу тафсири онро ҳеч поён. Бо ин баҳор метавон андак ба асрори ашъору сухани ҷони ӯ ошно шуд, агар ҳам монандааш бо ҷони пурсӯз ва ишқи дилафрӯз биёӣ ва орифонаву ошиқона нигоҳе дошта бошӣ.
Барои Мавлоно баҳор гоҳ нишони ёр аст, гоҳ асли нигор. Оре, аз як нишон ҳам ошиқи маҳҷур, ки ҳама маъшуқ мебинад:

Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад,
Нигор омад, нигор омад, нигори бурдбор омад.

Мавлоно баён медорад, ки бо омади ин фасл олам хушу сарсабз мегардад ва ҳам он овони лолазор аст. Райҳон ҳам аз савсан ин муждаро, ин сухани зебоӣ, шукуфоиро бояд бишнавад, чаро ки ӯ сад забон дораду қудрати баён. Ва бо як забон наметавон аз ин ҳама лутф, тароват, дилрабоӣ сухан гуфт.

Баҳор баҳори ҷонҳо аст барои Мавлоно, баҳори ошиқон аст ва бо омадаш ба шохи тари ҷисмҳову боғҳо амр мекунад, то ба шодмонӣ ба рақс биёянд:

Омад баҳори ошиқон то хокдон бӯстон шавад,
Омад нидои осмон, то мурғи ҷон паррон шавад.

Ҳамин тавр, баҳори Мавлоно баҳори ошиқон, мастон ва орифон аст. То ӯ ва баъди ӯ бад-ин зебоӣ, дарк, фаҳм баҳорро дарнаёфтаанду нашнохтаанду тавсиф накардаанд. Ва, чи хуш, имсол аз баҳори Мавлоно бештару беҳтар оламиён баҳра мебардоранд ва аз забони ӯ батакрор мегӯянд:

Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ,
В-эй нигори симбар, шод омадӣ.
Дарфикан андар димоғи марду зан,
Садҳазорон шӯру шар, шод омадӣ.

Таҳияи Собир Эргашев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: