Дар минтақаи хурди саноатии ҳудуди маҳаллаи Кокшиқалъаи ноҳияи Чимбойи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон корхонаи хориҷии «HD SONS», ки ба истеҳсоли маҳсулоти риштаву калоба ихтисос дорад, ба кор оғоз кард.
Корхона бо асбобу ускунаҳои замонавие, ки аз Чин харид шудаанд, муҷаҳҳаз гардидааст. Алҳол корҳои навбати аввали сохтмону монтаж ба охир расиданд. Дар корхона, ки соле 5 ҳазор тонна риштаву калоба истеҳсол карда мешавад, ҳоли ҳозир 120 нафар кор мекунанд.
Аҳли он ният доранд, ки маҳсулоти худро ба Чин, Туркия ва Покистон содир кунанд. Пас аз бо иқтидори пурра ба кор оғоз намудани он шумораи коргарон тақрибан ба 300 нафар мерасад.
Дар сурат: дар корхона.
Суратгир:
М. Ҳабибуллоев (ӮзА).