Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои такмил додани тартиби кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ, ба зинаи нав баровардани фаъолияти Қабулхонаҳои халқӣ ва таҳлили амиқи афкори ҷамъиятӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки шумораи аҳолии кишвар аз 38 миллион нафар афзуда, тайи нӯҳ соли охир даромади аҳолӣ ду баробар зиёд гардид. Бо мақсади осон кардани мушкили мардум ва дарёфтани роҳи ҳалли масъалаҳое, ки онҳоро нигарон мекунанд, низоме роҳандозӣ шуд, ки вазирон ва ҳокимон дар сатҳи маҳалла фаъолият мебаранд. Соли ҷорӣ низ барои дар маҳаллаҳо беҳтар кардани инфрасохтор ва шароити зиндагии аҳолӣ 56 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки сарфи назар аз имкониятҳои назаррас, масъалаҳое, ки аҳолӣ ба миён мегузоранд, на дар ҳама ҷо сари вақт ҳаллу фасл карда мешаванд.
– Нӯҳ сол пеш, ҳангоми таъсис додани Қабулхонаҳои халқӣ як мақсад гузошта шуда буд: наздик кардани идораҳои давлатӣ ба мардум. Дуруст аст, ки Қабулхонаҳои халқӣ замоне босамар кор карданд. Аммо ҳоло вақти он расидааст, ки фаъолияти ин идора ҳам мувофиқи талаботи кунунии ҷомеа тағйир дода шавад, – гуфт Президент.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки минбаъд шиори «Ман бояд мушкилоти ҳар як инсон ва ҳар як хонадонро донам ва сари вақт кумак расонам» бояд ба қоидаи асосии фаъолияти тамоми роҳбарон дар ҳама сатҳҳо табдил ёбад.
Президент вазъи кунунии кор бо муроҷиатҳои аҳолиро таҳлил намуд.
Дар мамлакат ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна 319 ариза ва шикоят рост меояд. Аммо ин рақам дар шаҳри Тошканд – 535, дар вилояти Навоӣ – 462, дар Сирдарё ва Сурхондарё – 452, дар Ҷиззах – 430, дар Қашқадарё – 368 ва дар вилояти Тошканд – 350 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар ноҳияҳои Деҳқонобод ва Миробод, инчунин, шаҳрҳои Навоӣ, Оҳангарон ва Янгиер шумораи аризаҳо ба ҳар даҳ ҳазор нафар аҳолӣ нисбат ба дигар минтақаҳо қариб ду баробар бештар аст.
Бо вуҷуди 16 фоиз кам гардидани шумораи муроҷиатҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои Қаровулбозор, Нурато, Конимех, Тупроққалъа ва шаҳри Намангон ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта то 50 фоиз афзоиш ёфтааст.
Гуфта шуд, ки дар ҳокимону масъулони идораҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам муносибати сатҳӣ ба гузаронидани қабулҳои сайёр ва шахсӣ боқӣ мондааст, ин тартиби кор мавриди танқид қарор гирифт.
Соли гузашта муқаррар гардид, ки ба Қабулхонаҳои халқӣ худи ҳокимон роҳбарӣ намоянд. Дар Қароқалпоқистон, Андиҷон, Қашқадарё, Хоразм ва Сирдарё туфайли иштироки бевоситаи роҳбарон шумораи муроҷиатҳо 25-30 фоиз кам шуда, 60-70 фоизи масъалаҳое, ки аҳолӣ ба миён гузоштаанд, ба таври мусбат ҳал гардидаанд.
Аммо дар минтақаҳои дигар дар ин самт тағйироти назаррас ба амал наомадааст. Масалан, аз 170 ҳазор муроҷиат дар шаҳри Тошканд ва 110 ҳазор муроҷиат дар вилояти Тошканд, беш аз нисфи онҳо ҳалли худро наёфтаанд. Дар Сурхондарё, Самарқанд ва шаҳри Тошканд шумораи муроҷиатҳои такрорӣ афзудааст.
Дар робита ба ин таъкид шуд, ки баъзан муроҷиатҳои ба Қабулхонаҳои халқӣ воридшуда сари вақт ҳал нагардидаанд ва танҳо баъд аз паҳн шудани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чора андешида шудааст, ки ин ҳолат ба эътимоди аҳолӣ нисбат ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҷамъомад соҳаҳое, ки аз аҳолӣ муроҷиати бештар ворид мешавад, фаъолияти мақомоти масъули онҳо, аз ҷумла дар корҳои дохилӣ, бюрои иҷрои ҳатмӣ, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, энергетика, инфрасохтор ва дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масалан, соли гузашта оид ба алимент тақрибан 70 ҳазор муроҷиат ворид шудааст. Ҳарчанд Бюрои иҷрои ҳатмӣ баъди ворид шудани ариза чораҳои зарурӣ меандешад, бинобар надоштани даромади расмӣ аз ҷониби баъзе пардохткунандагони алимент 30 фоизи муроҷиатҳо ҳалли худро намеёбанд.
Дар ин робита таъкид шуд, ки аксари пардохткунандагони алимент бо вуҷуди доштани касб бекор мегарданд, чанде аз онҳо ба бозомӯзӣ ниёз доранд ва ин ҳама бояд таҳлил карда шавад, дар ин самт роҳандозии ҳамкории наздик бо шуъбаҳои шуғли аҳолӣ ва «ҳафтгонаи маҳалла» муҳим мебошад.
Дар доираи муҳоҷирати ташкилӣ низоми омӯзонидани шаҳрвандон ва фиристодани онҳо ба ҷойҳои кори сердаромад дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст, аммо шахсоне, ки уҳдадории алимент доранд, аз ин имконият истифода бурда наметавонанд. Дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани шароит ҷиҳати дар хориҷ кор карда, даромад ба даст овардани пардохткунандагони алимент, супориш дода шуд, ки механизми одилонае таҳия гардад, ки ҳамзамон ҳуқуқи алиментгирандагонро таъмин намуда, барои ҳар ду ҷониб манфиатовар бошад.
Зикр гардид, ки марбут ба салоҳияти корҳои дохилӣ, бахусус вобаста ба муносибати дағалонаи баъзе кормандон ва сифати тафтишот низ муроҷиатҳои эътирозӣ ворид мешаванд. Зарурати мунтазам машғул гардидани масъулони соҳа бо масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва фарҳанги муоширати нозирони профилактикӣ ва муфаттишон дар минтақаҳое, ки чунин муроҷиатҳо бисёр ворид мешаванд, инчунин, пурзӯр намудани корҳо бобати ба низоми касбии халқпарвар табдил додани идораҳои корҳои дохилӣ таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар соли 2025 муроҷиатҳо оид ба масъалаҳои энергетика, инфрасохтори роҳ ва об аз 109 ҳазор афзудааст. Бахусус, дар ноҳияҳои Асака, Шаҳрихон, Избоскан, Пастдарғам, Шӯрчӣ, Деҳнав, Ғузор, Қамашӣ, Деҳқонобод, Шароф Рашидов, инчунин дар шаҳрҳои Самарқанд, Намангон, Тирмиз, Қаршӣ ва Андиҷон чунин муроҷиатҳо оид ба инфрасохтор бештар шудааст.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ барои ҳал намудани чунин масъалаҳо 20 триллион сӯм ҷудо шудааст, агар ҳокимон ин маблағҳоро, пеш аз ҳама, ба маҳаллаҳое, ки бештар шикоят ворид мешавад, равона кунанд, ҳам розигии мардум меафзояд ва ҳам шумораи муроҷиатҳо кам мешавад.
Натиҷаҳои назарраси барномаи «Буҷети ташаббуснок» дар сабук кардани мушкилоти аҳолии маҳаллаҳо эътироф гардид. Аммо қайд шуд, ки дар 2 ҳазор маҳалла, ки аз онҳо 25 ҳазор муроҷиат оид ба масъалаҳои инфрасохторӣ ворид шудааст, то ҳол ягон лоиҳа дар доираи ин барнома дохил карда нашудааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки муроҷиатҳои ба Қабулхонаҳои халқӣ воридшударо таҳлил намуда, ба чунин маҳаллаҳо бобати омода кардани лоиҳаҳо кумак расонанд.
Ҳамзамон, кори баъзе вазорат ва идораҳо, ки ҷойи ҳал намудани муроҷиатҳо, бо ҷавобҳои умумӣ маҳдуд мешаванд, танқид карда шуд. Бахусус, Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия 64 фоиз, Нозироти назорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 61 фоиз ва Вазорати нақлиёт 58 фоизи муроҷиатҳоро ба таври амалӣ ҳал накардаанд.
Таъкид гардид, ки камбудиҳои ошкоршуда ба дигар вазорату идораҳо ва ҳокимиятҳо низ дахл доранд. Онҳо бояд кори худро нисбати муроҷиатҳои шаҳрвандон дар пояи таҳлили амиқ ва ҳисси масъулиятшиносӣ ба роҳ монанд.
Сарвари давлат зикр намуд, ки вақти аз нав дида баромадани низоми кор бо муроҷиатҳо фаро расидааст. Ба ҳокимиятҳо, вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки танҳо бо ҳал намудани масъалаҳои дар муроҷиатҳо бардошташуда маҳдуд нашуда, ба омӯзиши амиқи сабабҳои пайдоиши мушкилот, ба таври мунтазам бартараф намудани омилҳое, ки боиси зиёд шудани муроҷиатҳо мегарданд, машғул шаванд.
Дар ин замина муайян гардид, ки Қабулгоҳҳои халқӣ бояд на танҳо идораҳои қабул ва баррасии муроҷиатҳо бошанд, балки ба марказҳое табдил ёбанд, ки таваҷҷуҳи идораҳои масъулро ба мушкилоти соҳаҳо ва минтақаҳо ҷалб намуда, якҷо бо онҳо таҳлил гузаронад, барои ҳалли масъалаҳо пешниҳодҳо таҳия намоянд.
Президенти кишвар дар мисоли шаҳри Қаршӣ шарҳ дод, ки низоми нави кор чӣ гуна фаъолият нишон хоҳад дод. Механизмҳои кори ҳадафманд ва шахсони масъул оид ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани пардохткунандагони алимент, пешгирии таъхир дар пардохти маош, баррасии шикоятҳо аз фаъолияти ширкатҳои хидматрасонии идоракунии хонаҳо ва кормандони мақомоти давлатӣ, инчунин муроҷиатҳо оид ба таъмини манзил ва таъйини нафақа муайян карда шуданд.
Супориш дода шуд, ки дар давоми нимсолаи аввал шаҳри Қаршӣ ба намунаи беҳтарини кор нисбати муроҷиатҳо табдил дода шавад. Муайян гардид, ки дар ин раванд ҳокими вилоят, муовинони ӯ ва роҳбарони ташкилотҳои ҳудудӣ дастгирии хубро ба роҳ монанд.
Дар маҷмӯъ ба ҳокимони тамоми минтақаҳо ва 208 ноҳияву шаҳр супориш дода шуд, ки низоми дар мисоли шаҳри Қаршӣ ҷориро самаранок истифода намоянд ва ташвишҳои мардумро сабук гардонанд. Ҳар моҳ дар Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ нақшаҳои кор дар ин самт тасдиқ ва ба аҳолӣ эълон карда мешаванд.
Дар ҷамъомад инчунин чораҳои иловагӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти Қабулгоҳҳои халқӣ муайян гардиданд.
Ба Маъмурияти Президент супориш дода шуд, ки якҷо бо ҳокимон Қабулгоҳҳои халқиро бо мутахассисони пешқадами замонавӣ, ки моҳияти мушкилотро хуб дарк мекунанд, мукаммал намоянд ва ҳамчунин фаъолияти гурӯҳи махсуси назоратиро барои таҳлили мунтазами муроҷиатҳо ба роҳ монанд.
Департаменти коммуникатсияи Маъмурияти Президент ҳар моҳ муроҷиатҳои ба Қабулгоҳҳои халқӣ воридшударо таҳлил ва ҷамъбаст намуда, онҳоро ба вазирон ва ҳокимон мерасонад, инчунин иҷрои онҳоро назорат мекунад. Дар Департамент ҳисоботи роҳбаронро оид ба масъалаҳое, ки ба рӯҳияи ҷамъият таъсир мерасонанд, шунида, дар ба самтҳои муҳимтарин ба Ҳукумат пешниҳодҳо тақдим менамояд.
Дар Ҳукумат Ситоди фаврӣ таъсис дода мешавад, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо иборат хоҳад буд. Масъалаҳои бардошташуда бо баромадан ба маҳалҳо дар қисмати минтақаҳо ва соҳаҳо ҳал карда мешаванд.
Қарор қабул гардид ба Қабулгоҳҳои халқӣ ваколат дода шавад, то ба идораҳое, ки тартиби баррасии муроҷиатҳоро вайрон мекунанд, дастурҳои ҳатмӣ ирсол намоянд. Ҳамчунин рейтинги мақомоти давлатӣ бобати кор бо муроҷиатҳоро тартиб дода, ҳар шаш моҳ нашр намоянд.
Масъулияти «ҳафтгонаи маҳалла» дар самти кор бо муроҷиатҳо ба таври ҷиддӣ зиёд карда мешавад. Дар Қабулгоҳи виртуалии Президент барои ҳар як маҳалла кабинети алоҳида таъсис дода мешавад, ки онро пешвои ҷавонон ва раиси маҳалла пеш мебаранд. Онҳо сабабҳои муроҷиатҳоро меомӯзанд ва ҳар рӯз ба ҳокимон маълумот пешниҳод мекунанд.
Илова бар ин, нисбат ба роҳбарони ташкилотҳое, ки муроҷиатҳоро бе ягон асос ба сохторҳои поёнӣ мефиристанд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд ва масъулият барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба муроҷиатҳо пурзӯр мегардад.
Президенти кишвар инчунин ба як ҷанбаи муҳими дигар ишора кард. Натиҷаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ дар баробари муроҷиатҳои шаҳрвандон яке аз манбаъҳои калидӣ барои муайян кардани самтҳои сиёсати давлатӣ ва ислоҳот, қабули қарорҳои дуруст дар вазорату идораҳо, инчунин барои дарки рӯҳияи ҷомеа ва мушкилоти воқеии аҳолӣ мебошанд.
Аз ин рӯ таъкид гардид, ки бояд миқёс ва сифати чунин таҳқиқот густариш дода шавад. Минбаъд бо пурсишҳои якдафъаинаи афкори умум маҳдуд нашуда, барои муайян кардани он ки дар кадом минтақаҳо сатҳи эътимод меафзояд ва дар куҷо коҳиш меёбад, кадом қарорҳо одилонаанд ва кадомашон ба манфиати мардум ҷавобгӯ нестанд, мониторинг ва таҳлили доимӣ гузаронида мешавад.
Ба Департаменти коммуникатсияи Маъмурияти Президент ва Институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ супориш дода шуд, ки методологияи баҳодиҳии фаъолияти роҳбарони минтақаҳо ва соҳаҳоро таҳия намуда, дар асоси таҳлил рейтинги онҳоро тартиб диҳанд ва мунтазам ба Президент тақдим намоянд.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои интизоми иҷроия ба зарурати назорати ҳаррӯзаи иҷрои воқеии ҳар як вазифаи гузошташуда диққати махсус дода шуд, инчунин таъкид гардид, ки оид ба роҳбароне, ки масъулиятро эҳсос намекунанд ё сусткорӣ зоҳир менамоянд, маълумоти объективӣ пешниҳод карда шавад.
Дар ҷамъомад инчунин маърӯзаҳои роҳбарони минтақаҳо ва идораҳо шунида шуданд.
ӮзА.