Маркази мусобиқаҳои варзишӣ дар Бухоро

  • Маркази мусобиқаҳои варзишӣ дар Бухоро
  • Маркази мусобиқаҳои варзишӣ дар Бухоро

Дар шаҳри Бухоро барои ҷавонони варзишгар боз як имконияти хуб фароҳам оварда шуд.

 Дар ҳудуди мактаби варзишии ба намуди мусобиқаҳои инфиродӣ ихтисосонидашуда Маркази замонавии мусобиқаҳои варзишӣ ба кор даромад.

Барои барпо намудани ин толори пуршукӯҳ, ки дар як вақт беш аз 100 нафар ҷавонони варзишгарро қабул карда, барои машғулиятгузаронии онҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, 3,5 миллиард сӯм маблағ харҷ гардидааст.

Маркази варзиш дорои ҷиҳозҳои замонавии спортӣ, хонаҳои либосивазкунӣ, инфрасохтори ҷавобгӯйи санитарию гигиенӣ, хонаҳои ҷудогона барои мураббиён буда, барои омодабинӣ ба мусобиқаҳо, шуғл бо намудҳои гуногуни варзиш, гузаронидани қувваозмоиҳои бонуфуз, васеътар ҷалб кардани ҷавонон ба варзиш хидмат мекунад.

Дар маросими тантанавии кушодашавии марказ намояндагони ҳокимиятҳои вилояту шаҳр, мутасаддиёни идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони варзиш ва меҳнат, ҷавонон, вакилони ҷамоатҳо ва бинокорон иштирок карданд.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Ботир Зарифов дар бораи ғамхориҳои давлат нисбати ҷавонон, имкониятҳои васеи маҷмааи нави варзишӣ, бобати рушди варзиши вилоят, бакамолрасии чемпионҳои оянда ҳарф зад.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: