«...АДАБ ТОҶИ САРИ МАРДОН АСТ»

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ.

Ахлоқи инсонӣ илмест, ки одам онро аз кӯдакӣ то пирӣ меомӯзад. Ахлоқ дар замонҳои қадим – баробари пайдо шудани ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омадааст. Бо раванди солҳо ахлоқ такмил ёфта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ ворид гардидааст. Одоби муошират, муносибат, сухангӯӣ, дӯстӣ, рафтор дар хона, кӯчаю кор, меҳмондорӣ, ҳаёти оилавӣ ва амсоли ин дар давоми асрҳо ташаккул ёфтаанд. Бо тағйири сохти ҷамъиятӣ гоҳо баъзе қоидаҳои ахлоқӣ ҳам дигар мешаванд, мазмуни нав мегиранд, аммо асоси он, ки аз анъанаҳои халқӣ ташкил ёфтаанд, бетағйир мемонанд ва мардум бояд ба он риоя намоянд.
Риоя намудани қонунҳои нонавиштаи ахлоқӣ обрӯю эҳтироми шахсро баланд мебардорад. Амал накардан ба қоидаҳо сабаби сарзаниши шахс ва паст гардидани ҳурмату эҳтиром ва мақоми ӯ мегардад.
Одам дар ҷараёни зиндагӣ, дар муҳити оила бо аҳли хонавода, хешу табор  дар мактабу донишкада бо ҳамсинфону ёру дӯстон, дар фаъолияти корӣ бо ҳамкорон ва шахсони зиёди дигар сарукор дорад. Аз ҳамин сабаб, маданияти муносибат бо одамон дар ҳаёти ҳар як шахс ҷойи муҳимро ишғол мекунад.
Аммо дар ҳама гуна ҳолат ҷавонон бояд анъанаҳои неки миллиро фаромӯш накунанд. Шарму ҳаё, фурӯтанию хоксорӣ нишонаи баланди инсонӣ мебошанд. Одоби писарону духтарон дар хушмуомилагӣ ва донистани эҳтироми якдигар аст. Муҳаббату садоқат бояд бо сухани самимӣ изҳор гардад. Самимият, хоксорӣ, тайёр будан ба ёрии одамон, дӯстро аз рафтори бад нигоҳ доштан хислатҳои дӯсти ҳақиқӣ аст. Шояд дӯстии писару духтар имкон диҳад, ки онҳо ҳамдигарро хуб фаҳманд ва дӯстии онҳо ба муҳаббат мубаддал гардад.

Тавре Бадриддини Ҳилолӣ гуфтааст:

Сухан сардафтари девони ишқ аст,
Сухан ганҷинаи султони ишқ аст.

Халқи тоҷик соҳиби фарҳанги ҳазорсола мебошад. Дар бораи одобу ахлоқи ҳамида, муносибатҳои неки инсонӣ шоирону нависандагони мо китобҳои зиёде таълиф намудаанд. «Панднома»-и Анӯшервон, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии  Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Китоб-ул-ахлоқ»-и Абӯали ибни Сино ва амсоли инҳо аз ҳамин ҷумлаанд.
Аммо бо мурури замон ва тағйири сохти ҷамъиятӣ қисме аз он меъёрҳои ахлоқӣ шаклҳои нав гирифтанд. Анъана ва урфу одатҳои халқи тоҷик бо таъсири маданияти дигар халқҳои ҷаҳон тағйир ёфтаанд.

Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: