Лоиқ ШЕРАЛӢ
Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям,
Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям.
Зи хумори ишқ шодам, ки дили маро ҷавон кард,
Ба хумори дил расидам, зи хумор шукр гӯям.
Зи шарори хандаи гул ба дилам шарора афтод,
Ба дили шарораборам зи шарор шукр гӯям.
Ғазали ҳазор бошад зи ҳазор ҷилваи гул,
Зи ҳазор нағмаи ӯ ду ҳазор шукр гӯям.
Чу баҳор гул фишонад, ба барори нав расонад,
Зи барои ризқи мардум зи барор шукр гӯям.
Чу шавад шукуфаборон ба сару ба дӯши ёрон,
Зи хазон кунам фаромӯш, зи баҳор шукр гӯям.
Хусрави САЪДУЛЛО
ФАСЛИ САБЗ МЕОЯД
Гули барфӣ* паём овард: «Фасли сабз меояд»,
Алайҳи рӯзҳои сард фасли сабз меояд.
Чу барфе об мегардад, замин шодоб мегардад,
Дили худ шод бояд кард, фасли сабз меояд.
Зимистон роҳ паймуда ба шаҳру русто омад,
Бигӯ аз роҳи худ баргард, фасли сабз меояд.
Ало, эй булбули шайдо, навои туст ҷонбахшо,
Чӣ бо худ дорӣ дастовард? Фасли сабз меояд.
Агарчи ҳукм меронад ба зеҳни хоку гил сармо,
Машав ту ин қадар дилсард, фасли сабз меояд.
Ба гӯши шохаи урён башорат медиҳад борон:
«Баро аз пиллаҳои дард, фасли сабз меояд».
Даруни равзаи эҷод сайри вожаҳо рафтам,
Гули барфӣ паём овард: «Фасли сабз меояд».
Фарзонаи ХУҶАНДӢ
БИЁ, БАҲОР КУНЕМ...
Шукуфт лолаарӯсак, ки ёр-ёр кунем,
Ҳар он чӣ ғайри нишот аст, ихтисор кунем.
Валек бо ғами бисёри дил чӣ кор кунем,
Зи ғам магӯву биё, шукри Кирдигор кунем.
Биё, баҳор кунем.
Зи гирдгардии тунду мукаррари ташвиш,
Зи рӯзхуну шабехуни лашкари ташвиш
Бубин даводави мо, хок бар сари ташвиш.
Биё, ба вусъати озодагӣ фирор кунем,
Биё, баҳор кунем.
Иҷоза деҳ ба машомат шамими гулшани дил,
Ту, эй ягонатарин тарҷумони савсани дил,
Ба шодиёнаи бори дигар тапидани дил,
Ба хасм низ, биё, некуӣ нисор кунем,
Биё, баҳор кунем.
Ба номи халқ фиристам саломи ёсуманӣ,
Барои халқ нависам каломи ёсуманӣ,
Биё, ки мегузарад субҳу шоми ёсуманӣ,
Биё, барои намурдан сабаб қатор кунем,
Биё, баҳор кунем...
Илҳоми НАСАФӢ
Ҷаҳони куҳна фикри нав шудан дорад...
Баҳор омад, ҷаҳони куҳна фикри нав шудан дорад,
Замин бар тан қабо аз ёсамину настаран дорад.
Садои чаҳ-чаҳи булбул азони фасли бедорист,
Сухан дар минбари эҷод зеби анҷуман дорад.
Сари сол аст, Наврӯзи Аҷам бар оини аҷдод,
Паёми шодбошӣ аз ниёкони Ватан дорад.
Навори хотироташ пур зи разму қаҳрамониҳост,
Нишони сулҳу пирӯзӣ ба рағми аҳриман дорад.
Ғизои «ҳафт син»-у «ҳафт шин»-аш нӯши ҷон морост,
Ба дарди захми беморон даво аз сад чаман дорад.
Ҳазорон нақшу гулдузӣ бувад дар хилъаташ пайванд,
Вуҷуди атласиву қалби зебо аз чакан дорад.
Ҷаҳонӣ мешавад фарҳанги наврӯзии мо, ҳоло
Башар ҳусни тафоҳум з-ин сабаб бар халқи ман дорад.