Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави иттифоқӣ ва ҳамкории минтақавӣ

  • Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави иттифоқӣ ва ҳамкории минтақавӣ
  • Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави иттифоқӣ ва ҳамкории минтақавӣ
  • Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави иттифоқӣ ва ҳамкории минтақавӣ

Бо ташаббуси Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар ҳамкории Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави иттифоқӣ ва ҳамкории минтақавӣ» баргузор гардид.

Намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, доираҳои соҳибкорӣ, марказҳои таҳлилӣ ва ҷомеаи илмӣ, намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирокдорони чорабинӣ буданд.

Барномаи конфронс аз се марҳила иборат буд: 1. Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: ба сӯи сифати нави шарикии иттифоқӣ. 2. Дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ. 3. Таҳкими ҳамкории ду кишвар дар формат ва сохторҳои минтақавии бисёрҷониба.

Қайд гардид, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар солҳои охир бо сатҳи баланди ҳамкорӣ тавсиф мешаванд. Соли 2024 ба имзо расидани «Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ» заминаи марҳилаи нави босифати ҳамкории дуҷонибаро фароҳам овард.

– Татбиқи амалии тавофуқҳои бадастомада дар мунтазам баргузор шудани тамосҳо байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инъикос меёбад. Дар соли 2025 чор мулоқоти шахсӣ ва се суҳбати телефонӣ байни роҳбарони давлатҳо баргузор гардид. Чунин динамика платформаи устуворро барои ҳамоҳангсозии ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ ва ҳамкории фарҳангӣ фароҳам овард, – гуфт муовини мушовири Президент оид ба сиёсати хориҷӣ, директори Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ Ҷавлон Ваҳҳобов.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки ба туфайли ҳамкории наздик дар солҳои охир дар соҳаи савдо-иқтисодӣ низ динамикаи мусбат мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, тибқи натиҷаҳои соли 2025, гардиши мол байни кишварҳо 912 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 30 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми савдои мутақобиларо то 2 миллиард доллар расонанд.

Ҳамкории сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ пайваста рушд ёфта, заминаи устувори шарикии дарозмуддати иқтисодиро фароҳам меорад. Дар Ӯзбекистон 343 корхона бо иштироки сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва тибқи натиҷаҳои соли 2024 51 миллион доллар сармоягузории Тоҷикистон ба амал татбиқ шудааст.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки кишварҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву инсонпарварӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Дар соли 2025 намояндагони Ӯзбекистон дар Ҷашнвораи ҷаҳонии Наврӯз дар Душанбе иштирок карданд. Ҳамчунин Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон дар саҳнаи Театри ба номи С. Айнӣ барномаи ҳунарӣ пешниҳод кард, ки марҳилаи муҳим дар ҳамкории фарҳангии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Кишварҳо инчунин дар доираи форматҳо ва сохторҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Дар ин самт ҳамкорӣ дар доираи Мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи муҳим дорад, ки ба пешбурди муштараки масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва рушди устувори тамоми минтақа мусоидат мекунад.

– Конфронси илмӣ-амалии имрӯза имконият фароҳам меорад, ки масъалаҳои асосии рушди шарикии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуда, роҳҳои амиқтар гардондани ҳамкории тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар доираи мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ муайян карда шаванд ва тавсияҳои амалӣ таҳия гарданд, – гуфт ба тариқи онлайн директори Институти тадқиқоти мушкилоти Осиё ва Аврупои Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҳайдарзода.

Ҳадафҳои асосии чорабинӣ аз баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таҳияи пешниҳодҳои амалӣ барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, логистика, кооператсияи саноатӣ ва рушди сармояи инсонпарварӣ, мусоидат ба таҳкими робитаҳои устувори коршиносӣ ва институтсионалӣ байни марказҳои таҳлилӣ, муассисаҳои илмӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар буд.

Дар поёни конфронс оид ба амиқтар гардондани муносибатҳои иттифоқӣ дар сатҳи олӣ, густариши ҳамкории дар самтҳои афзалиятнок ва рушди ҳамкории минтақавӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: