Қаҳрамон

Баъди ба хок супоридани падарам, шабона осмон ба назар чунон паст менамуд, ки гӯё мехост болои боми хонаи мо афтад. Дарахти зардолуи васати ҳавлӣ, ки ҳар баҳор гул мекард, он шаб сукут варзида буд. Баргҳояш мисли дилҳои мо беҳаракат буданд.

Аз даруни хона бӯйи шамъ ба димоғ мезад. Гӯшаи девор сояи модарро калон нишон медод, сояе, ки аз худаш ҳам бузургтар буд. Ӯ рӯймоли сиёҳ баста, ором менишаст. Чашмонашро ба як нуқта дӯхта буд. Ман дар чашмони ӯ на ашк, балки бештар ғамро медидам. Гӯё тасмим гирифта буд, ки дар пеши мо гиря намекунад. Вале чунин ба назар мерасид, ки дилаш мотамкадаро мемонд.
Вақте мардум рафтанду дар баста шуд, сукут ба хона даромад ва мисли меҳмони нохонда дар ҳар гӯша ҷой гирифт. Ман дар гӯшаи хона нишаста, ба садои соат гӯш медодам. Тик-так… тик-так… Ҳар лаҳза гӯё хотиррасон мекард, ки зиндагӣ пеш меравад, ҳатто агар мо намехоҳем.
Ҳамин тавр, чанд рӯз гузашт. Омаду рафти мардуми фотеҳахон ҳам қатъ гардид.

Субҳе меғ (туман)-и ғафс ҳама ҷоро фаро гирифт. Меғ, мисли пардае бар рӯйи ғам, ҳавлӣ ва кӯчаро пӯшонда буд.  Мо даруни ҷогаҳ будем. Модар ором аз ҷо бархост. Дар рӯяш осори шаби бехобӣ аён буд, аммо ҳаракатҳояш устувор. Ӯ дегро болои оташдон гузошта дар зераш оташ афрӯхт, хамири нонро бурид, моро нарм бедор кард. Ба ҷуз ин ҳарф сухане ба лаб наовард: «Мо бояд қавӣ бошем».
Аз ҳамон рӯз, дастони модар бештар кор мекарданд. Дастоне, ки замоне нарму гарм буданд, тадриҷан дағал мешуданд. Пӯсташон, баъди обила, кафиданд, ангуштонаш сурх шуданд. Аммо ҳар гоҳ, ки сар ва ё пешонии маро сила мекарданд, ҳамон гармӣ ва лаҳзаҳои бачагиро эҳсос мекардам.
Ҳамон сол зимистон сахт омад. Шабҳо бод бомро меларзонд. Мо гирди сандалӣ менишастем. Модар қиссаҳои падарро нақл мекард: аз ҷавонӣ, меҳрубонӣ ва орзуҳои ӯ... Вақте сухан мегуфт, чашмонаш медурахшиданд, вале дар паси он дурахш ғаме буд. Ӯ мехост хотираи падарро бо меҳр нигоҳ дорад, на бо гиря.
Боре дар як рӯзи барфӣ, модар палтои гармашро ба ман пӯшонда, худаш бо куртаи тунук монд. Барф ором-ором бар китфонаш менишаст. Ӯ мисли шамъе буд, ки дар сардиҳои шаб месӯзад. Худ об мешуду атрофро равшан мекард.
Баҳор омад ва дарахти зардолу боз гул кард. Ман ба гулҳои арғувониву зебои он нигариста, фаҳмидам, ки зиндагӣ, бо вуҷуди бепадарии мо, идома дорад.
Модар дар назди дарахт истода буд. Нури офтоб рӯяшро рӯшан мекард. Дар чеҳрааш чинҳои нав пайдо шуда буданд. Онҳо нақши як шаби бехобӣ ва рӯзи пурташвиш буданд. Аммо чашмонаш ҳанӯз пур аз умед.
Солҳо гузаштанд. Дар чеҳраи модар ожангҳои зиёд пайдо шуд.  Ҳар комёбии мо аз дуои ӯ нерӯ мегирифт. Вақте ман донишгоҳро хатм карда, соҳиби ҷойи кор шудам, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Ин дафъа он ашки ғам набуд, ашки шодиву ифтихор буд.
Имрӯз ҳар касе, ки аз ман бипурсад: «Қаҳрамони ту кист?», ман пеш аз ҷавоб дастони дағал, дили пурмеҳр ва чашмонеро, ки бо вуҷуди дард, ҳар субҳ бо умед медурахшиданд, пеши назар меоварам.
Зеро қаҳрамонӣ танҳо корнамоӣ нест. Қаҳрамонӣ он аст, ки баъд аз шикаст одам аз по наафтад, мисли кӯҳ рост ва побарҷо бимонад. Дар синаи қаҳрамон диле метапад, ки бо вуҷуди шикастан атрофиёнро сарҷамъ карда, ба онҳо нерӯ мебахшад, мисли шамъ месӯзад, то роҳи ояндаи азизонаш мунаввар бошад.

Оре, қаҳрамони ман модарам аст.

Дилафрӯзи РАҲМОН.
***
Дар бораи муаллиф: 
Дилафрӯзи РАҲМОН (Дилафрӯз Облоқулова) дар деҳаи Ангаралмоси ноҳияи Самарқанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 37 таҳсилро дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд идома дод.Ҳоло корманди рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» аст. Аз соли 2025 узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: